Open main menu

Сарҳанг (форсӣ: سرهنگ‎) — дараҷае сардорӣ ва симате дар нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои низомӣ, интизомӣ ва амниятӣ аст, ки поинтар аз гундсолор ва болотар аз сарҳангёр мебошад; полковник[1].

Сарҳанг
Tajikistan-Army-OF-5.png
Сардӯшии сарҳанг дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон
Кишвар  Tajikistan
Нерӯ Артиш
Кӯтаҳнивишт форсӣ: سرهنگ
Ҳамто дар НАТО[en] OF-5
Дараҷаи болотар Гундсолор
Дараҷаи поинтар Сарҳангёр
Дараҷаҳои баробар
Пайдарпаии дараҷаҳои низомӣ
Дараҷаи поинтар:
Сарҳангёр

Emblem of Tajikistan.svg
Сарҳанг
Дараҷаи болотар:
Гундсолор

Сарҳанг дар нерӯҳои мусаллаҳ маъмулан симати фармондеҳии ҳангро дорад, ки ягоне тактикӣ ва идориву иқтисодиест, ки хурдтар аз гунд буда ва маъмулан аз ду – чаҳор гурдон ташкил мешавад[2]; полк[3].

Мундариҷа

ВожашиносӣВироиш

«Сарҳанг» вожаест куҳан (порсии миёна: «sarhang» аз порсии бостон: *sar(a)- «сар» + √θang- «кашидан; ҳанҷидан, оҳехтан»[4]) ва бо «саркаш» ҳаммаъно будаву дар гузашта зӯрмандону паҳлавонону ҷанговаронро маҷозан саркашу сарҳанг мегуфтаанд. Дар дастнавиштаҳои суғдӣ, ки аз садаҳои VIII — X милодӣ боз мондаанд[5], ин вожа «srδ’nk; srδnng; srϑng» навиштаву [sarθang] хонда мешуда ва маънояш «фармондеҳ, сардор, сарҳанг, сарвар» будааст[6]. Дар порсии миёна низ «sarhang» ‘сардор, фармондеҳ’ буда ва ин маъниро дар форсии дарӣ низ нигаҳ доштааст[7]. Чунончи, бузургвор Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» сурудааст:

Набояд ки аз кордорони ман,
Зи сарҳангу ҷангисаворони ман.
Бихуспад касе дил пур аз орзӯй,
Гар аз банда, гар мардуми некхӯй[8].

Дар сипоҳи Сомониён ва Ғазнавиён сарҳанг сардору фармондеҳи фавҷро мегуфтанд[9]. Аз ин рӯ, аз дер боз «сарҳанг»-ро сохташуда аз ду вожа шумурдаанд: «сар» (‘сардор’) + «ҳанг» (форсӣ: هنگ‎ «сипоҳ, лашкар» > порсии миёна: hang «нерӯ, зӯр»). Чунончи, фарҳанги «Ғиёсу-л-луғот», ки дар соли 1826 милодӣ навишта шудааст, ба нақл аз фарҳангу вожаномаҳои куҳантари «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ» (1608), «Бурҳони Қотеъ» (1652), «Фарҳанги Рашидӣ» (1654), «Баҳори Аҷам» (1739), «сарҳанг»-ро чунин таъриф кардааст: «Кӯтвол ва ваҷҳи тасмия он, ки сар ба маънии сардору амир ва ҳанг ба маънии сипоҳ»[10]. «Фарҳанги Онандроҷ» низ, ки дар соли 1888 дар Ҳинд таълиф шудаву яке аз беҳтарин фарҳангҳои форсӣ аст, дар таърифи «сарҳанг» овардааст: «сардору пешрави лашкару сипоҳ, чи ҳанг ба маънии сипоҳ низ омада». Ҳамин таъриф дар «Фарҳанги забони тоҷикӣ» низ оварда шудааст[11].

Фарҳангистони Эрон бо пешниҳоди Анҷумани вожагузинии артиш дар соли 1935 «сарҳанг»-ро баробари дараҷаи низомии «кулунел» (форсӣ: کلنل‎ > фр. colonel) ниҳод ва «ҳанг»-ро ҷойгузини «режимон» (форсӣ: رژیمان‎ > фр. régiment) ва «фавҷ» (аз ар. فوج‎) кард[12]. «Сарҳанг» дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» низ чун истилоҳи низомӣ ба маънои «фармондеҳи ҳанг (қисми низомӣ, ки ба полк баробар аст)» оварда шудааст[13]. Аз ин рӯ, истилоҳоти «сарҳанг» ва «ҳанг» барои ҷойгузин кардани вомвожаҳои русии «полковник» ва «полк» ба Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд[14].

ПешинаВироиш

Сарҳанг ҳамчун симату дараҷаи низомӣ нахустин бор дар сипоҳи Ҳахоманишиён (550 – 330 то милод) падид омадаву «ҳазорабад» (порсии бостон: *hazārapati-) номида мешуда, ки фармондеҳи як «ҳазора» (порсии бостон: *hazāra-) будааст[15]. Ҳазора аз 10 сада (порсии бостон: *θata-) ташкил мешуд ва 1 000 сарбозро дар бар мегирифт. Ҳар ҳазора ё ҳанг барои худ дирафш (порсии бостон: «drafša-» дошт[16]. Аз ин рӯ, дар сипоҳи Ашкониён (250 то милод224), ки созмони радабандии даҳдаҳии сипоҳи Ҳахоманишиёнро ба кор гирифта буд[17], ҳазора «дирафш» (порсии миёна: drafš) ном гирифта ва сардори он, яъне сарҳанг, «дирафш-солор» (порсии миёна: drafš-sālār) хонда мешуд[18]. Дар сипоҳи Сосониён (224 — 651) низ ҳамин радабандӣ ва номгузорӣ ба кор мерафта, вале ҳар дирафш аз ду вашт (порсии миёна: «wašt») ташкил мешуд, ки ҳар кадоме 500 сарбозро дар бар мегирифт[19].

Дар паи шикасти шоҳаншоҳии Сосониён аз мусулмонон ва густариши ислом дар Эронзамин, арабҳо бархе аз истилоҳоти низомии эрониро вом гирифтанд ва бархеро низ бо истилоҳоти арабӣ ҷойгузин карданд. Чунончи, ар. «عسکر» [аскар]‎ аз порсии миёна: laškar, ар. «جند» [ҷунд]‎ аз порсии миёна: gund ва ар. «فیج» [файҷ]‎ аз порсии миёна: payg (пиёда) вом гирифта шудаанд[20], вале «дирафш» ҷояшро ба «фавҷ» (ар. فوج‎) додааст.

Дар сипоҳи Сомониён (819999) сарфармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳро «сипаҳсолор» (форсӣ: «سپهسالار»‎) ва фармондеҳи фавҷро «сарҳанг» (форсӣ: «سرهنگ»‎) меномиданд[21].

Сарҳанг ҳамакнун яке аз симатҳои низомӣ ва дараҷаҳои афсарӣ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ва баробар бо полковник дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аст.

ПайвандҳоВироиш

МанобеъВироиш

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ»
  2. Фарҳанги ҳазор вожаи низомӣ. — Теҳрон: Фарҳангистони забону адаби форсӣ, Дафтари вожагузинии низомии Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон, 1392. – саҳ. 202
  3. Коллектив авторов. статья «Полк» // Военная энциклопедия / под ред. П. В. Грачёв. — М.: Воениздат, 2002. — Т. 6. — С. 483—490. — 639 с. — 10 000 экз. — ISBN 5-203-01873-1.
  4. L. G. Herzenberg. Studies in Persian Etymology II. — p.26
  5. Рагоза А.Н. Согдийские фрагменты Центрально-Азиатского собрания Института Востоковедения. – М.: Наука, 1980. – с. 27; 54
  6. Қариб, Бадруззамон. Фарҳанги суғдӣ (суғдӣ-форсӣ-инглисӣ). — Теҳрон: «Фарҳангон», 1995. ISBN 964-5558-06-9. — с. 361 – 362
  7. Деҳхудо, Алиакбар. Луғатнома. سرهنگ
  8. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. — Душанбе: «Адиб», 1989. — ҷ. 7, с. 229
  9. Анварӣ, Ҳасан. Истилоҳоти девонии давраи Ғазнавӣ ва Салҷуқӣ. – Теҳрон: Сухан, 1373. – с. 133.
  10. Ғиёс-ул-луғот. Таълифи Ғиёсиддин Муҳаммад ибни Ҷалолиддин ибни Шарафиддин Ромпурӣ (ба соли 1242 ҳиҷрии қамарӣ); бо ҳавошӣ ва изофот, ба кӯшиши Муҳаммад Дабири Сиёқӣ, Теҳрон, 1337 хуршедӣ, ҷилди 2, сод – ё. — с. 545
  11. Фарҳанги забони тоҷикӣ. Зери таҳрири М. Ш. Шукуров, В. А. Капранов, Р. Ҳошим, Н. А. Маъсумӣ — М., «Советская Энциклопедия», 1969. ҷ. 2, с. 214; 730
  12. Рустоӣ, Муҳсин. Вожагони низомии мусаввиби Фарҳангистони Эрон (1314 — 1320 ҳ.ш.) // Ганҷинаи аснод. — саҳ. 38
  13. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ (иборат аз 2 ҷилд). Зери таҳрири Сайфиддин Назарзода (раис), Аҳмадҷон Сангинов, Саид Каримов, Мирзо Ҳасани Султон. – Душанбе: Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ, 2008. – 950 саҳ. – ҷ. 2, с. 515.
  14. Умед Джайхани: В национальной армии и терминология должна быть максимально национальной
  15. J. Marquart, Untersuchungen zur Geschichte von Eran I, Göttingen, 1896, p. 57
  16. E. Pottier, Douris et les peintres de vases grecs, London, 1909, p. 105 fig. 20, Plate XXV.b
  17. Никоноров В. П. К вопросу о парфянском наследии в сасанидском Иране: военное дело // Центральная Азия от Ахеменидов до Тимуридов: археология, история, этнология, культура. Материалы международной научной конференции, посвященной 100-летию со дня рождения Александра Марковича Беленицкого (Санкт-Петербург, 2–5 ноября 2004 года) / Отв. ред. В. П. Никоноров. СПб., 2005. С. 156
  18. Farrokh, Kaveh. Sassanian Elite Cavalry AD 224-642. Oxford: Osprey, 2005. ISBN 1841767131. — с. 6—7
  19. Kaveh Farrokh, Gholamreza Karamian, Katarzyna Maksymiuk. A Synopsis of Sasanian Military Organization and Combat Units, Siedlce-Tehran 2018. — ISBN 978-83-62447-22-0. — c. 13
  20. Tafazzoli A. Sasanian Society. I. Warriors. II. Scribes. III. Dehqāns. N.Y., 2000.
  21. Ноҷӣ, Муҳаммадризо. Фарҳангу тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. — Теҳрон: Амири Кабир, 1386. — С. 252. — 904 с. — ISBN 964-00-1086-3.