Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон
Ҳунарпешаи халқии ҶШС Тоҷикистон (ё ин ки «Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон») — унвони фахрӣ, ки 6 сентябри соли 1936 бо Укази Комитети Иҷроияи Марказии ИҶШС таъсис ёфтааст.[1]
Ҳунарпешаҳои зерин сазовори чунин унвони фахрӣ шудаанд:
- соли 1941 — Муҳаммадҷон Қосимов,София Тӯйбоева, Раъно Ғолибова, Исҳоқова Барно,Азиза Азимова, Аъзам Камолов, Гулчеҳра Бақоева, Авнер Муллоқандов, Тоҷихон Султонова.
- соли 1943 — Мирбобо Зиёев (актёри театр), Каромат Зокирова (актрисаи театр), Итсков Леонид (актёр ва коргардони театр), Менглет Григорий (актёри театр), Башорат Тоҷибоева (актрисаи театр).
- соли 1944 — Акимов Николай (актёр ва рассоми театр), Зарубина Ирина (актрисаи театру кино), Тенин Борис (актёри театру кино), Шариф Ҷӯраев (сароянда).
- соли 1945 — Аслӣ Бурҳонов (актёри театру кино), Ғаффор Валаматзода (устоди рақс), Ланге Вениамин (актёр ва коргардони театр), Мирополская Агофинина (актрисаи театр), Якушев Сергей (актёри театр).
- соли 1946 Савсан Бандишоева (актрисаи театр, сароянда), Латофат Орифова (рақкоса).
- соли 1947 Ашӯра Носирова (раққоса).
- соли 1949 — Лутфӣ Зоҳидова(балерина).
- соли 1951 — Ҳанифа Мавлонова (сарояндаи опера), Шквалов Иван (роҳбари оркестр).
- соли 1955 — Ғуломҳайдар Ғуломалиев (оҳангсоз, устоди рақс).
- соли 1957 — Аҳмад Бобоқулов (сарояндаи опера), Зоҳир Дӯстматов (актёри театру кино), Шоиста Муллоҷонова (сароянда), Ҳоҷиқул Раҳматуллоев (актёр ва коргардони театр), Муҳаммад Халилов (актёри театру кино), Сергей Баласанян (оҳангсоз).
- соли 1960 — Николай Волчков, Борис Кимёгаров, Одилҷон Назаров, Савелева Галина (актрисаи театр), Рустам Эркабоев (коргардон ва актёри театр).
- соли 1962 — Бахтулҷамол Кармахудоев, Абдусалом Раҳимов.
- соли 1963 — Ефим Исоевич Мителман (коргардони театр), Киевский Николай (роҳбари оркестри ҳарбӣ).
- соли 1964 — Зиёдулло Шаҳидӣ (оҳангсоз), Закрутин Михаил (актёри театр).
- соли 1965 — Тӯти Ғаффорова (актрисаи театру кино), Хайрӣ Назарова (актрисаи театр), Тоҳир Тоҷибоев (актёри театр), Ойдина Усмонова (актрисаи театр), Лайло Шарифова (сароянда).
- соли 1965 — Тоҳир Собиров (коргардон ва актёри кино), Шамсӣ Ҷӯраев (актёри театру кино).
- соли 1967 — Ефименко Клавдия (актрисаи театр), Гурминҷ Завқибеков (актёри театру кино), Барно Исҳоқова (сароянда), Лутфӣ Кабирова (сарояндаи опера), Абдулхайр Қосимов (актёри кино).
- соли 1968 — Рафаэл Толмасов (сарояндаи опера), Чистова Елизавета (актрисаи театр).
- соли 1969 — Барамиков Иброҳим (наворбардори кино), Смирнова Олга (актрисаи театр), Малика Собирова (балерина),.
- соли 1971 — Муслима Боқиева (сароянда), Музаффар Бурҳонов (балет), Бозгул Исоева (балерина), Сабзаҷон Шоисмоилова (актрисаи театр).
- соли 1974 — Ҷӯрабек Муродов (сароянда), Ибодулло Абдуллоев (дирижёр), Бегимсултон Алифбекова (актрисаи театр), Ало Алоев (дойранавоз), Аргуновская Евгения (актрисаи театр), Маҳмуд Воҳидов (актёри театру кино), Мӯътабар Иброҳимова (актрисаи театр), Зафар Нозим (сароянда), Фозил Солиев (оҳангсоз), Ғарибсултон Худоёрбекова (актрисаи театр).
- соли 1976 — Ғаффор Валаматзода (раққос ва балетмейстери тоҷик), Малика Қаландарова (Калонтарова Мазол — рақкоса).
- соли 1977 — Барботко Владимир (актёри театру кино), Ерошенко Алексей (актёри театр), Каюков Николай (актёри театр), Карим Қосимов (сароянда), Нуқра Раҳматова (сароянда).
- соли 1979 — Ҳошим Гадо (актёри театру кино), Марям Исоева (актрисаи театр), Пирназар Юсуфов (артисти сирк).
- соли 1980 — Ҷӯрабек Набиев (сароянда), Зебо Аминзода (устоди рақс).
- соли 1981 — Ато Муҳаммадҷонов (актёри театру кино), Орифшо Орифов (сароянда, роҳбари оркестр).
- соли 1983 — Рамзия Баккал (Тарсинова) (устоди рақс).
- соли 1985 — Майсара Дилдорова (сароянда).
- соли 1986 — Сайрам Исоева (актрисаи театру кино), Мусофиршо Маликов (актёри театр).
- соли 1987 — Ҳабибулло Абдураззоқов (актёри театру кино).
- соли 1988 — Владимир Каримов (сарояндаи опера), Давлатманд Холов (сароянда).
- соли 1989 — Давлат Худоназаров (коргардон ва оператори кино), Борис Наматиев (актёри театр, сароянда), Мастона Эргашева (сароянда),
Соли 1990 ба ҷойи «Артисти халқии ҶШС Тоҷикистон» унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон ҷорӣ карда шуд.
АдабиётВироиш
- Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир А. С. Сайфуллоев. — Д. : СИЭСТ, 1978—1988.
Пайванди берунаВироиш
- ru.wikipedia Список_народных_артистов_Таджикской_ССР
- academic Список_народных_артистов_Таджикской_ССР
- ↑ Энсиклопедияи советии тоҷик, Ҷилди 1.(А — Гавҳар) — Душанбе,1978, — с. 245.