Ансамбли давлатии «Шашмақом»
Ансамбли давлатии «Шашмақом»-и ба номи Фазлиддин Шаҳобов — ҳайати эҷодӣ, ансамбли мукаммали овозхонон ва мутрибони Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Таърих
вироишАнсамбли давлатии «Шашмақом» ба номи Фазлиддин Шаҳобов аввалин дастаи ҳирфаии мақомсароён, ки соли 1947 дар назди Радиои ҶШС Тоҷикистон таъсис ёфта, дар ҳифз ва рушди анъанаҳои устодонаи мақомсаро нақши босазо гузоштааст. Ба дастаи мазкур сарояндагон ва донандагони мусиқии мардумӣ ва классикӣ Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Нерё Аминов, Муҳиддин Мавлонов, Саидхони Ҳисорӣ (Тӯхтаев), Абдумаҷид Ҳомидов, Маъруфхоҷа Баҳодуров, ва дигарон сафарбар шуданд. Дастаи мазкур баробари иҷрою тарғиби мақомҳо, инчунин дар иҷрои кулли мероси мусиқии халқи тоҷик нақши арзанда дошта, дар чандин ҷашнвораҳои мусиқии умумииттифоқӣ, сабти намунаҳои қисм ва шохаҳои ҷудогонаи мақомҳо дар сафҳаҳои мусиқӣ (қарта) кори бузургеро анҷом додаст. Зимни ин тавассути ин гурӯҳ бори аввал намунаҳои баргузидаи мақоми «Наво» ва шохаҳои созию овозии мусиқии устодонаи тоҷикон сабт гардида, дастраси ҷомеа гаштанд. Фаъолияти пурбору ҳунарии даста дар ҷараёни сабти адвории «Шашмақом», ки бештар тавассути устодон Б. Файзуллоев, Ш. Соҳибов, Ф. Шаҳобов бо ҷалби донандагони санъати мақом Саидхони Ҳисорӣ, Муҳиддин Мавлонов, Нериё Аминов ва дигарон сурат мегирифт, назаррас аст. Тавассути пешоҳангону сарварони дастаи мақомсароён мактаб ва сабки иҷроии Душанбе бо риояи анъаноти иҷроии сабки Бухоро, яъне услуби аслии мақомхонии тоҷикӣ ташаккул ёфт. Барои таҳким ва рушди санъати мақом ва мақомсароӣ нимаи аввали солҳои 50-ум нерӯҳои нави иҷроӣ чун Барно Исҳоқова, Фариза Саъдуллоева, Нӯъмон Тоштемиров, Абдуназар Ҳасанов, Турсун Ӯлмасов, Нисон Шоулов, Яъқуб Бободӯстов, Бозор Солиев, Ҷӯрахон Искандаров, Холиқ Саидов, Авнер Аминов, Уриэл Толмасов ва дигарон ба даста шомил шуданд.[1] Соли 1964 фаъолияти дастаи мақомхонон дар назди Кумитаи давлатии Радио ва телевизиони ҶШС Тоҷикистон ба ҷалби истеъдодҳои нави иҷроӣ таҳти сарварии Шоҳназар Соҳибов ва Фазлиддин Шаҳобов пурвусъат шуда, сарояндагони пурумед Б. Ниёзов, М. Исҳоқбоева, Л. Баракаева, К. Қосимов, Б. Яхшиев, Т. Иброҳимова, Ҳ. Маҳмудов, А. Солиев, Қ. Қодирова ва дигарон шомили даста шуданд. Солҳои 70-ум бошад ба дастаи мақомхонон истеъдодҳои нав — София Бадалбоева, Мастона Эргашева, Асадулло Атоуллев, Шӯҳрат Матмуродов, Нигина Рауфова, Нуқра Раҳматова, Маҳбуба Боҳирова, Саидқул Билолов, Ҷамшед Исмоилов, навозандагони боҳунари созҳои мусиқии миллӣ Г. Саодатов, А. Абдуллоев, Ф. Ӯлмасов, М. Ҷумъаев, М. Сафармамадов, Н. Азизов, К. Бурҳонов, С. Манонов, М. Ҷумъаев ва дигарон ворид шуда, дар вусъати иҷрои мақомҳо саҳми хоса доранд.
Солҳои 70-90-ум бошад хатмкунандагони кафедраи мусиқии Шарқи Институти давлатии санъати Тоҷикистони ба номи М. Турсунзода, Р. Норкалаев, С. Шарифов, А. Сафоев, Р. Абдуллоева, С. Умарова, Ш. Ҳошимова, Н. Алиев, С. Наҷмиддинова, Ф. Саидов, Л. Мӯъминова, О. Ашӯрова, Ш. Ҳомидов, Ҷ. Қӯзиев, А. Орифов ва дигарон ворид шуданд, ки тавонҳои иҷроии дастаро таҳким бахшид. Дастаи мақомхонон ҳамеша аз ҳисоби нерӯҳои ҷавони иҷроӣ сафи хешро устувор намуда, дар паи дарёфти роҳу равиши нави иҷро ва тарғиби ин шоҳкории шеъру мусиқӣ кӯшишҳо ба харҷ медиҳад.[1] Дастаи мақомсароён дар тӯли фаъолият таҳти сарварии устодон Шоҳназар Соҳибов, Фазлиддин Шаҳобов, Аҳмад Бобоқулов, Боймуҳаммад Ниёзов, Аъзам Солиев ва баъдан Алмос Абдуллоев, Аслиддин Низомов, Абдувалӣ Абдурашидов, Д. Қурбонов ва Фурқат Саидов ин шоҳасари мусиқиро барои хазинаи тилоии Радиои тоҷик сабт намудаанд. Барои хидматҳои шоиста ва маҳорати баланди иҷроӣ, тарғиби анъанаҳои асили мақом ва мақомсароӣ иддаи зиёди сарояндагони ансамбл ба унвонҳои фахрӣ, нишону ифтихорномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардидаанд — Ансамбли давлатии Шашмақом соли 2000 бо Фармони Президенти ҶТ унвони Ансамбли давлатии шашмақомхонони ба номи Фазлиддин Шаҳобов дода шуд.[1]
Ҳоло сабти тамоми шуъбаҳои «Шашмақом» дар Фонди тилоии Радиои тоҷик маҳфуз аст. А. дар Симпозиумҳои байналхалқии иҷрокунандагони мусиқии халқии анъанавӣ ва классикӣ дар ш.-ҳои Самарқанд (1978, 1983, 1987), Теҳрон (2000), Исфара (2003), Душанбе (2006) ҳунарнамоӣ карда, бо дипломҳои дараҷаи 1 мушарраф гардидааст. Он иштирокдори рӯзҳои фарҳанги тоҷик дар ЮНЕСКО (Париж, 2005) мебошад. Ҳунарнамоии ансамбл ба воситаи телевизион ва радиои ҷумҳурӣ мунтазам пахш мешавад. Мақомхонони шинохта ва созандагони номӣ М. Баҳодуров, Н. Аминов, Б. Исҳоқова, М. Ҳомидов, Н. Тоштемиров, А. Ҳошимов, К. Қосимов, Ф. Сайдулоева, А. Солиев, М. Муҳиддинов, М. Исоқбоева, Т. Иброҳимова, Л. Баракаева, А. Ҳасанов, Н. Шоулов, М. Муъминов, Я. Аълоев, Д. Муминшоев, Ё. Бободӯстов ва дигарон дар пешбурди фаъолияти ансамбл ҳиссаи босазо гузоштаанд Беҳтарин анъанаҳои устодонро ҳоло сарояндагон ва созандагони бомаҳорат Ш. Муҳиддинов, Л. Азизова, А. Абдуллоев, С. Наҷмиддинова, Ш. Ҳошимова, С. Умарова, Ф. Саидов, Л. Муъминова, О. Ашӯрова, Ҷ. Қузиев, Д. Гулов, А. Ҷалолов, Ш. Ҳомидов, Ҷ. Эргашев, Т. Раҳимов ва дигарон идома медиҳанд. Баробари омӯзиш ва таблиғи «Шашмақом» ансамбл асарҳои композиторони тоҷикро дар барномаҳои худ дохил карда, бо дигар дастаҳои ҳунарии ҷумҳурӣ робитаи эҷодӣ дорад ва мутобиқи талабу дархостҳои ҳаёти имрӯз амал мекунад. Саҳми ансамбл дар пешрафту такомули ҳамаҷонибаи мусиқии касбии тоҷик калон аст».[2]
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Ансамбли давлатии «Шашмақом» / А. Раҷабов // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
- Таджикская музыка. — Душанбе, 2002;
- Низомов А. Таърих ва назарияи Шашмақом. — Душанбе, 2006;
- Ҳакимов Н. Шашмақом дар қарни ХХ. — Хуҷанд, 2006;
- Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2.
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — соли 28 ISBN 978-99947-49-13-3
- ↑ Обидпур Ҷ. Луғатномаи тафсирии мусиқӣ / зери назари Б.Қобилова. – Душанбе: Аржанг, 2019. – С. 29 - 30 – 480 с. ISBN 978-999-47-43-90-2