Закарийё (ар. زكريا‎) — дар ислом яке аз паёмбарони Банӣ Исроил, ки ба ҳафт пушт ба Ҳорун — бародари Мусо-пайғамбар мерасад.

Закарийё
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: роҳиб
Таърихи таваллуд: асри I то м.
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: асри I
Маҳалли даргузашт:
Эътиқод: monotheism[d]
Ҳамсар Elizabeth[d]
Фарзандон: John the Baptist[d]
Осор:
Шабоҳат: Закарийё[d]

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Зуҳурашро 5500 сол баъд аз ҳубут (фуруд омадан)-и Одам ва муддати умрашро 115 сол гуфтаанд. Закарийё дар Қуръон 8 бор ёд шуда, достони ӯ дар ду сура (3: 37-41; 19: 2-11) муфассал ва дар як сура (21:89) мухтасар баён ёфтааст. Дар як сура (6: 85) номаш дар баробари баъзе паёмбарон аз ҷумлаи солеҳон зикр гардидааст.

وَزَكَرِيَّا وَيَحْيَى وَعِيسَى وَإِلْيَاسَ كُلٌّ مِنَ الصَّالِحِينَ  ‎ 

Дар китобҳои таърих, тафсир ва қасас номи падари Закарийё Бархиё ва номи занаш Ашбоъ бинти Фоқуд зикр шуда, омадааст, ки Закарийё шавҳари холаи Марям буд. Вақте Марямро модараш, ки барои Худо назр карда буд, ба масҷиди Байтулмуқаддас овард, Закарийё аз роҳи қуръакашӣ сарпарасту мураббиаш гардид. Ҳар боре ки Закарийё ба меҳроб назди Марям ворид мешуд, дар пеши ӯ анвоъи хӯрокиву нӯшокӣ ва меваҷоти тару тоза (меваҳои тобистониро дар зимистон ва баҳориро дар зимистон) дида, аз ин шигифтзада мегардид. Дар посух ба суоли Закарийё, ки ин аз куҷо бароят омадааст, Марям гуфт: «Ин аз назди Худованд аст». Азбаски Закарийё аз бефарзандӣ чандин сол буд, ки ранҷу азоб мекашид, бо мушоҳадаи ин ҳолат дар дилаш ҳаваси талаби фарзанд пайдо шуд, ҳарчанд хеле куҳансол гашта (ба як қавл, 90-сола) ва занаш ҳам нозо буд. Пас дуо кард ва аз даргоҳи Худованд фарзанди неку шоиста талаб кард. Ин дуои Закарийё (Қуръон, 3:38) ҳамчун суннати анбиё будани дуо кардан барои талаби фарзанд истидлол мешавад. Худованд дуои Закарийё-ро иҷобат фармуд ва фариштагон муждаи таваллуди фарзанд (Яҳё)-ро ба ӯ расониданд. Закарийё аз Худованд хост барояш нишонае қарор диҳад, то аз бордор шудани занаш огоҳ гардад. Худованд фармуд, ки се рӯз наметавонӣ бо мардум сухан гӯӣ, ҷуз ба имову ишора. Забони Закарийё бидуни иллате баста шуд ва ӯ аз меҳроб сӯи мардум омада, бо онҳо ба ишораи лабҳо ва такон додани сар сухан гуфт, аммо ҳангоми зикри Худо забонаш кушода мешуд. Закарийё аз ин ҷо дарёфт ва яқин кард, он Худое, ки забони бастаро бар зикраш мекушояд, қодир аст раҳими бар асари нозоӣ бастаро бикушояд ва аз он фарзанд ба вуҷуд оварад. Саранҷом Худованд ба ӯ Яҳёро ато кард.

Тибқи достоне, ҳангоме ки Марям, ба қудрати илоҳӣ, бидуни шавҳар бордор шуд, банӣ Исроил гуфтанд, ки ҳеч кас ҷуз Закарийё вайро обистан накард, зеро пайваста пеши ӯ мерафт. Ҳарчанд Исо (а) ҳангоми таваллуд ба сухан даромада, ба покдомании модараш гувоҳӣ дод, бо вуҷуди ин душманон аз пайи Закарийё шуданд ва қасди куштани ӯро карданд. Закарийё аз онҳо гурехта, ба яке аз боғҳои наздики масҷиди Байтулмуқаддас ворид шуд. Дар боғ дарахте шикофта шуд ва Закарийё дар он паноҳ бурд, вале гӯшаи ридо (ҷома)-аш берун монд. Таъқибгарон он дарахтро аз мобайн арра ва пора-пора карда, Закарийёро бо бераҳмии даҳшатангезе ба қатл расониданд. Дар достони дигаре сабаби рӯ ба гурез овардани Закарийё қатли писараш Яҳё ба дасти шоҳи замон ва қасди куштани ӯ кардани он тоғут қаламдод шудааст.

Баъзе шабоҳатҳое миёни достони Закарийё дар Қуръон бо достони Закарийё дар Инҷили Луқо (боби 1) вуҷуд дорад. Дар он Закарийё ба ҳайси роҳибе ба ном Захария дар рӯзгори шоҳи Яҳудо — Ҳиродус (Ирод), падари Юҳанно (Иоанн)-и Таъмидгар ва номи занаш Элисобаъ (Елисавета) зикр шудааст. Аммо дар «Китоби пайғамбар Захария»-и Аҳди Қадими Библия оид ба шахсияти комилан дигар сухан меравад. Минбаъд баъзе қиссаву достонҳои инҷилӣ дар бораи Закарийё ба китобҳои қасас, тафсир ва таърихи муаллифони исломӣ низ роҳ ёфтанд. Номи мардонаи тоҷикии Зикриё шакли таҳрифшудаи Закарийё аст.

  1. 1.0 1.1 67 // (unspecified title)

Адабиёт

вироиш
  • Ислам: Энциклопедический словарь. М., 1991;
  • Инҷил. Аҳди Ҷадид. Стокгольм, 1997;
  • Али-заде А. Исламский энциклопедиеский словарь. М., 2007;
  • Табарӣ Муҳаммад ибни Ҷарир. Таъриху-р-русули ва-л-мулук. Ҷ. 1. Д., 2015;
  • النجار عبد الوهاب. قصص الانبياء. بيروت، 1976؛
  • اشتهاردي محمدي. قصه هاي قرآن به قلم روان. قم، 1383 ش.؛
  • ميرحيدري جعفر. تاريخ انبيا (قصص القرآن). تهران، 1384 ش
  • ديوبندي محمد شفيع عثماني. تفسير معارف القرآن. جلد 3. تهران، 1390 ش؛

Пайвандҳо

вироиш