Замингоҳшиносӣ (форсӣ: زمین‌گاه‌شناسی‎), геохронология (от юн.-қад. γῆ — замин + χρόνος — замон + λόγος — омӯзиш, шинохтан) — таълимот дар бораи солшумории заминшинохтӣ, давомнокӣ ва пайдарҳамии пайдоиши ҷинсҳои қишри Замин.

Таърих

вироиш

Замингоҳшиносӣ нисбӣ ва мутлақ мешавад. замингоҳшиносии нисбӣ доир ба синни нисбии ҷинсҳои кӯҳӣ маълумот дода, давомнокии онҳоро аз вақти пайдоиш ба назар намегирад. Он ба ду усул асос ёфтааст: стратиграфӣ ва палеонтологӣ. Усули стратиграфӣ ба қонуни Н. Стенсен (олими даниягӣ, 1669) – пайдарҳам ба вуҷуд омадани қабатҳо асос ёфтааст, ки мувофиқи он дар сурати халалдор набудани қабатҳо ҳар як қабати дар боло хобида аз қабати поинӣ ҷавонтар аст. Ба қабатҳо тақсимкунии буриши геологӣ, яъне муқарраркунии пайдарҳамии қабатҳои ҷинсҳои кӯҳии онро ташкилдиҳанда, стратиграфияи ин ё он ноҳия номида мешавад. Чунин усули муқарраркунии синни нисбии қабатҳои ҷинсҳои таҳшиниро бори аввал дар Англия В. Смит (1769–1839), дар Фаронса Ж. Кювэ (1769–1832) истифода намуда буданд. Дар натиҷаи таҳқиқоти геологии баъдӣ пайдарҳамии умумии таҳшиншавии қабатҳои қишри замин муқаррар гардид, ки онро ҷадвали стратиграфӣ меноманд. Бахшҳои ҷадвали стратиграфӣ ва вақти геологии ба онҳо мувофиқро, ки якҷо Ҷадвали умумии хроностратиграфӣ ном дорад, соли 1881 дар Конгресси 2-юми байналмилалии геологҳо дар ш. Болоня (Итолиё) тасдиқ намуда буданд. Ҳоло дар ҳамаи кишварҳои дунё дар ҷараёни корҳои геологӣ аз ин чадвал истифода менамоянд. Қисми болоии ин ҷадвал (фанерозой) дар асоси усули палеонтологӣ муқаррар карда шудааст ва эътимоднокии зиёд дорад. Барои қисми поинии ҷадвал (токембрий), ки таҳнишастҳои ҷинсҳои кӯҳии ғафсиашон хеле зиёдро дар бар мегирад, аз сабаби дар таркибашон мавҷуд набудан ё дар таркибашон маҳфуз намондани боқимондаҳои организмҳо, усули палеонтологиро куллан истифода бурдан мумкин нест. Бо ин сабаб қисми поёнии ҷадвали стратиграфӣ – қисми токембрийи он тақсимоти саҳеҳ надорад.

Қисми болоии ҷадвали стратиграфӣ – фанерозойро дар асоси боқимондаи фаунаву флора ба се эратема: палеозой, мезозой ва кайнозой тақсим мекунанд. Ҳар як эратема (гурӯҳ) ба системаҳо (давраҳо) тақсим мешавад. Фанерозой ҳамагӣ 12 система (давра) дорад: кембрий, ордовик, силур, девон, карбон, перм, триас, юра, табошир, палеоген, неоген, чорумин (ҷадвали 1). Дар навбати худ, системаҳоро ба шуъбаҳо (ҳар як система ба 2 ё 3 шуъба) ва шуъбаҳоро ба табақаҳо (аз кембрий то давраи чорум 90 табақа) ва минтақаҳои тобеи онҳо тақсим менамоянд. Системаҳо ва аксарияти лояҳо (ярусҳо)-ро дар ҳамаи қитъаҳо дучор омадан мумкин аст, аммо қисми зиёди минтақаҳо аҳаммияти маҳаллӣ доранду бас. Бахши бузургтарини ҷадвали стратиграфиро, ки якчанд эратемаро дар бар мегирад, эонотема меноманд. Мас., эратемаҳои палеозой, мезозой ва кайнозой ба эонотемаи фанерозой ё фанерозой тааллуқ доранд. Ҳар як воҳиди ҷадвали стратиграфӣ (эонотема, эратема, система, шуъба ва ғайра) дар муддати вақти муайяни геологӣ ба вуҷуд меояд ва дар ин асос ҷадвали геохронологӣ тартиб дода шудааст. Он пайдарҳамии қадамҳоеро ифода менамояд, ки дар муддати онҳо ин ё он таҳнишаст (лоянлоя)-и ҷинсҳои кӯҳӣ ба вуҷуд омадаанд. Мас., дар ҷадвали геохронологӣ вақтеро, ки дар давоми он ҷинсҳои кӯҳии ин ё он эратема ба вуҷуд омадаанд, бо истилоҳи эра (ё даврон), вақтеро, ки дар муддати он ҷинсҳои кӯҳии ин ё он система ба вуҷуд омадаанд, бо истилоҳи давра (период) ва вақтеро, ки дар муддати он ҷинсҳои кӯҳии шуъба ба вуҷуд омадаанд, бо истилоҳи давр (эпоха) ифода менамоянд. Ҳамин тавр, ба воҳидҳои ҷадвали стратиграфӣ – лоя (ярус), минтақа (зона) мутобиқан воҳидҳои ҷадвали геохронологӣ – аср, марҳала (фаза) мувофиқ меоянд (Нигар ҷадвали 2).

Ҷадвали 2.

Ҷадвали қиёсии хронологӣ ва тақсимоти стратиграфӣ

Тақсимоти хронологӣ Тақсимоти стратиграфӣ
Эон Эонотема
Эра Эратема
Давра (период) Система (сомона)
Давр (эпоха) Шуъба, серия
Аср Лоя (ярус)
Марҳала (фаза) Минтақа (зона)

Дар ҷадвали геохронологӣ пайдоишро, ки ба бузургтарин бахши ҷадвали стратиграфӣ – эонотема мувофиқ аст, бо истилоҳи эон ифода менамоянд. Дар таърихи геологии Замин ду эонро ҷудо мекунанд: эони токембрий (протерозой ва архей), ки таърихи геологии беш аз 4-миллиардсолаи Заминро дар бар мегирад ва эони фанерозой, ки давомнокиашро ҳоло ба 541 млн сол баробар медонанд. Давраҳои эони фанерозой, ба ҷуз давраи чорумин, давомнокии тақр. баробар (аз 40 то 50 млн сол, табошир – 80 млн сол) доранд. Мувофиқи Ҷадвали геохронологии соли 2012, ки дар Сессияи 34-уми Конгресси байналмилалии геологӣ (КБГ, Австралия – 2012) қабул шудааст, давраи чорум 2,588 млн сол қабл оғоз шудааст (Нигар ҷадвали 1).

замингоҳшиносии мутлақ як бахши физика буда, синни мутлақи ҷинсҳои кӯҳӣ, минералҳо ва воқеоти геологиро меомӯзад. Усули муайянкунии вақти мутлақи геологӣ (бо воҳидҳои вақти астрономӣ – млн сол) ба он асос ёфтааст, ки дар панҷараи кристаллии минералҳое, ки дар таркибашон унсурҳои радиоактив вуҷуд доранд, аз айёми бавуҷудоияшон шурӯъ карда коҳиши мунтазами унсурҳои радиоактив ва ғуншавии изотопҳои устувори минбаъд коҳишнаёбандаи онҳо оғоз меёбад. Ин усул асосан барои муайян намудани синни ҷинсҳои кӯҳии магмавию дигаргунӣ (метаморфӣ) ва маъдану минералҳо истифода бурда мешавад. Барои муайян кардани синни мутлақи геологӣ навъҳои зерини коҳиши радиоактивиро истифода менамоянд:

238U ––––– 06Pb +84He,

235U –––––207Pb+74He,

232Th –––– 06Pb +64He,

40K+e ––– 40Ar +β ва 40Ca

87Rb ––––– 87Sr +β

Азбаски ҳар як унсури радиоактивӣ давраи нимтаҷзияи ба худ хос дорад, дар асоси ин навъҳои коҳиш, бо усулҳои бештар маъмули замингоҳшиносии мутлақ: сурбӣ (дар уран, ториум – сурбӣ), калий – аргонӣ, рубидий – стронсий, асосан синни мутлақи ҷинсҳои кӯҳии токембрий ва фанерозой муайян карда мешавад. Барои муайянкунии синни падидаҳои геологии навин (плиотсени болоӣ ва давраи чорум) аз усулҳои радиокарбонӣ, уранӣ–ионӣ, термолюминессентӣ, фторӣ ва ғ. истифода менамоянд.

Бо усулҳои замингоҳшиносии мутлақ, бисёр масъалаҳо, аз ҷумла, синни унсурҳо, шиҳобҳо, Замин ва қишри Замин, Моҳ, аз рӯи синн тақсим намудани маҷмӯъҳои падидаҳои магмавӣ, вақти зоҳиршавии давраҳои дигаргунӣ, вақти зоҳиршавии равандҳои маъданҳосилшавӣ ва ғ. муайян карда мешаванд. Бо ин усул муайян карда шудааст, ки ҷинсҳои кӯҳии эони архей умри беш аз 4-миллиардсола доранд. Солҳои охир усулҳои замингоҳшиносӣ м. барои муайян кардани синни падидаҳои геологӣ, дар мавриди аксбардории геологӣ беш аз пеш корбаст мешавад. Яке аз муҳимтарин вазифаҳои замингоҳшиносии мутлақ муқаррар кардан ва аз нигоҳи илмӣ асоснок намудани ҷадвали геохронологии мутлақ ба ҳисоби млн сол мебошад, ки онро то андозае тақвими геологӣ номидан мумкин аст. Дар асоси ин ҷадвали геохронологӣ тамоми харитаҳои геологӣ, адабиёту ҳисоботи геологӣ навиштаву нашр шуда бошанд ҳам, такмилдиҳии ҷадвалҳои стратиграфию геохронологӣ идома дорад. Бори аввал ин усулро бо пешниҳоди П. Кюри ва Э. Резерфорд (соли 1907 дар Канада) аз рӯйи миқдори сурби боқимондаи минералҳои радиоактивӣ Б. Болтвуд истифода намуда буд. Аввалин ҷадвали геохронологиро барои фанерозой олими англис А. Холмс соли 1938 пешниҳод кард, ки он ҳоло хеле такмил ёфта, саҳеҳ гардидааст. Варианти охирини Ҷадвали байналмилалии хроностратиграфиро Сессияи 34-уми КБГ, тавсия кардааст. Шакли содакардашудаи он дар ҷадвали 1 оварда шудааст. Вале бояд дар назар дошт, ки барои баъзе минтақаҳо ин ё он бахши ин ҷадвал андаке фарқ дорад. Мас., дар Тоҷикистон ва баъзе кишварҳои Осиёи Марказӣ даврҳои (палеотсен, эотсен ва олиготсен) давраи палеогенро бо пешниҳоди О. В. Вялов на ба лояҳо, балки ба қабатҳо тақсим менамоянд. Дар ҷадвали охирини тасдиқнамудаи Сессияи 34-уми КБГ сарҳад ва ҳаҷми баъзе давраҳо ва қисмҳои онҳо таҳрир карда шудаанд. Мас., давраи перм, ки пештар ба ду қисм тақсим мешуд, ба се қисм тақсим карда шудааст. Муайян намудану такмил додани Ҷадвали хроностратиграфии Замин идома дорад.

Адабиёт

вироиш
  • Страхов Н. М. Основы исторической геологии. 3 изд. Ч. 1–2. М.–Л., 1948;
  • Старик И. Е. Ядерная геохронология. М.–Л., 1961;
  • Короновский Н. В., Якушова А. Ф. Основы геологии. М., 1991.

Сарчашма

вироиш