Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад. Донишгоҳ дар шаҳри Данғараи вилояти Хатлон воқеъ аст.

Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон

(ДДТХ)
Соли таъсисёбӣ марти 2016
Навъ давлатӣ
Донишҷӯён Бештар 2000
Донишҷӯёни хориҷӣ Таҳсил мекунанд
Омӯзгорон зиёда аз 100 нафар
Мавқеъ Данғара,  Тоҷикистон
Сайт khatmedun.tj/index.php

Маълумоти мухтасар

вироиш

Мақоми донишгоҳ мактаби олии касбӣ буда, дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) давлатии Вазорати маорифи Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи пешбурди фаъолияти таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ва Шаҳодатнома дар бораи аккредитатсияи давлатӣ мебошад. Далелу арқоми мавҷуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки норасоии табибони дорои таҳсилоти олии касбӣ, бахусус дар вилояти Хатлон, ки аҳолиаш ба зиёда аз 3,5 миллион нафар расидааст, яке аз мушкилоти асосии соҳа ба шумор меравад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ таъкид намуда буд, ки вазъи таъминот бо кадрҳои тиббӣ, хусусан, дар вилояти Хатлон нигаронкунанда аст, зеро ба 10 ҳазор нафар аҳолии вилояти Хатлон 11 табиб рост меояд, ки дар муқоиса бо дигар манотиқи кишварамон нишондиҳандаи паст мебошад.[1] Маҳз норасоӣ ва шумораи аз ҳама ками табибони касбӣ дар вилояти Хатлон боис гардид, ки Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёбад. Бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат заминаи моддию техникӣ барои фаъолияти Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» муайяну омода шуда, чанде пеш қабули донишҷӯёни аввалин ба анҷом расид.

Таърих

вироиш

Муассисаи давлатии таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон моҳи марти соли 2016 дар шаҳри Данғараи вилояти Хатлон таъсис ёфтааст. Соли таълимии 2016-2017 дар асоси иҷозатнома соли равон барои қабули 350 нафар ҷой ҷудо гардид, ки аз ин 150 ҷой барои таҳсил тариқи буҷетӣ ва 200 ҷой таври шартномавӣ пешбинӣ шудааст. Аз шумораи умумии довталабон 1146 нафар (70,2 фоиз) аз вилояти Хатлон 188 нафар (11,5 фоиз) аз вилояти Суғд 10 нафар (0,6 фоиз) аз вилояти ВКМБ, 137 нафар (8,4 фоиз) аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва 152 нафар (9, 3 фоиз) аз шаҳри Душанбе буданд. Тибқи қарори раёсати донишгоҳ аз 210 холи максималии саволҳои тестӣ, холи гузариш ба имтиҳони дуюм 60 хол ва зиёда аз он муқаррар гардид. Аз 1633 нафар довталаб ба имтиҳон 1540 нафар ё 94, 3 фоиз ҳозир шуданд. Аз шумораи нафарони имтиҳонсупорида 519 нафар (33 фоиз) соҳиби 60 хол ва зиёда аз он гаштанд, ки ба даври дуюм иҷозат дода шуданд.[2]

1 сентябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Рӯзи дониш ва дарси сулҳ бинои асосӣ ва таълимии Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлонро дар ноҳияи Данғара мавриди истифода қарор доданд. Бинои бошукуҳ ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ бо тарҳи замонавӣ ва услуби меъмории миллӣ бунёд гардида, дорои шароити муосири илмомӯзӣ мебошад.[3]. Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва паймонкор Ҷамъияти саҳомии кушодаи “СТС Иншоот” буда, лоиҳаи бино аз тарафи Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Пажуҳишгоҳи илмӣ-лоиҳакашӣ ва ҷустуҷӯии “САНИИОСП” таҳия гардидааст. Донишгоҳ аз таҳхона ва 4 бинои ба ҳам пайваст иборат буда, қисми марказӣ аз 9 ошёна, ду бинои паҳлуӣ аз 7 ва қисми сеюм аз 3 ошёна иборат мебошад.Дар бинои навбунёд 194 ҳуҷраи корӣ барои омӯзгорону кормандон ва 80 синфхонаи таълимӣ, дар умум беш аз 2000 ҷойи нишаст мавҷуд аст. Толорҳои маҷлисӣ ва лексионӣ 12 ададро ташкил медиҳанд.

Толори бошукуҳи маҷлисӣ ва фарҳангии донишгоҳ дорои 1100 ҷойи нишаст буда, бо мизу курсӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ барои баргузории ҷамъомаду чорабиниҳои гуногун муҷаҳҳаз гардидааст. Масоҳати умумии толори мазкур 1 ҳазору 164 метри мураббаъро дар бар мегирад.[4].

Давоми бештар аз 6 сол омӯзгорони донишгоҳ дар шуроҳои диссертатсионии муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ 8 рисолаи илмӣ ҳимоя намудаанд, ки аз ин 2 кори докторӣ ва 6 кори номзадӣ мебошад. Аз соли 2017 инҷониб зиёда аз 940 таълифоти илмӣ, аз ҷумла 68-то дар маҷаллаҳои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ тақризшаванда, 6 монография, 4 ихтироот, 25 пешниҳоди навоварӣ, 12 китоби таълимӣ ва зиёда аз 45 дастури методӣ аз ҷониби олимони донишгоҳ ба нашр расидааст. Дар баробари ин аввалин рӯзномаи “Пайки Шифо” ва маҷаллаи илмӣ-амалии “Симурғ”-и Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон соли 2019 таъсис дода шуда, соли 2021 ба феҳристи маҷаллаҳои илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардид.

Давоми фаъолияти донишгоҳ донишҷӯёни ин даргоҳ дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ, илмию фаннӣ, маърифатию зеҳнӣ ва фарҳангию варзишӣ ширкат варзида, дар натиҷа 18 ҷои аввал, 22 ҷои дуюм, 27 ҷои сеюм, 13 ҷои ифтихорӣ ва 7 дипломи дараҷаи 1 ва 2-ро дар конфронсҳо ба даст овардаанд. Хусусан соли 2021 8 нафар донишҷӯ дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” иштирок намуда, дар даври ниҳоӣ 2 нафар ҷойи 2-юмро соҳиб шуданд. Соли 2023 як нафар олими ҷавони донишгоҳ аз рӯи номинатсияи ихтроъкорӣ ғолиби ҷои сеюм дар озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” гашт.[5].

Факултетҳо

вироиш

Дар сохтори донишгоҳ 3 факултет:

Маъмурият

вироиш

Аз соли 2016 Ректори донишгоҳ, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон мебошад.[6]

Пайвандҳо

вироиш