Устод Шодӣ
Дарвеш Шодӣ (форсӣ: درویش شادی), маъруф ба Устод Шодӣ (форсӣ: استاد شادی; 1441—1506, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда ва хонандаи форс-тоҷик.
Зиндагинома
вироишАслаш ҳабашӣ. Дар Ҳирот таваллуд шудааст. Ҳунари мусиқиро ибтидо аз падараш, баъдан назарияи онро аз Абдурраҳмони Ҷомӣ омӯхтааст. Устод Шодӣ дар сурудхонӣ маҳорати баланд дошта, мушкилтарин қисматҳои созию овозии мақомҳоро моҳирона месуруд.
Фарзандаш Ғулом Шодӣ низ навозанда будааст. Нақшҳои офаридаи «Сунбула», «Моҳи Ҳилол», «Дили шиша» ва савтҳои Дарвеш Шодӣ дар Хуросону Мовароуннаҳр шуҳрати зиёд доштанд. Аксаран ба ғазалҳои Амир Хусрави Деҳлавӣ, Абдурраҳмони Ҷомӣ ва шоирони дигар оҳангҳо офаридаст. Хоҷа Юсуфи Андигонӣ, Ғулом Алӣ Шунқор, Устод Алӣ Кормал шогирдони бомаҳорати ӯ буданд.
Мувофиқи маълумоти Дарвешалии Чангӣ Дарвеш Шодӣ дар шаҳри Қазон вафот кардааст. Аз асарҳои ӯ, махсусан 12 нақш, ки ба усули мақоми «Ироқ» эҷод кардааст, дар инкишофи мусиқии асри 15 мавқеи муҳим дошт.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Дарвеш Шодӣ / А. Раҷабов // Ғ — Дироя. — Д. : СИЭМТ, 2016. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 5). — ISBN 978-99947-33-67-5.
- Устод Шодӣ / А. Раҷабов // Сақофӣ — Ховалинг. — Д. : СИЭСТ, 1987. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 7).