Жанрҳои таҳлилии журналистика

Жанрҳои таҳлилии журналистикажанрҳои публитсистие, ки ҳангоми баррасии воқеаҳои инъикосшавандамуаллиф муносибати худро муайян мекунад, моҳият, ҳолат, вазъият, мушкилот ва дурнамои онро нишон медиҳад.

Дар журналистикаи анъанавӣ ба жанрҳои таҳлилӣ, асосан мухбирнома, мақола, хулосаи матбуот, нигориш, тақриз ва мактуб шомил буданд. Дар журналистикаи муосир табсира, суҳбат, таҳқиқи журналистӣ ва ғайраро низ ба жанрҳои таҳлилӣ мансуб медонанд. Махсусияти ин гурӯҳи жанрҳоро тарзи муносибат ба предмети инъикос ва таҳлилу баррасии масъалаҳои гуногун ташкил медиҳад. Маҳз муносибати субъективии муаллиф ба воқеаву рӯйдод, проблемаву зиддият таҳлилро ба вуҷуд меорад. Дар омӯзишу баррасӣ ва таҳлили ин ҷиҳатҳо эҳсосу дарк ва ҷаҳонбинии муаллиф нақши муҳим мебозад.

Жанрҳои таҳлилиро аз рӯйи муносибати муаллиф, ҳамчунин вазифа ва хислат ба ду зергурӯҳ ҷудо намудан мумкин аст:

а) жанрҳои таҳқиқию ташреҳӣ;

б) жанрҳои таҳқиқию таҳлилӣ;

Ба зергурӯҳи аввал мухбирнома, табсира, тақриз, суҳбат ва хулосаи матбуотро дохил кардан мумкин аст.

Ба зергурӯҳи дуюм мақола, нигориш, мактуб ва таҳқиқи журналистиро метавон шомил намуд.

Дар жанрҳои гурӯҳи аввал, аз як тараф, моҳияти навгонии иттилоот нигоҳ дошта мешавад, аз ҷониби дигар, бо вуҷуди ҳукмрон будани усули таҳқиқи ақлӣ (ратсионалӣ), таҳлил то андозае дар асоси эҳсос шакл мегирад. Дар ин гурӯҳи жанрҳо факту далоиле метавонанд мавриди истифода қарор гиранд, ки кайҳо ба аудитория маълуманд. Аз ин рӯ, вазифаи муаллиф, пеш аз ҳама, тавассути шарҳу тавзеҳи тоза моҳияти фактҳоро ошкор намудан аст.

Дар жанрҳои зергурӯҳи дуюм таҳлили мантиқӣ – ратсионалӣ ва музокираву баҳс хос аст. Дар таҳияи ин жанрҳо муаллиф метавонад, аз як тараф, сарчашмаҳои гуногунро мавриди истифода қарор диҳад, аз сӯйи дигар, нигоштаашро бо услуби илмию оммавӣ ба шакл дарорад. Дар ин гурӯҳ фикр, эътимоднокии фактҳо, далелнокии хулосаҳо ва мавқеи аниқи муаллиф талаботи асосӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин дар ташкили ин гуна жанрҳо муаллиф кӯшиш менамояд, ки як навъ дурнамои масъалаи барасишавандаро пешгӯйӣ намояд.[1]

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 75-76. ISBN 978-999-47-43-37-7