Дурахшон
Дурахшон (пештара Бунгакиён) — деҳа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод. Аз деҳа то маркази ноҳия 18 км. Аҳолиаш 1956 нафар (2010), тоҷикон. Аз 250 хоҷагӣ иборат аст. Дар деҳа мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, нуқтаҳои хидматрасонии маишӣ, марказисаломатӣ, китобхона, 172 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ, 5 мағозаи хусусӣ, хоҷагии деҳқонии коллективии «Кӯҳдоман», 2 осиёи барқӣ, нерӯгоҳи хурди барқӣ, нерӯгоҳи бодӣ, масҷиди панҷвақта фаъолият доранд. Мардуми деҳа ба сабзавоткорӣ, боғдорӣ, ғаллакорӣ, чорводорӣ, занбӯриасалпарварӣ машғуланд. Заминҳо аз чашмаҳо обёрӣ мешавад.[1]
Деҳаи Бунгакиён | |
---|---|
| |
Кишвар | Тоҷикистон |
Вилоят | Ноҳияҳои тобеи марказ |
Ноҳия | Файзобод |
Ҷамоат | Деҳоти Чашмасор |
Аҳолӣ | 1956 нафар (2010), тоҷикон |
Хоҷагӣ | 250 |
Эзоҳ
вироиш- ↑ ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.