Дутори алт
Дутори алт - сози навихтироъ буда, дастааш мисли дутори тенор дароз ва косааш бузургтар аст. Гӯшакҳояш филиззӣ, торҳояш аз капрон, 24 парда дорад. Ҳаҷми садодиҳиаш дар байни дуториҳо регистри мобайниро фаро мегирад. Нотааш дар калиди скрипка сабт шуда, аз навишташ як октава паст садо медиҳад. Торҳояш бо фосилаи кварта (тори якум «ля»-и октаваи якум, тори дуюм «ми»-и октаваи якум) ҷӯр мешаванд. Диапазонаш аз «ми»-и октаваи якум то «ля»-и октаваи сеюмро фаро мегирад. Тарзу услуби навохтанаш ба Д.-и тенор монанд аст. Дар дутори алт иҷрои терсия, кварта ва квинта қулай мебошад. Дутории алт дар оркестр асосан вазифаи якканавозӣ ва баъзан ҷӯрнавозиро иҷро мекунанд. Дар Тоҷикистону Ӯзбекистон маъмул аст.
Адабиёт
вироиш- Қурбони Қурбониён. Навои дутор. - Душанбе, 1980,
- Қурбони Қурбониён. Савти дутор- Душанбе, 1980 1992,
- Қурбони Қурбониён. Рози дутор- Душанбе,2003.
Нигаред низ
вироишАдабиёт
вироиш- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.