Мансури Залзал
Мансури Залзал (форсӣ: منصور زلزل), Залзали Розӣ (дарг. 791) — навозанда, мусиқидон ва оҳангсози эронитабори араб. Шуҳрати вай ба хотири ибдоъи пардае дар куки созҳои мусиқии эронӣ аст, ки ба «Вустои Залзал» маъруф аст.
Таърихи даргузашт | 791 |
---|---|
Пеша(ҳо) | мусиқидон |
Зиндагинома
вироишЗодаи Рай. Мусиқиро дар зодгоҳаш аз падараш, ки аз донандагони мусиқии замони Сосониён (222—651) омӯхт. Барбатнавозиро аз навозандагони Хуросону Мовароуннаҳр омӯхта ва дар сози барбат (уд) ба мартабаи устоди барбат, таҷдидгари ин соз ва ихтироъкори пардаи Залзал (дар уд) шуҳрат дорад. Равия, сабки бостонии барбатнавозиро аз Ҷавонияи Форс (672—761) омӯхта, бештар дар замина ва такяи анъаноти иҷроию эҷодии қадимаи мардумони эронӣ кор ва эҷод мекард, дар мактаби ҳунарии Бағдод ҳам сабк, усули пешиниёнро бо тозакориҳои иҷроию эҷодӣ идомаю таълим медодааст. Арабҳо сабки ӯро «ат-тарикат-ал-қадимат», «Ат-тарикат-ал-аҷамия», «Ат-тарикат-ал-фаҳлизӣ» (Борбадӣ) ном бурдаанд. Дар манобеи хаттии арабизабон (Исфаҳонӣ, «Китоб-ал-оғонӣ» ва ғайра) низ аз ноқилони ба устувори сабки бостонӣ (эронӣ) будани З. Р. ахбори зиёде собит шудааст. Залзали Розӣ бародар-зодаи завҷаи Исҳоқи Мавсилӣ (эронитабор, муассиси Фарҳангистони ҳунари Бағдод 742—804) буд, ба маркази хилофати Аббосиён Бағдод даъват шуда, дар боргоҳи Ҳоррунаррашид (786—804), ал-Маъмун (813—833) хидмат кардааст. Дар ҳамкорӣ бо Иброҳими Мавсулӣ зумраи зиёди ромишгарони эронитабору ғайраро дар фарҳангистони Бағдод тарбия намуда, Иброҳим ба ҳунари нотакрори барбатнавозиаш рашк мебурд. Сабки эҷодию иҷроии Залзали Розӣ дар маркази хилофат тарафдорони зиёде пайдо карда (Юнуси Форс, Муҳризи Форс, Нашити Форс, Исҳоқи Мавсилӣ ва ғайра) ва идома ёфт. Ӯ ашъори форсиро ба арабӣ баргардонида, рӯи онҳо оҳангҳо месохта, дар сози барбат (уд) тағйироти ҷиддии торию пардавӣ[1].
Эзоҳ
вироиш- ↑ Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 72 ISBN 978-99947-49-13-3
Адабиёт
вироиш- Дарвешалии Чангӣ, Рисолаи мусиқӣ, Р:7005-111, ИВАН Уз. ССР;
- Раҷабов А. Афкори мусиқии тоҷик дар садаи XII-15, Душанбе, 1989;
- Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ.1, Душанбе, 1988.