Дуздӣ
Дуздӣ — ҷиноят ба муқобили моликият, ки дар м. 244 Кодекси Ҷиноятии ҶГ пешбинӣ гардидаасг. Зери мафҳуми тасарруф мувофиқи эзоҳи м. 244 Кодекси Ҷиноятии ҶТ ғайриқонунӣ, бо гараз, ройгон гирифтан ва ё ситонидани амволи ғайр ба фоидаи гунаҳгор ё дигар ашхос дар назар допгга мешавад.
'Дуздӣ яке аз шаклҳои тасарруфи амволи ғайр буда, аз тасарруфи ниҳонии амволи ғайр иборат мебошад. Ниҳонӣ — ҳамчун аломати тарафи объективии дуздӣ онро ифода мекунад, ки амвол ҳангоми набудани ҷабрдида ё шахсони дигари бегона тасарруф карда мешавад. Аломати ниҳонӣ инчунин дар ҳолатҳое низ ҷой дорад, ки агар тасарруфи амвол дар ҳузури ҷабрдида ё шахсони дигар сурат гирифта, аммо онҳо инро дарк накарда бошанд (кисабурӣ, тасарруфи амволи шахси хоб, маст, хурдсол ва ғайра). Барои ниҳонӣ эътироф намудани тасарруф баҳодиҳии ҷинояткор ба ҳаракатҳои худ нақши ҳалкунандаро мебозад. Бинобар ин агар шахси гунаҳгор амволи ғайрро тасарруф намуда истода фикр кунад, ки ниҳонӣ амал карда истодааст, новобаста аз он ки шахсони дигар онро дарк мекарданд ё не, кирдори шахс ҳамчун дуздӣ банду баст карда мешавад.
Дуздӣ аз даҳзаи пайдо намудани имконияти ихтиёрдорӣ ба амволи тасарруфшуда хотима ёфта эътироф мешавад. Субъекти ҷиноят ҳама гуна шахси мукаллафи ба синни 14-солагь раси д а шуда метавонад. Тарафи субъективӣ бо гуноҳи қасдона (қасди бевосита) тавсиф мешавад. Мақсади гаразнок аломати ҳатмии таркиби ҷиноят мебошад. Дар қисмҳои 2, 3, 4, м. 244 Кодекси Ҷиноятии ҶТ ҳолатҳои вазнинкунандаи дуздӣ пешбинӣ шудаанд: Дуздие, ки такроран содир шудааст, мувофиқи эзоҳи м. 244 Кодекси Ҷиноятии ҶГ «таҳти мафҳуми такроран (такрорй) дар моддаҳои 244—251,254 ва 257 Кодекси Ҷиноятии ҶТ ҷинояте дар назар допгга шудаасг, ки агар қабл аз он як ё якчанд ҷинояти пешбининамудаи ҳамин моддаҳо, ҳамчунин дармоддаҳои 186,194,199,202 Кодекси Ҷиноятии ҶТ пешбинишуда содир шуда бошад».
- аз ҷониби гурӯҳи ашхос бо маслиҳати пешакӣ, яъне агар дар дуздӣ ду
ё зиёда ашхосе иштирок кунанд, ки оид ба содир намудани он пешакӣ маслиҳат карда бошанд (ҳамиҷрокунандагон).
- ба шаҳрванд зарари ҷиддӣ расонидааст. Андозаи зарари ба моликияти шахсӣ расонидашуда (ҷиддӣ, калон ва махсусан калон) мувофиқи эзоҳи м. 244 Кодекси Ҷиноятии ҶТ аз рӯи аҳволи моддии ҷабрдида муайян карда мешавад.
- бо роҳи ғайриқонунӣ дохил шудан ба манзил, бино ё дигар анборҳо содир удааст (қ. 2 м. 244 КҶ ҶТ).
Зери мафҳуми манзил ҷойҳое дар назар дошта мешаванд, ки барои истиқомати доимӣ ё мувақкатии одамон пешбинӣ гардидааст. Зери мафҳуми бино-сохтмон, иншоотҳое фаҳмида мешавад, ки барои ҷойгир намудани одамон ё арзишҳои моддӣ хидмат мекунанд (мағоза, банк, театр ва ғайра).
Дигар анборҳо қитъаҳое эътироф мешаванд, ки барои доииӣ ё муваққатӣ нигоҳ доштани арзишҳои моддӣ хидмат намуда, муҳофизат карда мешаванд.
Дуздӣ ба микдори калон. Таҳти мафҳуми «миқдори калон» андозаи арзиши амволе дар назар дошта шудаасг, ки аз андозаи маопш ҳадди ақал ҳазор маротиба зиёдтар бошад (эзоҳи м. 244 КҶ Ҷ Т).
- аз ҷониби гурӯҳи муташаккил (нигар гурӯҳи муташаккил);
- бо истифода аз офати табиӣ ё ҷамъиятӣ;
- дар ҳолати ретсидиви хавфнок содир шуда бошад (қ. 3 м. 244 КҶ ҶТ);
- дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок (қ. 3 м. 21 КҶ ҶТ);
- ба миқдори маҳсусан калон содир шуда бошад (қ. 4 м. 244 КҶ ҶТ).
Ба миқдори махсусан калон мувофиқи эзоҳи м. 244 КҶ ҶТ арзиши амволе фаҳмида мешавад, ки аз андозаи маоши ҳадди ақал ду ҳазор маротиба зиёдтар бошад. Мувофиқи қ. 4 эзоҳи м. 244 КҶ ҶТ ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи амволи давлатӣ ё дастаҷамъӣ (ғайр аз ғоратгарӣ, роҳзанӣ ва тамаъҷӯӣ) дар ҳолатҳое ба миён меояд, ки агар арзиши амволи тасарру фошуда аз даҳ андозаи маоши ҳадди ақал зиёд бошад. Ҷавобгарии ҷиноятӣ барои тасарруфи амволи шахсӣ новобаста аз арзиши он ба миён меояд.[1]
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М. А. — Душанбе: ЭР-граф, 2009. — с. 159—160