Дорои Дӯст
Дорои Дӯст (1940, ноҳияи Шаҳрисабз, Вилояти Қашқадарё — 18 декабр 2024, Душанбе) — рӯзноманигори тоҷик.
Таърихи таваллуд | 1940 |
---|---|
Зодгоҳ | |
Таърихи даргузашт | 18 декабр 2024 |
Маҳалли даргузашт | |
Пеша | рӯзноманигор |
Зиндагинома
вироишДорои Дӯст соли 1940 дар рустои Сарчашмаи ноҳияи Шаҳрисабз ба дунё омадааст[1]. Соли 1957 мактаби миёнаи №21 ба номи Карл Марксро хатм кардааст. Фориғутаҳсили факултаи таъриху филологияи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т. Г. Шевченко мебошад.
Баъди хатми донишкада дар соли 1963 дар рӯзномаи «Маориф ва маданият» ба кор оғоз кард ва беш аз 40 сол дар ин нашрия фаъолият намуд.
Ӯ бо сармуҳаррири вақти ин нашрия Бӯриннисо Бердиева дар эҳё кардани ҷашни наврӯз нақши бориз гузошт ва даҳҳо мақолаҳои илмӣ-оммавӣ дар ин бора ба чоп расонид[2].
Дорои Дӯст баъди бонишаста шудан аз фаъолияти журналистӣ канор рафт ва солҳои охири умрашро дар ҳалқаи пайвандонаш мегузаронд.
Ҷоизаҳо
вироишБо нишонҳои «Барои меҳнати шуҷоатнок», «Аълочии маорифи Тоҷикистон», «Аълочии маорифи СССР» ва «Корманди шоистаи Тоҷикистон» сазовор гардидааст.
Даргузашт
вироишДорои Дӯст 18 декабри 2024 дар 84-солагӣ дар шаҳри Душанбе даргузашт ва ӯро дар Оромгоҳи Сариосиё ба хок супориданд[3].
Эзоҳ
вироиш- ↑ «Дар ҷустуҷӯи Дӯст» ба нашр расид. Озодагон (23 октябри 2012). 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Даргузашти Суқроти тоҷик дар Душанбе. asiaplustj.info. ASIA-Plus. 18 Декабри 2024 санҷида шуд.
- ↑ Даргузашти журналисти саршиноси тоҷик Дорои Дӯст. Pressa.tj. 18 Декабри 2024 санҷида шуд.