Думбура
(Тағйири масир аз Думбра)
Думбура сози мусиқии халқӣ аст. Думбура сози дутораи миллии тоҷикон буда,дар байни халқҳои Осиёи Миёна паҳн гардидааст. Дар баъзе мавзеъҳо онро дуторча ё камонча меноманд. Думбура дар вилоятҳои Сурхандарёву Қашқадарёи Ӯзбекистон ва шимоли Афғонистон низ маъмул аст. Дарозиаш 70-80 см буда, аз қисмҳои зерин иборат аст: гӯшак, даста, коса, тахта, харак, парда. Аз чӯби тут ва ё зардолу тарошида, тор ва зеҳашро аз рӯдаи буз тайёр мекунанд. Думбура асбоби якканавозӣ ва ҳамовозшаванда аст. Дар гӯрғулисарои думбура асбоби ягона ва асосист. Гӯрғулисароён яксар думбураҳои зиллро истифода мебаранд. Думбура бо сози кварта ҷӯр карда, мешавад. Дар асоси думбура сози дутораи миллии тоҷикон – дутор ба миён омадааст.
Адабиёт
вироиш- Энсиклопедияи советии тоҷик. – Душанбе. – 1980.-Ҷ 2 с. 347;
Адабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.