Дона Баҳром

(Тағйири масир аз Дона Баҳромов)

Дона Баҳром (зод. 4 марти 1949, деҳаи Чухкак, ноҳияи Дарвоз, ВАБК) — овозхони тоҷик, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон (1991).

Дона Баҳром
Дона Баҳромов
Таърихи таваллуд 4 март 1949(1949-03-04) (75 сол)
Зодгоҳ ноҳияи Дарвоз
Пеша(ҳо) овозхон

Зиндагинома

вироиш

Дона Баҳром соли 1949дар деҳаи Чухкак, деҳшӯрои Сағирдашти ноҳияи Дарвоз дар оилаи деҳқон ба дунё омадааст. Солҳои 1973 факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, солҳои 1975—1980 дар мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ ба номи Чайковскии ноҳияи Ваҳдат ба ҳайси муаллим, ҷонишини директор оид ба корҳои таълиму тарбия кору фаъолият кардааст. Солҳои омӯзгорияш пайваста нозукиҳои санъати классикии созиву овозиро меомӯхт. Натиҷаи заҳмату ҷустуҷуҳо Дона Баҳромро ба саҳнаи калон овард. Соли 1980 ӯро ба Кумитаи радио ва телевизиони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси солист-вокалист дар ҳайати гурӯҳи ҳофизони шашмақом ба кор гирифтанд.

Фаъолияти касбии иҷроии Дона Баҳромов дар дастаи мақомхонони Кумитаи давлатии радиошунавонӣ ва телевизиони назди Ҳукумати ҶТ сурат гирифта ва дар ин даста солҳои 1989—1999 овозхонӣ карда, ба олами сарояндагии асили тоҷикӣ ворид мешавад. Дона Баҳромов зиёда аз 100-сурудҳои гуногунмавзӯъ иҷро намуда, дар заминаи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ маҷмӯи овозие ҳам сохта ва сабт намудааст. Ӯ иштирокдори чандин ҷашнвораю озмунҳои мусиқӣ (ҷумҳуриявӣ, бурунмарзӣ) буда, соли 2001 дар ҷашнвораи мусиқӣ (Эрон, ш. Теҳрон) ба дарёфти ҷоизаи «Чанги заррин» комёб шудааст. Дар рӯзноманигорӣ ҳам даст дошта, муаллифи очер-ку мақолоти хонданист («То ба Юнон бурданд хокистари Дарвозро» — Душ., 2000).

Адабиёт

вироиш
  • Таджикская музыка. — Душанбе, 2003;
  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.3- Душанбе, 2004.
  • Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 40 — ISBN 978-99947-49-13-3