Жилбе́р Лео́н Жан Лаза́р (фр. Gilbert Lazard; 4 феврал 1920[1][2][3][…], 10th arrondissement of Paris[d][3]6 сентябр 2018[3][4], 14-ум минтақаи Порис[d][3]) — шарқшиноси фаронсавӣ.

Жилбер Лазар
Таърихи таваллуд 4 феврал 1920(1920-02-04)[1][2][3][…]
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 6 сентябр 2018(2018-09-06)[3][4] (98 сол)
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ эроншиносӣ ва радашиносии забонӣ[d]
Ҷойҳои кор
Алма-матер
Ҷоизаҳо
 Парвандаҳо дар Викианбор

Зиндагинома

вироиш

Аз соли 1971 дар Донишгоҳи Сорбоннаи Нав аз забон ва адабиёти форс-тоҷик дарс мегӯяд. Фаъолияти илмии Лазар аз ибтидои солҳои ҳои 50 оғоз ёфтааст. Нахустин навиштаҳои ӯ шархи асарҳои донишмандони эронӣ дар бораи ба осори Абуалии Сино мебошад, ки дар «Маҷаллаи тадқиқоти исломӣ» дарҷ гардид. Қисмати «Адабиёти форсӣ»-и китоби бисёрҷилдаи «Таърихи адабиёти ҷаҳон» (1956) низ ба қалами Лазар тааллуқ дорад, ки дар он аз таърихи бунёд ва ин¬рушди адабиёти форс-тоҷик дар тули ҳазор сол сухан рафтааст. «Хусусиятҳои фарқкунандаи забони тоҷикӣ» ном тадқиқоти ӯ бевосита дар мавриди забони тоҷикӣ аст. Лазар муаллифи китобҳои «Грамматикаи забони муосири форсӣ» (1957), «Забони бостонии ёдгориҳои насри форсӣ» (1963), «Аввалин шоирони форсӣ. Асрҳои IX—X» (1964) мебошад. Тадқиқи амиқи насри бостонаи тоҷик ба Лазар имкон дод, ки аз луғати арабӣ дар забони форсии асрҳои X—XII харф занад — «Иқтибосҳои арабӣ дар насри форсии асрҳои X—XII, қайдҳои статистикӣ» (1956).

  1. 1.0 1.1 Bibliothèque nationale de France идентификатор BNF (фр.): платформаи додаҳои боз — 2011.
  2. 2.0 2.1 AlKindi (онлайн-каталог Доминиканского института востоковедения)
  3. 3.0 3.1 3.2 3.3 3.4 3.5 3.6 3.7 https://deces.matchid.io/id/7gqP_Z1o2vg_
  4. 4.0 4.1 Who's Who in France (фр.)Paris: 1953. — ISSN 0083-9531; 2275-0908