Дӯстмуҳаммади Удӣ
Дӯстмуҳаммади Удӣ (форсӣ: دوستمحمّد عودی; ? — 1508, Ҳирот) — мусиқидон, навозанда, мусанниф ва шоири форс-тоҷик.
Зодгоҳ | Ҳирот |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1508 |
Пеша(ҳо) | навозанда |
Зиндагинома
вироишИлми мусиқӣ ва навохтани созҳои мусиқиро аз падараш Нодирмуҳаммади Созанда, ки шахси ҳунарманд буд, омӯхтааст. Аз мусиқидонони замонаш Устод Шодӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид ва Амир Мумтоз низ сабақ гирифтааст. Дар суҳбат ва маҷлисҳои адабии Абдурраҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ иштироки фаъол дошта, аз онҳо асосҳои шеъру мусиқиро омӯхтааст. Дар навохтани созҳои мухталифи мусиқӣ, бахусус уд, устоди моҳир буд ва аз ин рӯ ба ӯ тахаллуси Удиро додаанд. Дӯстмуҳаммади Удӣ дар жанру шакл, навъҳои шеърию мусиқӣ, дар тазмини зарбу усули мақомҳои «Рост», «Наво», «Бӯсалик», «Исфаҳон» таснифоти рангин дорад. Бахусус ихтирооти ӯ («Пешрави Шодона», «Амали Удӣ», «Кор ба Наво», «Савти оламгир», «Таснифи Рост» ва ғ.) барои сози уд дар ҳаёти мусиқии Ҳирот шуҳрати зиёд пайдо карда буданд. Дӯстмуҳаммади Удӣ муддате дар ш. Гелони Эрон зиста, дар охири умр ба зодгоҳаш баргаштааст. Ӯ дар сурудани ғазалу мустазод маҳорати баланд дошт ва ашъори худро ба оҳанг дароварда, месуруд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Дӯстмуҳаммади Удӣ / А. Раҷабов // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.