Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон — яке аз донишгоҳҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон мебошад.

Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

(ДИС ДДТТ)
Номи байналмилалӣ Institute of Economy and trade of Tajik state university of commerce in Khujand city (IET TSUC)
Шиор Ҳадафи асосии Донишкада амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тайёр намудани мутахассисони дар бозори меҳнат рақобатпазир мебошад. Бо ин мақсад дар Донишкада тайёр намудани мутахассисон дар асоси ҳаматарафа омўзонидани: а) донишҳои касбии иқтисодиву ҳуқуқӣ; б) сатҳи баланди муошират дар фаъолияти меҳнатӣ; в) технологияҳои инноватсионии муосир ва иқтисодиёти рақамӣ; г) на кам аз 3-4 забони хориҷӣ ба роҳ монда шудааст.
Соли таъсисёбӣ 2010
Навъ давлатӣ
Ректор Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан
Донишҷӯён 5000
Омӯзгорон 210
Нишонии ҳуқуқӣ Тоҷикистон, ш. Хуҷанд, хиёб. И.Сомонӣ, 169. Индекси почта: 735700
Сайт iet.tj

Таърих

вироиш

Муассисаи давлатии таълимии Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 феврали соли 2010 таҳти рақами №59 дар пояи моддӣ-техникӣ, таълимӣ, илмӣ ва кадрии Комплекси ягонаи таълимии ДДТТ таъсис дода шудааст.

Дар заминаи пояи моддию техникии техникуми кооперативии Хуҷанд (техникуми кооперативии Тоҷикистон) соли 1996 Коллеҷи кооператсияи матлуботи Донишкадаи давлатию кооперативии тиҷоратии Тоҷикистон ташкил ёфт.

Тағйироти номи донишкада з соли 1996 то соли 2010:

  • 19962000 — Коллеҷи кооператсияи матлуботи донишкадаи давлатию кооперативии тиҷоратии Тоҷикистон
  • 2000—2001 — Коллеҷи тиҷорати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
  • 20012010 — Комплекси ягонаи таълимии Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон
  • аз 2010 то ҳол — Донишкадаи иқтисод ва савдои Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон

Сохтор

вироиш

Факултетҳо

вироиш

Дар донишкада факултетҳои зерин амал мекунанд:

  1. Молия ва баҳисобгирии бухгалтерӣ
  2. Иқтисодиёт технологияҳои инноватсионӣ
  3. Ҳуқуқ, тиҷорат ва фаъолияти гумрукӣ

Кафедраҳо

вироиш
  1. Молия ва қарз
  2. Баҳисобгирии бухгалтерӣ ва аудит
  3. Молшиносӣ ва фаъолияти гумрукӣ
  4. Ҳуқуқшиносӣ
  5. Иқтисодиёт ва соҳибкорӣ
  6. Менеҷмент
  7. Назарияи иқтисод
  8. Иқтисодиёти ҷаҳон
  9. Математикаи олӣ ва технологияҳои инноватсионӣ
  10. Забонҳои тоҷикӣ ва русӣ
  11. Забонҳои хориҷӣ
  12. Ҷомеашиносӣ

Низоми таҳсилот

вироиш

Донишкада аз соли 2005 дар ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсилот қадамҳои устувор мегузорад. Аввал таҳсили донишҷӯёни 1 ихтисос, баъдтар 7 ихтисос ва аз соли 2009 бошад, ҳамаи ихтисосҳо ба низоми кредитии таҳсилот гузаронида шуданд.

Аз соли 2010 ДИС ДДТТ узви барномаи аврупоии ERASMUS MUNDUS мебошад. Ин имкон медиҳад, ки донишҷўён дар солҳои дуюм, сеюм ва чаҳоруми таҳсил дар давраҳои муайян дар донишгоҳҳои номдори Аврупо, инчунин дар доираи робитаҳои байналмилалии Донишкада дар донишгоҳҳои ИМА ва Осиё таълим гиранд, хатмкунандаҳо ва муаллимон таҳсилро дар магистратура идома диҳанд, таҳқиқоти докторӣ ва таҷрибаомўзиро дар хориҷи кишвар амалӣ намоянд.

Омӯзгорон

вироиш

Дар ДИС ДДТТ 210 нафар омӯзгорон, аз ҷумла 8 нафар докторҳои илм ва профессорон, зиёда аз 80 нафар номзадҳои илм ва дотсентҳо, 6 нафар магистрҳои илм фаъолияти таълимӣ, методӣ, илмӣ ва тарбиявӣ мебаранд. Зиёда аз 20 нафар олимону омўзгорон дар гурўҳҳои таҳсил бо забони англисӣ ҳамаи машғулиятҳоро бо забони англисӣ мегузаронанд. Аз ҷумла дар ин гурӯҳҳо устодон аз ИМА Теренс Дрю, Ванесса Беари ва Марсел Минутоло, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин – Ян Сяоюй дарс медиҳанд.

Директор

вироиш

Аз ноябри соли 2020 вазифаи директори донишкадаро Ҳошимзода Ҳомид Ҳасан ба уҳда дорад.

Пайвандҳо

вироиш
  • iet.tj — вебгоҳи расмии Донишкадаи иқтисод ва савдои шаҳри Хуҷанд(тоҷ.)(рус.)(англ.)