Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (ДДҲБСТ) — яке аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон буда, дар шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ҷойгир аст.

*
*
Шумо донишҷӯ ё омӯзгор? Дар лоиҳаи Мактабҳо ва донишгоҳҳо иштирок кунед.
Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

(ДДҲБСТ)
Соли таъсисёбӣ 1993
Навъ Давлатӣ
Ректор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан
Донишҷӯён беш аз 8700
Омӯзгорон 349
Мавқеъ ш. Хуҷанд,  Тоҷикистон
Сайт tsulbp.tj

Бинои асосии ДДҲБСТ дар шаҳри Хуҷанд

Таърих

вироиш

Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон бо қарори Шўрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 1993 таъсис ёфта, дар самтҳои ҳуқуқшиносӣ, хадамоти гумрукӣ, сиёсати дохиливу хориҷӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, соҳибкорӣ, молия, иқтисодиёт, идоракунӣ, инноватсия, телекоммуникатсия, системаи ахборотӣ, муҳосибот, андоз, аудит ва ревизия мутахассисонро омода менамояд.

Дар оғози фаъолият ва марҳилаҳои тақдирсози донишгоҳ профессорон Арслонбек Ғозибеков (1994-1999),  Ҳомид Пўлодов (1999-2005), Осим Каримзода (2006-2011) ва Ҷамшед Ҷўразода (2012-2016) ҳамчун сарварони ин муассисаи бонуфуз нақши босазо гузоштаанд.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 марти соли 2017,  таҳти №129  Шарифзода Муъмин Машокир  ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсатии Тоҷикистон таъин гардид.

Имрӯз, фаъолияти донишгоҳ дар асоси Иҷозатнома аз рўи ихтисосҳои амалкунанда ва Шаҳодатномаи аккредитатсияи байналмилалӣ  (сс. Расми шаҳодатномаҳои аккредитатсия) ба роҳ монда шуда,  донишгоҳ узви донишгоҳҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай ва Лигаи донишгоҳии Созмони аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ мебошад. 

Сохтори донишгоҳ аз 5 бинои таълимӣ, 8 факултет,  лабораторияҳои инноватсионӣ ва криминалистика, толорҳои маҷлис, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, марказҳои компютерӣ ва тестӣ, Марказҳои омўзиши Аврупо ва забонҳо, Парки технологӣ, Маҷмааи варзишӣ, Осорхона, хобгоҳ иборат аст.

Теъдоди донишҷӯён 8277 нафарро ташкил дода, аз рӯи  41 ихтисос мутахассисон омода карда мешаванд. Ихтисосҳои  ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳуқуқи иқтисодӣ, ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ (фаъолияти сиёсӣ-ҳуқуқӣ), идораи давлатӣ ва ҳуқуқ        , идораи давлатӣ, иқтисодиёт, иқтисодиёт ва идора дар корхона, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, логистика, маркетинг, соҳибкории иҷтимоӣ, менеҷмент, омор, таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (муносибатҳои сиёсии берунӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (сайёҳии байналмилалӣ), таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (робитаҳои иқтисодии берунӣ)       , хадамоти гумрукӣ            муносибатҳои байналмилалӣ (дипломатия),           забони англисӣ, сиёсатшиносӣ, молия ва қарз, кори бонкӣ, андоз ва андозбандӣ,         аудит ва ревизия, аҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит, Web - дизайн ва графикаи компютерӣ, информатика, системаҳои автоматикунонидашуда, технологияи иттилоотию идоракунии телекоммуникатсионӣ, технология ва низоми иттилоотӣ (дар иқтисодиёт), технологияи иттилоотии ҳисоби бухгалтерӣ, қтисодиёти рақамӣ, математика, информатика         , назарияи иқтисодиёт (омӯзгори фанҳои иқтисодӣ)        , забонҳои англисӣ, таърих (омӯзгори асосҳои давлат ва ҳуқуқ),   молия ва технологияи молиявӣ, кори бонкӣ ва аудит .[1]

Факултетҳо ва кафедраҳо

вироиш
  • Факултети ҳуқуқшиносӣ
    • Ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминалистика ва ПК
    • Ҳуқуқи конститутсионӣ
    • Ҳуқуқи гражданӣ ва меҳнатӣ
    • Ҳуқуқи соҳибкорӣ ва байналмилалӣ
    • Ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурорӣ
    • Назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ
  • Факултети бизнес ва идоракунӣ
    • Менеҷмент
    • Иқтисодиёти ҷаҳонӣ
    • Иқтисодиёти корхонаҳо ва минтақа
    • Маркетинг-агробизнес
  • Факултети молия
    • Молия ва қарз
    • Кори бонкӣ
    • Назарияи иқтисодӣ
  • Факултети баҳисобгирӣ ва андоз
    • Баҳисобгирии бухгалтерӣ
    • Аудит ва ревизия
    • Андоз ва андозбандӣ
  • Факултети инноватсия ва телекоммуникатсия
    • Технологияҳои иттилоотӣ дар иқтисодиёт
    • Технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва барномасозӣ
    • Тарбияи ҷисмонӣ
  • Факултети педадогӣ
    • Фанҳои ҷамъиятӣ
    • Забони русӣ
    • Забони тоҷикӣ
    • Риёзӣ ва табиатшиносии муосир
    • Забони англисӣ
  • Факултети сиёсатшиносӣ ва муносибатҳои байналхалқӣ
    • Таърихи халқи тоҷик
    • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Сиёсатшиносӣ
    • Хадамоти гумрук
  • Факултети муштараки  ДДҲБСТ ва Донишкадаи молиявии Тошканд
    • Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати таҳсилоти олӣ ва миёнаи махсуси Чумҳурии Узбекистон дар асоси Низомнома дар бораи факултети муштараки муассисаи давлатии таҳсилоти олии “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” (ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва муассисаи таҳсилоти олии “Донишкадаи молиявии Тошканд” (ш.Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон) аз 30 декабри соли 2020  ва Созишнома дар бораи омодасозии муштараки мутахассисон байни муассисаи таҳсилоти олии “Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон” (ш.Хуҷанд, Ҷумҳурии Тоҷикистон) ва муассисаи таҳсилоти олии “Донишкадаи молиявии Тошканд” (ш.Тошканд, Ҷумҳурии Ӯзбекистон) аз 08 январи соли 2021 факултети муштарак ташкил карда шуд. [1]

Маъмурият

вироиш

Аккредитатсияи байналмилалӣ

вироиш

Аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаронидани ихтисосҳои муассисаҳои олӣ афзалиятҳои зиёд, ба монанди таъмини сифати барномаҳои таълимӣ, рақобатпазирии муассисаҳои олӣ ва эътироф гардидани дипломи муассисаҳои ҷумҳурӣ дар дигар давлатҳоро доро мебошад.  (СС) Дар робита ба ин, раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон фаъолияти худро барои ба стандартҳои ҷаҳонӣ мутобиқ гардонидани сифати таҳсилот равона намуд.[Муфассал 1]

Муносибатҳои байналмилалӣ

вироиш

Ҳамкориҳои байналмилаии донишгоҳ  бо барномаҳои Иттиҳоди Аврупо Темпус, Эразмус Мундус, Эразмус+  ва донишгоҳҳои Русия, Амрико, Финляндия, Япония, Ҳиндустон, Қазоқистон; Маркази Конфутсий ва Созмони ҳамкории Шанхай ба роҳ монда шудааст. Дар доираи густариши ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ миқдори созишномаҳо бо муассисаҳои илмию тадқиқотӣ, таълимӣ ва фарҳангии ватаниву хориҷӣ аз 8 адади соли 2008-ум ба 78 адад дар соли 2021 расонида шуд, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2008 10 маротиба зиёд мебошад.

Низоми идоракунии рақамии донишгоҳ

вироиш

Идоракунии рақамии раванди таълим бо  барномаи - DEM.tj, ки соҳиби шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, идора карда мешавад.Идоракунии рақамии раванди таълим бо  барномаи - DEM.tj, ки соҳиби шаҳодатномаи Маркази миллии патенту иттилооти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, идора карда мешавад.

Пайвандҳо

вироиш




Хатои ёдкард: <ref> tags exist for a group named "Муфассал", but no corresponding <references group="Муфассал"/> tag was found