Дубедадеҳа дар ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 5 км. Аҳолиаш 1345 нафар (2010), тоҷикон. Аз 181 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти асосӣ, Омӯзишгоҳи касбҳои техникии № 24, 3 мағозаи хусусии молҳои ниёзи мардум, чойхонаи ҷамъиятӣ, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, бунгоҳи тиббӣ, дӯконҳои хусусии фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, 11 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, ғаллакорӣ, боғу токдорӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводорӣ машғуланд. Заминҳо аз дарёи Элок ва оби чашмаи Чаноро обёрӣ мешаванд.[1]

Деҳа
Дубеда
40°43′49″ с. ш. 70°09′25″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят Ноҳияҳои тобеи марказ
Ноҳия Ноҳияи Файзобод
Таърих ва ҷуғрофиё
Минтақаи замонӣ UTC+5:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ (2010) 1345 тан
Миллият тоҷикҳо
Эътиқодот мусулмонон
Забони расмӣ тоҷикӣ
Пешшумораи телефон +992
Дубеда дар харитаи
Дубеда
Дубеда

Пайвандҳо

вироиш
  1. ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.