Нуралӣ Шоҳиён
Шоҳиён Нуралӣ Набот (зод. 15 июн 1959, ноҳияи Мӯъминобод) — муҳандис-сохтмончӣ, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шоҳиён Нуралӣ Набот | |
Ном ба ҳангоми таваллуд: | Нуралӣ Шоев |
Таърихи таваллуд: | 15 июн 1959 (65 сол) |
Зодгоҳ: | ноҳияи Муъминобод , ҶШС Тоҷикистон, ИҶШС |
Шаҳрвандӣ: | Тоҷикистон |
Таҳсилот: | Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии (ҳоло Донишгоҳи миллии муҳандисӣ-сохтмонӣ)-и Киев |
Дараҷаи илмӣ: | доктори илмҳои педагогика |
Унвонҳои илмӣ: | профессор |
Ҳизб: | Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон |
Навъи фаъолият: | узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон |
Зиндагинома
вироишШоҳиён Нуралӣ Набот 15 июни соли 1959 дар ноҳияи Муъминобод таваллуд шудааст. Миллат: тоҷик. Соли 1981 Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии (ҳоло Донишгоҳи миллии муҳандисӣ-сохтмонӣ)-и Киевро хатм намудааст. Ихтисос: муҳандис-сохтмончӣ оид ба сохтмонҳои саноатӣ ва шаҳрвандӣ.
Номзади фанҳои техникӣ (соли 1985 ш. Киев), доктори илмҳои педагогӣ (соли 2007 ш. Санкт-Петербург). Муаллифи 8 китобу монография ва маҷмӯи зиёда аз 100 мақолаҳо дар мавзуъҳои технологияи инноватсионии таҳсилоти олӣ мебошад.
- Солҳои 1976-1979-донишҷӯи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
- Солҳои 1979-1981-донишҷӯи Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии (ҳоло Донишгоҳи миллии муҳандисӣ-сохтмонӣ)-и Киев, лаборант ва корманди хурди илмии Озмоишгоҳи татқиқотии илмӣ;
- Солҳои 1981-1984-аспиранти Донишкадаи муҳандисӣ-сохтмонии Киев;
- Солҳои 1985-1986-ходими хурди илмии Озмоишгоҳи илмӣ-татқиқотии Украина оид ба ташкил ва иқтисодиёт дар сохтмон;
- Соли 1986 (04.09)-ходими хурди илмии кафедраи иқтисодиёт ва ташкилоти сохтмони Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
- Солҳои 1986-1988-ассистенти кафедраи масолеҳҳои сохтмонии Донишкадаи политехникии Тоҷикистон;
- Солҳои 1988-1990-ҷониши сардори шуъбаи кор бо ҷавонон, ҷонишини сардори шуъбаи иҷтимоӣ-иқтисодии Кумитаи Марказии ЛКСМ-и Тоҷикистон;
- Солҳои 1990-1991-проректор оид ба корҳои таълимии Коллеҷи олии технологии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи технологии Тоҷикистон);
- Солҳои 1991-1996-мудири кафедраи фанҳои муҳандисӣ, декани факултети муҳандисӣ-технологии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, иҷрокунандаи вазифаи проректор оид ба корҳои илмии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
- Солҳои 1996-2008-проректор оид ба корҳои илмӣ, корҳои таълим ва тарбияи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
- Солҳои 2008—2016 — ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон;
- Солҳои 2016—2023 — ректори Донишгоҳи давлатии Данғара.
Аз 30 марти соли 2015 бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.[1]
Ҷоизаҳо
вироиш«Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон», Лауреати Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф (2008), Лауреати Олимпиадаи умумииттифоқии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ «Студент ва прогресс ияи илмӣ-техникӣ аз фанни физика» (1978), дорандаи Дипломи дараҷаи дуюми ғолиби озмуни корҳои илмии донишҷӯёни Украина (1981), «Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон» (2004). Бо Ифтихорномаи Кумитаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои саноат ба муносибати 10 солагии ташкилёбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (2 ноябри соли 2000), Ифтихорномаи фахрии Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми шахсӣ дар таҳияи маҷмӯи ҳуҷҷатҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор гаштааст (соли 2006), соли 2011 бо медали ҷашни «20солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Шоҳиён Нуралӣ Набот(тоҷ.). www. majmilli.tj. 15 апрели 2020 санҷида шуд.