Донишномаи Тоҷикистон

«Донишномаи Тоҷикистон»[1] (дар муқова «Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома») — донишномаи якҷилда дар бораи Тоҷикистон, ки ба муносибати 30-солагии истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дар соли 2021 тавассути Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик таълифу тадвин шудааст.

Донишномаи Тоҷикистон

Муаллиф: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик
Жанр: донишнома
Забони асл: тоҷикӣ
ISBN: 978-99985-0-005-1

Муҳтаво

вироиш

Донишномаро мураттибон — кормандони Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик бо истифода аз сарчашмаҳои муътамад, ҳаҷми иттилооти хеле зиёд ва ҷалби муаллифони гуногунихтисос таҳия намуда, барои доираи васеи алоқамандони китобҳои донишномаӣ пешниҳод кардаанд. Аксҳо, харитаҳо ва нақшаҳое, ки дар китоби мазкур дар радифи матнҳо оварда шудаанд, арзиши илмӣ ва зебоии китобро бештар карда, барои дарки дурусттари матолиб аз ҷониби хонанда ва афзудани завқи китобхонии ҳар кас мусоидат мекунанд[1].

Бахшҳо

вироиш
  • Бахши якуми китоб, ки «Тавсифи умумии ҷуғрофиёӣ» ном дорад, маълумоти муҳимро дар бораи мав­қеи ҷуғ­ро­фиёӣ, тақсимоти маъмурӣ-ҳудудӣ, аҳолии кишвар фаро мегирад.
  • Дар бахши дуввум – «Табиат» релеф, сохтори геологӣ, сарватҳои табиӣ, иқлим, обҳо, хок, рус­тани­ҳо, олами ҳайвоноту наботот ва минтақаҳои табиӣ-ҷуғрофиёии мамлакат тавсиф шудаанд. Дар охири бах­ши мазкур дар бораи ҳифзи муҳити зист маълумоти муҳим оварда шудааст.
  • Дар бахши «Сохти давлатӣ ва ҷамъиятӣ» дар бораи асосҳои сохтори конститутсионии Тоҷикистон, шак­­ли идора ва сохти маъмурии ҷумҳурӣ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, низоми қонунгузорӣ, ҳоки­мияти иҷ­роия, суд, прокуратура, агентиҳо, вазоратҳо, кумитаҳо, хадамотҳои тобеи ҳокимияти иҷроия, сиёсати хориҷӣ, ҳаракатҳо, созмонҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва иттифоқҳои эҷодӣ маъ­лумот дода шудааст.
  • Бахши «Таърих» ба таърихи миллати то­ҷик аз замони ҷамъияти ибтидоӣ то давраи муосир бахшида шуда, хонандаро бо таърихи мухтасари миллати тоҷик, ки пур аз ҳаводиси гуногун ва шебу фарозҳо будааст, ош­но мекунад.
  • Дар бахши «Фарҳанг» хусусиятҳои фарҳангии миллати тоҷик, аз ҷумла либос, дину эътиқод, ҷашн­ҳои динӣ ва фарҳангӣ, афкори фалсафӣ ва иҷтимоӣ зикр шудаанд.
  • Бахши «Иқтисод» фарогири маълумот дар бораи иқтисоди мамлакат, саноат, кишоварзӣ, нақлиёт, мухобирот, сохтмон, хоҷагии коммуналӣ, тиҷорат, таъминоти иҷтимоӣ ва иншооти муҳимтарини ҷумҳурӣ буда, рушди соҳаҳои номбурдаро инъикос менамояд.
  • Бахши дигари китоб «Тандурустӣ» ном дорад, ки дар он дар бораи ҳифзи тандурустӣ, тибби мар­ду­мӣ, таъминоти дору ва дорухонаҳо, бемористонҳо, осоишгоҳҳо, обҳои маъдании Тоҷикистон ва муас­сисаҳои таҳсилоти миёнаву олии касбии тиббӣ маълумот дода мешавад.
  • Дар бахши «Тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш» дастовардҳои варзишкорони мамлакат дар мусобиқаҳои мин­­тақаӣ ва байналмилалӣ инъикос шудаанд.
  • Бахши «Сайёҳӣ» рушди соҳаи номбурдаро дар мамлакат, имконоти кишварро дар самти пешбурди со­ҳаи мазкур инъикос менамояд.
  • Бахши «Маориф» дар бораи низоми маорифи ҷумҳурӣ, муассисаҳои соҳаи номбурда ва дастовардҳои ахири он маълумот медиҳад.
  • Бахшҳои «Муассисаҳои фарҳангӣ», «Матбуот, телевизион ва радио», «Китобдорӣ», «Илм ва муас­си­са­ҳои илмӣ» фарогири маълумот дар бораи рушди соҳаҳои номбурда дар ҷумҳурӣ мебошанд.
  • Дар бахши «Забон ва адабиёт» дар бораи забони тоҷикӣ, лаҳҷаҳои забони тоҷикӣ, забонҳои бадах­шонӣ ва адабиёти тоҷик, аз ҷумла осори шифоҳии халқ, адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик маълумот дода шудааст.
  • Дар бахши «Санъат ва ҳунар» меъморӣ, санъати тасвирӣ, кулолӣ, заргарӣ, бофандагӣ, кандакорӣ, гул­дӯзӣ, ошпазӣ, мусиқӣ, театр, санъати рақс, балет, кино, сирк ва дастовардҳои соҳаҳои номбурдаи ҷум­ҳу­рӣ дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон тавсиф шудаанд.

Дар маҷмӯъ донишномаи мазкур муҳимтарин маълумотро дар бораи рӯйдодҳо ва дастовардҳои со­ҳаҳои гуногуни мамлакат фаро гирифта, бо такя ба дақиқтарин иттилооти илмӣ ва оморӣ таҳия шудааст. Ҳар бахши донишномаи мазкур фарогири маълумотест, ки дастовардҳои соҳаи мавриди назарро мухтасар пешниҳоди хонанда мекунад. Дар охири аксар мақолаҳо адабиёти иловагӣ зикр шудаанд, ки хонанда метавонад бо истифода аз онҳо маълумоти бештаре дар бораи соҳаи дилхоҳи худ дарёфт намояд[1].

Нигаред низ

вироиш
  1. 1.0 1.1 1.2 Пешгуфтор // Ҷумҳурии Тоҷикистон. Донишнома. — Д.: СИЭМТ, 2021. — С. 3—4. — 696 с. — ISBN 978-99985-0-005-1.

Адабиёт

вироиш