Дӯстмурод Алиев (19 апрели 1950, деҳаи Кабкрез, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон — 18 апрели 1989, ҳамон ҷо) — овозхони тоҷик. Ҳофизи халқии ҶШС Тоҷикистон (1979).

Дӯстмурод Алиев
Нимпайкараии ҳофизи шинохта Дӯстмуроди Алӣ дар зодгоҳаш деҳаи Кабкрез
Нимпайкараии ҳофизи шинохта Дӯстмуроди Алӣ дар зодгоҳаш деҳаи Кабкрез
Иттилооти асосӣ
Таърихи таваллуд 19 апрел 1950(1950-04-19)
Зодгоҳ Кабкрез, ноҳияи Файзобод, ҶШС Тоҷикистон
Таърихи даргузашт 18 апрел 1989(1989-04-18) (38 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар  Тоҷикистон
Пеша(ҳо) мусиқидон, овозхон, ҳунарпешаи театр
Ҷоизаҳо Ҳофизи халқии Тоҷикистон (1979)

Зиндагинома

вироиш

Дӯстмурод Алиев 19 апрели соли 1950 дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод ба дунё омадааст. Хатмкардаи факултети маданию маърифатии Институти давлатии санъати Тоҷикистон (1974). Солҳои 1974—1975 дар сафи Артиши Шӯравӣ хидмат кардааст.

Фаъолият

вироиш

Аз соли 1975 то охири умр роҳбари бадеии дастаи ҳунарии Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод буд.

Даргузашт

вироиш

Дӯстмурод Алиев дар айни камолоти ҳунарӣ 19 апрели соли 1989 бар асари беморӣ даргузашт.

Эҷодиёт

вироиш

Дӯстмурод Алиев мусаннифи зиёда аз 60 суруду таронаҳост. Аммо аз Дӯстмурод дар фонди тилои радиои тоҷик танҳо 25 суруд боқӣ мондааст[1]. Асоси репертуари ӯро мавзӯъҳои мухталифи замони мо доир ба васфи Ватану меҳнат, диёри хушманзар, фидокориҳои мардуми шуҷоатманди мо, тараннуми муҳаббати поки инсонӣ ва ғайра ташкил медиҳанд.

Сурудҳо

вироиш

Сурудҳои зер аз оҳангҳои ӯ буда, басо дилнишинанд:

  • «Баҳор омад» (шеъри халқӣ),
  • «Махзани дурдона» (шеъри А. Баҳорӣ),
  • «Моҳи рухсорат» (шеъри Сайидо),
  • «Моҳи Файзобод» (шеъри Усмон Шарифзода),
  • «Ноз», «Мастона ба ноз омадаӣ» (шеъри Кошиф),
  • «Садқаи чашмони ту» (шеъри Ш. Ҳайрат),
  • «Савсани Ҳусн» (шеъри А. Воситзода)
  • «Туро ман дӯст медорам» (шеъри Лоиқ)

Нақш дар театр

вироиш

Дӯстмурод Алиев чун актёр низ дар чандин пйесаҳои якпардагӣ як қатор нақшҳо офаридааст, ки беҳтаринашон Зиёпонсад («Оилаи аскар»-и Т. Аҳмадхонов), Ориф («Бародарон»-и С. Саидмуродов), Эшони Иллоанта («Иллоанта»-и А. Атобоев) мебошанд. Ба Ҷумҳурии Демократии Афғонистон (1984) сафари ҳунарӣ кардааст.

Сабки овозхонӣ

вироиш

Дӯстмурод Алиев чун устодон Зафар Нозимов, Нигина Рауфова ҳофизи нотакрор буда мактаби сарояндагии хешро пайдо кард ва шогирдону пайравонаш бисёриҳо бо услуби ӯ месароянд. Соли 1990, баъди як соли фавти Дӯстмурод дар Файзобод нахустин «Дӯстмуродхонӣ» ташкил шуд, ки пайравонаш аз Қубодиёну Қумсангиру Колхозобод, аз Кӯлобу Вахшу Нораку Ёвон ва дигар гӯшаҳои Тоҷикистон дар ин маҳфил иштирок намуданд[2].

Некдошт

вироиш
 
Лавҳаи ёдгорӣ дар деҳаи Кабкрези ноҳияи Файзобод.

Дар ноҳияи Файзобод мактаби санъати ноҳия ва як ҷамоати деҳот (пешина ҷамоати деҳоти Файзобод) номи Дӯстмурод Алиевро доранд. Дар зодгоҳаш деҳаи Кабкрез, наздик ба роҳи Ваҳдат — Файзобод нимпайкараи овозхон гузошта шудааст.

  1. Садое, ки барои ҳамеша дар дилҳо нишаст // Озодӣ — 17 июни 2010.
  2. Гули хушбӯйи чаман// Набзи Файзобод — 24 апрели 2015.

Пайвандҳо

вироиш

АДабиёт

вироиш
  • ФАЙЗОБОД. Энсиклопедия. Душанбе, 2011. Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. 392 саҳ.