Забонҳои бадахшонӣ — забонҳое, ки дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роиҷанд, ба забонҳои шарқии эронӣ шомиланд. Ин забонҳоро шарқшиносон шартан «забонҳои помирӣ» ном ниҳодаанд ва дар солҳои охир ҷойи ин ибораро таркиби «забонҳои бадахшонӣ» ишғол намудааст. Забонҳои бадахшонӣ инчунин дар миёни мардуми Бадахшони Афғонистон ва дар минтақаи Тошқӯрғони ноҳияи худмухтори ӯйғуристони Чин мустаъмал аст.[1]

Забонҳои бадахшони (помири) шимолӣ

вироиш

Забонҳои шуғнонӣ – рушонӣ

вироиш

Гурӯҳи забонҳои шуғнонӣ –рушонӣ асосан дар соҳили дарёи Панҷ дар қаламрави Тоҷикистон ва Афғонистон густариш ёфтааст ва забонҳои ин гурӯҳ ба ҳамдигар қаробату шабоҳати зиёд доранд. Теъдод ва макони густариши забонҳои ин гурӯҳ чунин аст:

Забонҳои бадахшони (помири) ҷанубӣ

вироиш

Забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) мисли забони пушту, осетинӣ, яғнобӣ ба гурӯҳи забонҳои шарқии эронӣ шомиланд ва ба забонҳои қадимаи сакоӣ, бохтарӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва диг. қаробати наздик доранд.

Нигаред низ

вироиш

Адабиёт

вироиш
  • Пахалина Т. Н. Памирские языки. — М.: Наука (ГРВЛ), 1969. — 164 с. — (Языки народов Азии и Африки).
  • Языки и этнография «Крыши мира». СПб.: «Петербургское Востоковедение», 2005. — 112 с.
  • Payne, John, «Pamir languages» in Compendium Linguarum Iranicarum, ed. Schmitt (1989), 417—444.
  • Эдельман Д. И. Памирские языки // Лингвистический энциклопедический словарь. — М.: СЭ, 1990.
  1. kumitaizabon.tj/забоншиносӣ(пайванди дастнорас)