Бӯринисо Бердиева
Бӯринисо Бердиева — рӯзноманигор, ходими ҷамъятӣ ва ҳизбӣ.
Буриниссо Бердиева | |
Таърихи таваллуд | 30 декабр 1927 |
Зодгоҳ | Панҷакент |
Таърихи даргузашт | 2003 |
Маҳалли даргузашт | Душанбе, Тоҷикистон |
Кишвар | |
Пеша | рӯзноманигор, magazine editor, newspaper editor |
Зиндагинома
вироишБӯринисо Бердиева 30 декабри соли 1927 дар Панҷакент ба дунё омадааст. Азбаски фарзандони қаблии волидонаш бармаҳал вафот мекарданд, ӯро Бӯринисо ном карданд, ки мисли гург сахтҷон бошад. Ҳарду маълумоти олии Бердиева аз мактабҳои ҳизби ҳокими вақти коммунист буд. Бӯринисо Бердиева дар овони таҳсил дар мактаби ҳизбӣ ба ҳамсабақаш аз Дарвоз Ҷавҳаршоҳ Раҳматуллоев издивоҷ кард. Беш аз як даҳсола собиқаи кори ҳизбии ӯ дар Шӯрободу Кӯлоб гузашта, Бердиева дар ин ҷо то мақоми котиби дуввуми кумитаи шаҳрии ҳизби коммунист "сабзид” ва дар миёнаи солҳои панҷоҳ ба Душанбе, ба кумитаи марказии ҳизби коммунист гузашт. Соли 1958, баъди хатми бахши журналистикаи мактаби олии КПСС дар Маскав, вақте маҷаллаи "Тоҷикистон”-и Абдусалом Деҳотиро барҳам доданд ва ба ҷояш маҷаллаи "Васияти Ленин” рӯи кор омад, раҳбариашро ба Бердиева доданд. Дар соли 1960 ӯ ба симати сардабири "Маориф ва маданият” нишаст ва дар тӯли 23 соли баъдӣ аз ин нашрия рӯзномае сохт, ки бо зери 70 000 нусхаи нашр дар дили низоми ҳокими коммунист даҳшат андохта, сутунҳои ин низоми зоҳиран муҳкамро ларзонд.
Хотираҳо
вироишДар он даврон мақомоти коммунистӣ "Маориф ва маданият”-ро ҳатто "лонаи оппозитсия” ва "маркази диссидентҳо” ном мебурданд. Бозор Собир, аз дигарандешоне, ки Бердиева дар он лаҳазоти мушкил дар канори худ гирифт, мегӯяд, ҷавви ҳоким бар "Маориф ва маданият”-и он солҳо озодихоҳӣ буд, ки дар ҳеч рӯзномаи дигари он даврон дида намешуд ва ин рӯзнома дар аҳди Бӯринисо Бердиева ба як маркази асосии бедории миллии он айём табдил ёфт:"Оппозитсия набуд, лекин одамони камубеш норозӣ, ранҷида ва рондашуда дар онҷо гирд меомаданд. Масалан, Ҷумъа Одина, Ғаффор Мирзо, Сотим Улуғзода, Раҳим Ҳошим ва мисли онҳо як дастаи гулҳои сари сабади ҳамин ҷамъомадҳо буданд." Бозори Собир мегӯяд, ҳар шумораи наврӯзии "Маориф ва маданият” дучори ҳамлаи мақомоти вақти Тоҷикистон мешуд, вале андешаи сардамдорони вақт аз Бердиева ва ҷасорату бараҳнагӯияш буд, ки 23 сол дар раҳбарии ин нашрия пойдор монд:"Ҷанҷол мекарданд ҳар бор. Ҳам аз вазоратҳои маорифу маданият ва ҳам аз иттифоқи нависандаҳо эътироз баён мекарданд, ки чаро Наврӯзро таблиғ мекунад. Ҳатто мегуфтанд, ки шумо мардумро аз роҳ мезанед. Фаъолияти Бердиев аз ҳеч ҷонибе дастгирӣ намеёфт. Ҳама норозӣ буд. Вале ӯ як авторитет буд. Бердиеваро нағз намедиданд, албатта, ба ягон маъракаи расмӣ даъваташ ҳам намекарданд, аммо аз ӯ метарсиданд, чунки камбудиҳои мақомотро фошофош дар рӯяшон мегуфт. Агар вазири маориф ё вазири маданият Меҳрубон Назаров, барои мисол, ягон кори нодуруст мекард, Бердиева ё тавассути рӯзнома ё дар маҷлисҳои расмӣ беибо танқидашон мекард.”[1] Ба бовари ҳамсафонаш, дар он шароити низоми сахти коммунистӣ ин қадар сол пойдор мондани "Маориф ва маданият” ба ҳайси як минбари бедории миллӣ қабл аз ҳама ба шахси Бердиева бармегашт, ки аз аҳволи ҳокимони давр иттилоъи комил дошт ва ба ҳамин далел, касе аз мақомотдар ин 23 соли сардабирии ӯ ҷуръат накард, ин "лонаи дигарандешӣ”-ро комилан вайрон кунад.
Ҳамсари Бӯринисо Бердиева бародари шавҳари Низорамоҳ Зарифова буд. Хонум Зарифова, ки он солҳо котиби кумитаи марказии ҳизби коммунист ва баъдан муовини раиси Шӯрои олии Тоҷикистон буд, эътироф мекунад, ки ҳатто аз раҳбарони аввали ҷумҳурӣ кам касе ҷуръат дошт, ки бо Бердиева сарбасар шавад:"Ба Кумитаи марказӣ фарёдаш мекардем, насиҳаташ мекардем. Мирзо Турсунзода зиёд насиҳаташ мекард, ки тунд нарав. Лекин агар ӯро касе аз кор мегирифт, дунё қиёмат мешуд. Сахтдаҳон буд. Рӯирост ҳақоратат мекард, андеша намекард. Дар рӯят мезад ҳарфашро. Лекин коргари хуб буд ва корашро низ хуб медонист. Ӯ мегуфт, ки ман аз касе наметарсам, чизе ки дар дилам ҳаст, ҳамонро менависам.”
Соли 1983 вақте муаллифи китоби "Алифбо” Ҳилол Каримов аз телевизиони Маскав иддао кард, ки то Инқилоби Октябр ва таҳияи ин китоби ӯ тоҷикон аслан хату савод ва мактабу мадраса надоштанд, посухи 17 тан аз равшанфикрони тоҷик, бо шумули Нозирҷон Арабзода, Раҳими Мусулмониён ва дигаронро маҳз Бердиева чоп кард. Нашри ин мақола таҳти унвони "Таърих гувоҳ аст” охирин қатрае шуд, ки косаи сабри ҳокимони вақтро лабрез кард ва онҳо ба барканории ӯ аз симати сардабирии "Маориф ва маданият” бо далели "бознишаста шуданаш” иқдом карданд.
Аммо Саидаҳмади Қаландар мегӯяд, ҳайбати Бердиева ҳатто баъди барканориаш чунон буд, ки 4 моҳи дигар, ҳеч касе аз мақомоти кумитаи марказии ҳизби коммунист ҷуръат накард, бо фармони барканории ӯ пой ба идораи "Маориф ва маданият" гузорад:"Хархаша аз феврали соли 1983 шурӯъ шуд ва то моҳи июн давом кард. Чанд нафарро ба ҷои ӯ таъйин карданд, вале ӯ гуфт, агар каси мақбули ман набошад, намепазирам. Он замон мехостанд тамоми ҳайъати "Маориф ва маданият”-ро пароканда кунанд. Вале Бердиева 3 моҳ истодагарӣ кард, ки касеро аз кор наронанд. Ва билохира Бобо Насриддиновро оварданд, ки нисбатан ба дидгоҳи Бердиева мувофиқ буд. Ӯ танҳо баъди ин қабул кард ва умурро ба дасти Насриддинов супурд. Қазия бо ҳамин ба хайр анҷом шуд.Ва бо ҳамин ба фаромӯшӣ рафт. Дигар на касе аз ҳукумат ёдаш кард, агарчӣ хидмати бисёре карда буд.”[1]
Дорои Дӯст мегӯяд, онҳо, ки дар қӯраи сонсури Главлиту кумитаи марказӣ пухта шуда буданд, "Таърих гувоҳ аст”-ро мутобиқ ба хости замона бо иқтибосҳои фаровон аз Марксу Ленин ҳам "зиннат” доданд, вале ин дафъа ҳатто чунин "замонасозӣ” натавонист табари саркӯбии ногузирро аз сари "Маориф ва маданият” ва Бердиева дур кунад:"Баъд вақте муаллифонро бурда, истинтоқ карданд, бархеаш аз имзои худ даст кашид, ки гӯё номи онҳоро нопурсида дар зери ин мақола гузошта бошем. Фақат Нозирҷон Арабзода мардона то охир истод. Шунида будам, ки он вақт Радиои Озодӣ ҳам "Инқилоби зиёиёни тоҷик” гуфта, дар ин бора гузориш дода буд. Баъд Қаландаров – мудири шуъбаи таблиғи кумитаи марказӣ омад. Рӯзи аз рухсатӣ баргаштани Бердиева буд. Бобо Насриддиновро, ки корманди кумитаи марказӣ буд, дар вазифа монд ва ба тарафи ман гашта гуфт, ки агар соли 37 мебуд, ҳамаи шуморо мепаррондам.”
Бердиева се фарзанд дошт. Як писар ва шавҳараш ҳанӯз дар зиндагии ӯ тарки дунё карданд ва писари дуввумаш баъди марги ӯ. Духтараш Сулҳинисо Раҳматуллоева, ки номзади илм аст, дар Амрико ба сар мебарад ва китобаш пиромуни санъати меъмории Шарқ дар қуруни вусто ба тозагӣ дар Ҳолланд чоп шудааст. Низорамоҳ Зарифова мегӯяд, Бердиева ҳатто ба бемории қаттоли саратон, ки ба дарахти умраш теша мезад, гардан намедод ва ҳамчунон сарсахтона барои зиндагӣ мубориза мебурд:"Ба саратон печиду ҷарроҳиаш карданд. Ин маризиаш дурудароз давом кард. Худаш медонист, ки саратон дорад. Лекин мегуфт, ки медонам ки мемирам, вале бигзор, ҳар куҷо хоҳам, меравам, ҳарчиро ки дилам кашид, мехӯрам. Бо вуҷуди маризӣ аз ягон намоиши нави театрӣ ё филми нав ақиб намемонд. Ҳамаҷо мерафт. Гардан намедод ба касалиаш, вале хеле хароб шуд ҳақиқатан.”
Бӯринисо Бердиева моҳи октябри соли 2003 дар синни 76 аз дунё гузашт. Кадом расми вижае барои видоъ бо Қаҳрамони аслии Наврӯзи мо доир нашуд ва танҳо ҷамъи андаке аз пайвандону наздикон ва ҳамсафони собиқаш ҷанозаи Бердиеваро дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурданд.[1]
"Зан буд, вале набуд чун зан,
|
Эзоҳ
вироиш- ↑ 1.0 1.1 1.2 1.3 http://akhbor.com/index96.htm Бойгонӣ шудааст 16 июли 2021 сол. БӮРИНИСО БЕРДИЕВА - ҚАҲРАМОНИ НАВРӮЗ