Зайнулъобидин Шарифии Қазвинӣ
Зайнулъобидин Шарифии Қазвинӣ (форсӣ: زینالعابدین شریفی قزوینی; зод. Қазвин) — хушнавис ва настаълиқнависи эронӣ.
Зодгоҳ: | |
---|---|
Шаҳрвандӣ (табаият): | |
Навъи фаъолият: | хушнавис |
Зиндагинома
вироишЗайнулобидин Шарифии Қазвинӣ навъҳои хатти настаълиқ ва хафиро хубу зебо менавишт. Чанд муддат дар доруттаълифи вазорати Носируддиншоҳ (1831—1895) ва Музаффаруддиншоҳ (1852—1906) вазифаи котибиро иҷро кардааст. Аз рӯи хатти Зайнулобидин Шарифии Қазвинӣ китобҳои «Қонуну-р-риёзиёт фӣ сабили-л-ҳидоят» (бо хатти настаълиқ, 1893), «Девон»-и Ҳофизи Шерозӣ (1896), «Бустону-с-саёҳат»-и Зайнулобидини Шервонӣ, «Девон»-и Ҳаким Сурӣ (бо хатти хафӣ, 1904), «Ибдоъу-л-бадоеъ»-и Шамсулуламо Қариб (1910), «Номаи Аҳмадӣ», «Аҳсану-л-ахлоқ» (1913), «Таърихи оламоро»-и Аббосӣ (1957, Теҳрон) ва ғ. чопи сангӣ шудаанд.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Зайнулъобидини Қазвинӣ // Дирҳам — Замин. — Д. : СИЭМТ, 2017. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 6). — ISBN 978-99947-33-69-9.