Донишгоҳи давлатии Данғара
Донишгоҳи давлатии Данғара — муассисаи давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар ноҳияи Данғараи Тоҷикистон.
Таърихи таъсис
вироишБо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 августи 2005, № 284 дар заминаи мактаб-интернати № 1 ноҳияи Данғара ҳамчун филиали Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дар ноҳияи Данғара таъсис ёфтааст. Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 майи соли 2013, № 205 ба Донишгоҳи давлатии Данғара табдил дода шуд.
Пойгоҳи илмӣ-фаннӣ
вироишБинои донишгоҳ нав буда, дорои тамоми шароити тадрису таълим аст. Дар назди парки технологии донишгоҳ зиёда аз 18 га замини кишти таҷрибавӣ-истеҳсолӣ мавҷуд аст. Бо мақсади рушди таҳқиқоти илмӣ, табодули аспирантон, магистрҳо ва бозомӯзии устодон Донишгоҳи давлатии Данғара бо 10 донишгоҳи Федератсияи Руссия, 2 донишгоҳи Ҷумҳурии Қирғизистон, Донишгоҳи кишоварзӣ ва тавозуни экологӣ дар Аврупои Шарқии ҶФО шартномаҳои ҳамкорӣ дорад.
Факултетҳо
вироишДонишгоҳ дорои 8 факултет ва кафедраи ҳарбӣ мебошад.
- Табиӣ-риёзӣ, педагогика ва рушди нерӯи инсонӣ
- Иқтисодиёти соҳавӣ ва менеҷменти инноватсионӣ
- Агробиология, стандартизатсия ва тибби бойторӣ
- Муҳандисӣ ва технологияҳои муосири истеҳсолӣ
- Лингвистика ва муоширати байнифарҳангӣ [1](пайванди дастнорас)
- Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ ва технологияҳои иттилоотӣ
- Идораи давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва рушди сайёҳӣ
- Таҳсилоти фосилавӣ ва ғоибона.
Таълим
вироишАз рӯи 29 ихтисос [технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт, иқтисодиёт дар корхонаи комплекси агросаноатӣ, идора дар корхонаи комплекси агросаноатӣ, идораи мақомоти маҳаллӣ, саёҳат ва меҳмондорӣ, филология, педагогика ва санъат, забони тоҷикӣ, забон ва адабиёти рус, забони англисӣ, фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ, кимиё (фаъолияти илмию педагогӣ), агроном-иқтисодчӣ-менеҷер, биология (фаъолияти илмию истеҳсолӣ), экологияи умумӣ, агроном ва ғ.] мутахассис тайёр мекунад.
Дар Донишгоҳи давлатии Данғара зиёда аз 2000 донишҷӯ, аз ҷумла беш аз 1800 кас дар шуъбаи рӯзона ва 296 кас дар шуъбаи ғоибона таҳсил менамоянд. Ба онҳо 109 омӯзгор (3 д. и., проф., 25 н. и., дотсент ва 81 муаллими калону ассистент) дарс медиҳанд. Аз соли 2014 дар донишгоҳ қабули аспирантон ва унвонҷӯён (27 аспирант ва 10 унвонҷӯ) ба роҳ монда шуд.
Ректорон
вироиш- М. Б. Каримов (2013—2016);
- Нуралӣ Шоҳиён (2016);
- Шукрулло Хайрзода (аз 16 марти 2023).
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Донишгоҳи давлатии Данғара / Р. А. Олимов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.
Пайвандҳо
вироиш- Донишгоҳи давлатии Данғара (пайванди дастнорас)