Евгения Ивановна Рогулина (24 декабр 1906, Самара25 май 1984, Душанбе) — ҳунарпешаи театру синамо, Ҳунарпешаи шоистаи ҶШС Тоҷикистон (1962), Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (1969).

Евгения Рогулина
Таърихи таваллуд: 24 декабр 1906(1906-12-24)
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 25 май 1984(1984-05-25) (77 сол)
Маҳалли даргузашт:
Касб: ҳунарпешаи театр, бозигари синамо
Ҷоизаҳо:

Зиндагинома

вироиш

Техникуми ҳунари синамои шаҳри Ленинградро (1928) хатм намуда, дар киностудияи «Межрабпомфилм» нақшҳо бозидааст. Солҳои 1938—1952 актрисаи Театри драмаи русии ба номи А. Пушкин ш. Ашқобод буд. Аз соли 1952 дар Театри драмаи русии ба номи В. Маяковский кор кардааст. Дар бисёр спектаклҳо, амсоли «Фоҷиаи оптимистӣ», «Мария Трюдор», «Модарандар», «Мария стюарт», «Мартурано», «Андарзи Пани Дулская», «Соати бурҷи Кремл», «Падаратро эҳтиром намо», «Валентин ва Валентина», «Хатои Анна», «Раиси сездаҳум» симоҳои воқеию самимӣ офаридааст. «Модари фарзандони худ», «Навои варшавагӣ» ва чанд намоишномаи дигарро таҳия намудааст.

Ҷоизаҳо

вироиш

Бо медалҳо ва Грамотаи Фахрии Президиуми Совети Олии Тоҷикистон қадр шудааст.

Адабиёт

вироиш
  • Арбобони фарҳанги тоҷик. Донишнома / Муаллиф-мураттиб Ёрмуҳаммади Сучонӣ. — Душанбе, 2016. — 863 с.