Дӯзах ё ҷаҳаннам (форсӣ: دوزخ‎) — ҷои гунаҳгорон дар он дунё, ки тибқи ривоятҳои динӣ бисёр сӯзон аст[1]. Аммо ба нивиштаи Фарҳанги Деҳхудо, дар бовари эрониёни бостон ва зартуштиён ҷоест дар ҷаҳони дигар, ки дар онҷо гуноҳкорон ҷазои корҳои бади худ бинанд, ва он маҳаллест сахт амиқ, ҳамчун чоҳе бисёр торику сарди дорои дама ва мутаъаффин (бӯйнок) ва ҷонварони мӯзӣ (зиёновар), ки кӯчактарини онҳо ба баландии кӯҳ аст, ба танбеҳи равони бадкорон машғуланд[2].

Дӯзах дар тасвири Анҷелика Фро. Соли 1435

Вожашиносӣ

вироиш

Дӯзах дар порсии нав аз ‘dosh-axv’ дар порсии миёна (паҳлавӣ) омада, ки дар авестои нав ‘duzi-an(g)ahu’ ва дар авестои куҳан ‘daozh-ahva’ будааст ба маънои ‘ҷаҳони бад/зишт’ ва дар позанд ба сурати ‘dozhax’ нивишта шудааст[3].

Эътиқод ба вуҷуди дузах дар ҷомеаи башарӣ

вироиш

Эътиқод ба вуҷуди дӯзах дар ҷомеаи башарӣ ба даврони пайдоши худи дин дар байни он бармегардад ва дар динҳо ва тамаддунҳои бостонӣ низ тасвире аз он вуҷуд дорад. Бар асоси таълимоти ойини зардушт дӯзах ҷое аст дар ҷаҳони дигар, ки гунаҳкорон дар он ҷо ҷазои корҳои худро мебинанд ва он ҷое аст сахт амиқ ба сони чоҳи бисёр торик, ки сармову гармо ва тааффун дар он ҳукмфармост. Ҷонварони ваҳш, ки хурдтарини онҳо ба андозаи кӯҳанд, ба азоби онҳо машғуланд, ташнагиву гуруснагӣ, ба сар нагун овехтан, мехи чӯбин бар чашмҳо кӯбидан ва забон буридан аз анвои шиканҷаҳои дӯзахи зардуштӣ аст.

Дӯзах дар Қуръон ва Суннат

вироиш
Мақолаи асосӣ: Ҷаҳаннам

Дӯзах дар Қуръон ва Суннат бо номи ҷаҳаннам (ар. جھنم‎) ёд шуда, ба хусус дар сураҳои маккӣ васфҳои мухталиф ва ҳавлангезе аз он ва азоби он омадааст. Тибқи омӯзаҳои исломӣ дӯзах аз ҳафт табақа ва ё манзилгоҳи болои ҳам иборат ва азоби ҳар табақаи он аз табақаи болояш сахттар аст. Ҷойгоҳи мунофиқон поёнтарин табақаи он – Дарки асфал бошад. Ҳар кадоме аз табақоти дӯзах даромадгоҳи хоссе ва дар умум 19 фариштаи қавӣ ва дуруштпайкар бар он назорат мебаранд ва ба нигаҳбонон ва хазонадорони дӯзах фариштае бо номи Молик роҳбарӣ мекунад.

Тибқи омӯзаҳои исломӣ тақсимбандии мардум ба ду гурӯҳи хушбахтон ва тирабах­тон ва пешбинии ҷойгоҳи муносиби ухра­вӣ барои ҳар кадо­ми онҳо айни ҳикмати илоҳӣ ва тақозои адолати азалии Ху­дованд аст. Бовар ба ҷазои аъмол дар охират ва эътиқод ба абадияти аҳли шақо дар дӯзах ҳарчанд дар таълимоти қуръо­нӣ ба таври мушаххас ва ба дур аз ҳар гуна афкори хурофие баён гардида ва имон ба он аз рукнҳои ақида ба шумор ра­вад ҳам, вале қабули фалсафаи он ба ҳайси фароянди эъти­қо­дӣ ба фарҳанги исломӣ маҳдуд намебошад, балки он дар зим­ни тамоми консепсияҳои динӣ ва таълимоти осмонӣ ва ҳатто дар маҷмӯаэътиқодоти таҳрифгаштаи тамаддунҳои бос­тонӣ муҳимтарин асли ақидатӣ ба шумор меравад.

Ҳамчунин нигаред

вироиш
  1. Фарҳанги забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд) Ҷ.2 П-Ҷ./Дар зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р.Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ. — Москва 1969, — c.777
  2. Аз Доиратулмаъорифи форсӣ
  3. Вожашиносӣ: ҷаҳаннам ва дӯзах(тоҷ.), Порсӣ анҷуман (11 августи 2014). Проверено 20 июни 2017.

Сарчашма

вироиш