Зайнулъобидини Румӣ
Мавлоно Зайнулъобуддини Румӣ (? — 1475, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, навозанда, шоир ва донишманди форс-тоҷик, китобдори дарбори Темуриёни Ҳирот.
Зодгоҳ | Ҳирот |
---|---|
Таърихи даргузашт | 1475 |
Пеша(ҳо) | навозанда |
Зиндагинома
вироишАсосҳои назарию амалии мусиқиро дар зодгоҳаш омӯхта, сипас барои аз худ кардани нозукиҳои илми мусиқӣ ба Рум рафтааст. Баъди бозгашт аз Рум дар дарбори ҳокимони Ҳирот ба сифати китобдор ва масъули меҳтархона хидмат кард. Бо Абдурраҳмони Ҷомӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид ва дигар устодони шеъру мусиқии замони худ робитаи наздик дошт. Зайнулъобидини Румӣ дар илмҳои дақиқ, адабиёту фалсафа, илоҳиёт, мусиқӣ, ахлоқу мантиқ, ҳунарҳои бадеӣ (хаттотӣ, китобат, ороишгарӣ, ҳалкорию хотамкорӣ) ва санъати шоҳмот истеъдоду дониши баланд дошт. Дар мусиқии илмию амалӣ яке аз чеҳраҳои номдори ҳавзаи ҳунарии Ҳирот маҳсуб мешуд. Бо устодони мусиқии ҳавзаи ҳунарии Ҳироту Самарқанд Хоҷа Юсуфи Бурҳон, Хоҷа Исҳоқи Шиҳобӣ, Хоҷа Абдуллоҳи Марворид, Амир Муртоз, Устод Шодӣ, Ҳофизи Басир, Хоҷа Абдулқодир ва дигарон аз наздик ошноӣ дошт. Дар мусиқии амалӣ аз донандагону устодони комили санъати мақом ва мақомсароӣ буд. Зайнулъобидини Румӣ бо такя ба сохтори зарбию авзонӣ, суннатҳои устодонаи эҷодию иҷроии мақомҳо дар жанру шаклҳои «нақш», «қавл», «амал», «пешрав», «кор» таснифоти зиёд ва ба зарбу навоҳои мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Ироқ», «Бузург», «Зерафканд» савтҳои рангин тасниф кардааст. Асарҳои офаридаи Зайнулъобидини Румӣ «Пешрави фаръ», «Нақши хоҷагон», «Амали моҳрӯён», «Пешрави афшон» ва ғ. назди устодони ҳавзаҳои ҳунарии Ҳироту Рум, Самарқанду Бухоро шуҳрати зиёд доштанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зайнулъобидини Румӣ / А. Раҷабов // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.
- Донишномаи Шашмақом / Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — С. 72 ISBN 978-99947-49-13-3