Журналистикаи диниву клерикалӣ
Журналистикаи диниву клерикалӣ – типи таърихии журналистика, ки ҳанӯз дар сохти ҷомеаи феодалӣ ба вуҷуд омада, дар ҷаҳони муосир фаъолона амал мекунад. Дар асри XVI буржуазияи навбунёд кӯшиш намуд, ки сохтори сиёсии ҳокимиятро аз тобеияти қонунҳои католикӣ раҳо намояд. Ин аввал дар давраи ислоҳоти англисҳо (муборизаи Генрихи VIII ба муқобили Ватикан, ҷудо намудани масоҷиди англисӣ) ва анқариб дар як вақт – дар рафти ислоҳотхоҳии Олмон, ҳаракати эътирозкунандагони Фаронса, эҳёи фалсафию эстетикии Италия ба вуҷуд омадааст. Барои асоснок гардонидани мавқеи худ идеологҳои котоликӣ доктринаи «муттаҳид намудани озодии халқ ва эътиқодро дар мубориза ба муқобили князҳо, подшоҳон ва императорони дунявӣ, ки «Қонунҳои илоҳӣ»-ро риоя намекарданд, коркард намуданд. Дар ибтидои асри XVII Ватикан барои мустаҳкам кардани эътиқоди мавқеи котоликӣ барномаҳои зиёдеро амалӣ гардонид. Аз ҷумла маркази котоликии – «Конгрегатсияи тарғиби эътиқод» ташкил карда шуд. «Матбааи полиглот» ба интишори адабиёти тарғибкунандаи эътиқод (боварӣ) машғул гардид. [1]
Нигаред
вироишЭзоҳ
вироиш- ↑ Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 78. ISBN-978-999-47-43-37-7
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |