Забони муоширати байни миллатҳо

Забони муоширати байни миллатҳозабонест, ки расман ҳамчун воситаи муоширати халқҳо дар дохили мамлакат эътироф шудааст. Мувофиқи моддаи 2 Конститутсияи ҶТ «забони русӣ ҳамчун забони муоширати байни миллатҳо амал мекунад». Чунин меъёр дар қонунгузории дигар кишварҳо кам вомехӯрад. Конститутсияи Молдова соли 1994 забони муоширати байни миллатҳоро муайян накардааст, вале дар банди 3 моддаи 13 гуфта шудааст, ки «давлат барои омӯзиши забони муоширати байналхалқӣ мусоидат мекунад».[1]

Нигаред низ

вироиш
  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с. 164