Заминбардорӣ — дар санъати меъморӣ сабки хосси кандакории нисбатан ҳамвор. Замин ҳангоми ороиш ва нақшу нигори дар, дарвоза ва сутунҳо истифода мешавад. Тарзу усули ин навъи кандакорӣ чунин аст: аввал ба рӯи чӯб бо қалам нақш мекашанд ва баъд онро бо абзори нӯгтези наҷҷорӣ бурида мегиранд. Сипас ба воситаи шутургардан-зидус (як навъ искана) замини онро тоза мекунанд. Умқи нақши Замин 5-10 мм буда, ҷои он бо гурсунба холкӯбӣ мешавад. Кандакорону гачкорон дар фаъолияти ҳунариашон барои ҳамвору назаррабо ва ҷолибу зебо шудани дару панҷара, дарвоза ва сутунҳо аз Замин истифода мебаранд. Устоҳои чӯбкору гачкори тоҷик аз шеваи Замин дар ороиши чойхонаҳои шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Хоруғ, Данғара, бахусус «Кохи Наврӯз» дар Душанбе ва ғ. истифода бурдаанд.

Адабиёт

вироиш

Заминбардорӣ / А. Раҷабов, М. Рӯзиев // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 3. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.

  • Энсиклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик. Ҷ. 1. Д.,1988; М.
  • Рузиев. Декоративно-прикладное исукусство таджиков. Д., 2003;
  • .۱٣٧٩ ،تهران. هنر المعارف دایرة