Доғи судӣ
Доғи судӣ — ҳолати махсуси ҳуқуқии шахси аз тарафи суд барои содир намудани ҷиноят гунаҳгор донисташуда ва ба ҷазои ҷиноятӣ маҳкумшуда мебошад, ки дар м. 84 Кодекси Ҷиноятии ҶТ пешбинӣ шудааст. Шахсе, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудааст, аз рӯзи эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунӣ то рӯзи барҳам хӯрдан ё бардоштани доғи судӣ маҳкумшуда дониста мешавад. Доғи судӣ мутобиқи Кодекси Ҷиноятии ҶТ дар ҳолати ретсидив ва ҳангоми таъйини ҷазо ба назар гирифта мешавад (қ. 1 м. 84 КҶ ҶТ). Шахсе, ки аз ҷазо озод карда шудааст, доғи судӣ надорад (қ. 2 м. 84 КҶ ҶТ).
Бекорсозии доғи судӣ
вироишДоғи судӣ дар муҳлатҳои зерин барҳам дода мешавад:
- нисбат ба ашхоси шартан маҳкумшуда баъди тамом шудани муҳлати санҷиш;
- нисбат ба ашхосе, ки аз маҳдуд кардани озодӣ дида ба ҷазои сабуктар маҳкум шудаанд, бо гузаштани як сол пас аз тамом шудани муҳлати таъйиншудаи ҷазо;
- нисбат ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба маҳдуд кардани озодӣ ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузапггани се сол пас аз адои ҷазо;
- нисбат ба ашхосе, ки барои ҷиноятҳои вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд, бо гузаштани панҷ сол пас аз адои ҷазо (қ.З м. 84 КҶ ҶТ).
Агар суд муқаррар намояд, ки маҳкумшуда ислоҳ шудааст ва барои доғи судӣ доштани ӯ зарурат нест, суд метавонад баъди гузаштани ҳашт сол пас аз адои ҷазо доги судии шахси барои ҷинояти махсусан вазнин бо маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумшударо бардорад (қ. 4 м. 84 КҶ ҶТ).
Агар шахс мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шуда ё қисми ҷазои адонакардаи ӯ бо ҷазои нисбатан сабуктар иваз шуда бошад, муҳлати барҳам додани доғи судӣ аз лаҳзаи аз адои ҷазои асосӣ ва иловагӣ озод карда шуданаш ҳисоб карда мешавад (қ. 5 м. 84 КҶ ҶТ).
Агар шахс то тамом шудани мӯхдати барҳам додани доғи судӣ ҷинояти нав содир кунад, ҷараёни муҳлати барҳам додани доғи судӣ қатъ мегардад. Мӯҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти аввал пас аз адои воқеии ҷазо (асосӣ ва иловагӣ) барои ҷинояти охирин аз нав ҳисоб карда мешавад. Дар ин ҳолат то тамом шудани муҳлати барҳам додани доғи судӣ барои ҷинояти нисбатан вазнинтар шахс дорои доғи судӣ барои ду ҷиноят ҳисоб карда мешавад (қ. 6 м. 84 КҶ ҶТ).
Агар маҳкумшуда пас аз адои ҷазо рафтори бенуқсон нишон диҳад, суд дар асоси илтимосномаи ӯ метавонад доги судиашро то тамом шудани муҳлати барҳамдиҳии доғи судӣ, вале баъди гузаштани нисфи ин муҳлат бекор кунад (қ.7 м. 84 КҶ ҶТ). Барҳам додан ё бардоштани доғи судӣ тамоми оқибатҳои марбут ба доғи судиро беэътибор мегардонад (қ.8 м. 84 КҶ ҶТ)[1].
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 156—157