Open main menu

Журналистикаи таҳлилӣ

Журналистикаи таҳлилӣ – ибораи журналистикаи таҳлилӣ аз журналистикаи Ғарб ворид шуда, навъи махсули фаъолияти журналистие мебошад, ки бо муносибати таҳлилӣ, бартарии ҷузъиёт, услуби илмӣ, маънидоди масъалаҳо ва ё ҷараёни воқеаҳо, шарҳу тавзеҳи фактҳо фарқ мекунад. Предмети онро на воқеаҳои ҷорӣ, балки шарҳу маънидод ва баррасии онҳо ташкил медиҳанд ва ба ин навъи журналистика фаврият дахл надорад. Аломати муҳими журналистикаи таҳлилӣ дар мавод ҷой додани унсурҳои пешгӯйикунанда, муайян кардани роҳу усулҳои баррасии проблема ва амсоли ин мебошад. Дар саҳифаҳои нашрияҳои имрӯза ба маводи зиёде дучор меоем, ки дар онҳо баррасии воқеаҳо дар такя ба мавод ва адабиёти мавҷуда сурат гирифтааст. Чунин маводро журналистикаи таҳлилӣ номидаанд. Дар таърихи журналистикаи ватанӣ истилоҳи журналистикаи таҳлилӣ истифода нашудааст. Журналистикаи таҳлилӣ ҳамоно жанрҳои таҳлилии публитсистика мебошад, ки хусусияти худро доранд. [1]

НигаредВироиш

ЭзоҳВироиш

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 79. ISBN-978-999-47-43-37-7