Журналистикаи фаъоли иҷтимоӣ

Журналистикаи фаъоли иҷтимоӣ – навъи журналистикае, ки на танҳо инъикоси навгониҳо, таҳлили воқеаҳо, балки таъсир расонидан ба рафти ҳаёти иҷтимоиро ҳадафи асосии худ қарор медиҳад. Шартҳои асосии журналистикаи фаъоли иҷтимоӣ чунинанд: рӯзнома ва рӯзноманигорон на ҳамчун мушоҳиди беғараз баромад мекунанд, балки кӯшиш менамоянд, ки иштирокчии фаъоли ҳаёти ҷомеа бошанд; нашрияҳо бояд майдони музокираи масъалаҳои муҳим гарданд; мавқеи масъала, ҳодиса ва мушкилоти ба одамони одӣ зарур бештар мегардад; афкори иҷтимоӣ дар ҷараёни ташкили музокира ва баҳсҳо миёни аъзоии ҷомеа шакл мегирад; журналистика ҳамчун васила барои баланд бардоштани сатҳи сармояи иҷтимоӣ истифода мешавад.[1]

Нигаред вироиш

Эзоҳ вироиш

  1. Муродов М. Донишномаи фарҳанги рӯзноманигорӣ. Муҳаррир Ш. Комилзода. – Душанбе: Аржанг, 2016. – 480 с. – С. 84. ISBN 978-999-47-43-37-7