Екатеринаи II (русӣ: Екатери́на II Алексе́евна Вели́кая, дар хурдӣ: София Августа Фредерика Анхалт-Сербтск, олмонӣ: Sophie Auguste Friederike von Anhalt-Zerbst-Dornburg, дар православия Екатерина Алексе́евна; 2 май 1729[4][5][6], Штеттин[d]6 [17] ноябр 1796[7][8], Санкт-Петербург[9][10][11]) — императори Русия аз соли 1762 то 1796.

Екатерина II Алексеевна
Таваллуд 2 май 1729(1729-05-02)[4][5][6]
Даргузашт 6 (17) ноябр 1796[7][8] (67 сол)
Мадфан
Дудмон House of Ascania (younger Anhalt-Zerbst branch)[d]
Ном ҳангоми таваллуд олмонӣ: Sophie Friederike Auguste von Anhalt-Zerbst
Падар Christian August, Prince of Anhalt-Zerbst[d]
Модар Joanna Elisabeth of Holstein-Gottorp[d]
Ҳамсар Пётри III
Фарзандон Павели I, Anna Petrovna[d] ва Alexey Bobrinsky[d]
Эътиқод Калисои православии Русия[d]
Соядаст
Монограмма Монограмма
Ҷоизаҳо
Ордени Апостоли муқаддаси Андрей Order of St. Vladimir, 1st class Knight of the Order of St. Alexander Nevsky Order of St. George Order of Saint Anna Order of the Black Eagle Royal Order of the Seraphim ордени Уқоби сафед Order of Saint Catherine
Навъи артиш Russian Imperial Guard[d]
Рутба полковник
Фармондеҳӣ Preobrazhensky Regiment[d], Semenovsky Regiment[d], Izmaylovsky Regiment[d] ва Life Guard Horse Regiment[d]
Набардҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор
Логотипи Викитека Осор дар Викитека

Шохдухтари олмонӣ, София Фредерика Августа Анхалт-Сербтск бо ёрии гвардияи Пётри III ба сари кудрат омад. Имтиёзҳои табақаи дворянҳоро ба ҳукми қонун даровард. Дар замони шоҳигарии ӯ давлати рус қувват гирифт. Заминҳои шимолии назди соҳили баҳри Сиёҳ, им, Қафқози Шимолӣ, Ғарби Украина, Белорус, Литва ба Руя ҳамроҳ карда шуданд.

Ба сари қудрат баромадани Екатерина

вироиш

Табаддулоте, ки ба он дурудароз омодагӣ мегирифтанд, ногаҳонӣ ба вуқӯъ пайваст. Пасек, яке аз суиқасдкунандагон, ҳабс шуд. Субҳи солеҳон аз ин воқеа воқиф гардида, шоҳбону Екатерина дар мушоирати дӯстдораш Алексей Орлов фойтунсавор ба қисми ҳарбии Измайлов омад. Сарбозон даст, пой ва домани Екатеринаро бӯсидаву ба чашм молида, қасами садоқат хӯрданд. Аскарони полки семёновӣ низ ҳамин тавр карданд. Сенат ва Синод (шӯрои олии калисо) розӣ шуданд, ки амри шоҳбонуро иҷро намоянд. Баъд зуд манифест қабул карданд, ки Екатерина аз ин рӯз баъд зимоми ҳукуматро ба даст гирифт баҳри ҳимояи калисои насронии рус ва тартиботи дохилии кишвар. Пётри III баъди бо ду киштӣ дар бандари Кронштадт лангар партофтан аз табаддулоти дарбор воқиф гашт. Кӯтволи диж ӯро ба қалъа роҳ надод, гуфт, ки Русия дигар бо номи Пётри III император надорад, императори онҳо Екатеринаи II мебошад. Пётри III тарсу буд, ҷуръат накард, ки барои тахту тоҷ талош варзад. Вай хеле гирист ва ба Ораниенбаум баргашт. Ночор ба ҳуҷҷати фиристодаи завҷааш имзо гузошту «бо хоҳиши худ» аз тахту тоҷ даст кашид. Ҳамин тавр, 29 июни соли 1762 шохдухтари голштинӣ София-Августа, аз хонадони князҳои хурд, ба тоҷи бузургтарин давлати Аврупо-Русия соҳиб гашт.

Зиндагинома

вироиш
 
Екатерина дар Русия, нигораи Луи Каравака

Екатерина дар оилаи генерали пруссӣ ба воя расида, хеле бебок, чаққон, шӯх ва баду балое буд. Волидайн дар тарбияаш он қадар масъулият зоҳир намекарданд. Падар танҳо ба хидмат банд буду модар дар ҷустуҷӯи моҷаро бо супориши хуфияи Фридрихи Кабир кишварҳои гуногуни Аврупоро чарх мезад. Вале, ҳамин ки ба хона бармегашт, духтаракро сахт мегирифт ва ҳатто омода буд, ки барои шӯхии ночизе шаллоқ занад. Қаҳрамони мо ба ҳамаи сахтгириҳо бо таҳаммул тоб меовард ва вақту соати худро мепоид. Барои издивоҷаш Екатерина бояд аз император Елизавета миннатдор мешуд, зеро ӯ ба писараш аз авлоди худ арӯс ҷуст. София — Августа ба шавҳаршавандааш аз ҷониби модар духтари холабача ба ҳисоб мерафт ва Елизавета ин никоҳро кори оилавӣ меҳисобид. Аммо риштаи хешигарӣ дар дарбори шоҳи рус ба София-Августа бахт наовард. Муносибати маҳрамона бо Пётри III хуб нашуд. Домоди ҳабдаҳсола бо аскарбозӣ машғул буду аз ҳоли арӯс тамоман парвое надошт. Холааш бошад, сахтгириро аз ҳад мегузаронд. Елизаветаи куҳансол ҷиянашро ба мисоли парандаи ваҳшӣ дар қафас нигоҳ медошт, гӯё дар симои арӯс ҳарифи худро медид. Екатерина ба ояндаи дурахшон сахт бовар дошт, бештар зиндадил буд. Медонист, ки ӯро чӣ интизор аст, баҳри ба ҳукумат даст ёфтан сабуриро пеша намуд. «Рӯзе дар кӯчаи мо низ ид мешавад»,-мегуфт ӯ дар дилаш. Екатерина ба ақли расову гирояш такя намуда, ягона роҳи дурустро пеш гирифт. Ба боақлу тадбир будани ӯ фақат шавҳараш шубҳа дошт ва ин боиси аз тахт вожгун шуданаш гашт. Екатерина бо сеҳри сухану муносибати гарм дили атрофиёнро тасхир мекард, ҳарфи дигаронро бо диққат мешунид, ба ашхоси ҷӯяндаву ташаббускор баҳои арзанда медод. Аз ин рӯ, вақте ки пас аз фавти Елизавета ба тахт нодонаки якумра Пётри III нишасту ба азоб додани завҷааш пардохт, ахли дарбор тарафи Екатеринаро гирифт. Боре Пётри III дар назди одамон занашро сахт таҳқир кард ва тахдиди ба зиндон афкандан намуд. Екатерина талх гирист ва бори нахуст дар хусуси ғасби тоҷу тахт, ки ҷонибдоронаш кайҳо боз талқин доштанд, ба андеша рафт ва онро ҷомаи амал пӯшонд. Пётри III ночор ба истеъфономаи барояш тартибдода имзо гузошт. Шоҳи маъзул аввал дар Петергоф, сипас дар Ропша ба сифати маҳбус нигоҳ дошта мешуд. Екатерина аз шоҳбонуҳои дигар бо он фарқ дорад, ки вай сабабгори марги шавҳари аз тахт вожгунгаштааш набудааст. Пётри III дар нӯшонӯшии навбатӣ ба ҳалокат расид. Ҳукмронии Екатерина аз ҷониби таърихдонон баҳои мухталиф гирифтааст, зеро шахсияти император ҳам пурихтилоф буд. Вай худро ба ҳар шароит, вазъият ва муҳит мутобиқ менамуд. Ҳарчанд Екатерина дар ҳалли масоили мушкил ҳамто надошт, хушомадро меписандид. Вай аз ҷавонӣ ба ақидаи атрофиён ҷиддӣ аҳамият медод, мехост донад, ки одамон дар ҳақаш чиҳо мегӯянд. Баъди ба даст овардани ҳокимият танқидро бад медидагӣ шуд. Мехост, ки ӯро доимо васф намоянду ба осмони ҳафтум бароранд, ҳатто он чизеро, ки худмеписандид, ба ҳамагон талқин мекард. Екатерина ба архитектура, рассомӣ, ҳайкалтарошӣ хуб сарфаҳм мерафт, вале мусиқиро намефаҳмид. Вай танҳо ба асарҳои мазҳакавӣ шавқ дошт. Зиндадилӣ ва ташаббускорӣ хислатҳои зебандаи шоҳбону буданд ва ӯ бо ҳамин ҷиҳатҳояш атрофиёнро муттаҳид месохт ва баҳри дарёфти ғалабаҳо ва рушди иқтисодии кишвар сафарбар мекард. Танҳо як дафъа, вақте ки туркҳо ҷанги дуюмро эълон намуданд, лаҳзае саросема шудани Екатерина ба назар расид. Вале зуд худро ба даст гирифт. Ӯ боре ҳам дар зиндагиаш аз ҳуш нарафтааст, дар лаҳзаҳои душвортарин ҳам табассум аз лабонаш канда намешуд. Ба мисли ҳамаи одамони бузург, Екатерина ҳам аз ҳад зиёд кор мекард. Вай аз ҷузъиёти масъалаҳои хурду калон воқиф мегашт, ҳар як корро то ба охир нарасонад, дилаш қарор намегирифт. Екатерина донишманд буд. Дар солҳои арӯсиаш, ки танҳо мезист, тамоми вақти холиашро ба омӯхтани асарҳои фалсафӣ мебахшид. Вай таърихи Олмон, асарҳои кайҳоншиносии Балйй, корҳои илмии қонундони англис Блекстонро …аз худ кард. Солномаҳои русиро таҳқиқ намуда, ба низом овард ва ҳатто ба забоншиносии муқоисавӣ шавқи беандоза зоҳир сохт. Дар ин самт бисёр китобҳоро гирд овард ва дар асоси забони русӣ ба тартиб додани луғати муқоисавии забонҳо даст зад. Баъдтар ҳамаи матлабҳои ғуннамудаи Екатеринаро ба академик Паллас супурданд ва ӯ ҷилди нахустини фарҳангро ба чоп омода гардонд. Давраи ҳукмронии Екатерина пур аз ихтилоф буд. Вай ба ҳама озодӣ ва савод надода бошад ҳам, аммо дар қалби мардуми рус чи гуна аҳамият доштани ин мафҳумҳоро ҳамчун асоси мавҷудияти шахсият ҷой кард.[12]

Хонавода

вироиш

Нигаред

вироиш
  1. Каменский А. Б. Екатерина II //Вопросы истории — 1989 № 3
  2. http://www.history-gatchina.ru/article/smert_e2.htm Место смерти Екатерины II Великой
  3. Шаблон:ВТ-РБС
  4. 4.0 4.1 Архив изобразительного искусства — 2003.
  5. 5.0 5.1 Katarina II (швед.)SLS.
  6. 6.0 6.1 Словарь русских писателей XVIII века. Выпуск 1: А—И (рус.) / под ред. А. М. Панченко — 1988. — С. 291—302. — ISBN 5-02-027972-2
  7. 7.0 7.1 Большая российская энциклопедия (рус.)М.: Большая российская энциклопедия, 2004.
  8. 8.0 8.1 Исаев Ю. Н. Чувашская энциклопедия (рус.)Чувашское книжное издательство, 2006. — 2567 с. — ISBN 978-5-7670-1471-2
  9. 9.0 9.1 http://journals.cambridge.org/article_s1551929511000046
  10. 10.0 10.1 http://www.tandfonline.com/doi/pdf/10.2753/RES1060-9393300346
  11. 11.0 11.1 http://www.musicweb-international.com/classrev/2014/Feb14/Sarti_collection_TC721950.htm
  12. Мусский С., Семашко И. 100 инсони бузурггарин. Тарҷумаи Қурбон Мадалиев. — Душанбе, 2010. — С. 240—245

Адабиёт

вироиш

Пайвандҳо

вироиш