Замини Афродита
Замини Афродита (аз лот. Aphrodite Terra) — қитъаи баландтарин аз се баландии фарохи Зуҳра, ки масоҳаташ қариб баробари масоҳати Африқо ва дарозиаш ба ними даври сайёра баробар аст. Дар Нимкураи ҷанубӣ, ба хатти истиво (экватор) наздиктар ҷойгир аст. Иттиҳоди байналмилалии астрономҳо онро соли 1979 ба шарафи илоҳаи ишқу муҳаббат ва зебоӣ Афродита ном гузоштааст. Соли 1985 дар канори Замини Афродита дастгоҳҳои кайҳонии тамсилаи «Вега-1» ва «Вега-2» фуруд омаданд. Замини Афродита дар нимкураи аз Замин ноаёни Зуҳра (ҳангоми ба Замин наздик буданаш) қад-қади тӯли 10° а. ҷ. ва маркази он дар нуқтаи координатаҳояш 10° а. ҷ. 130° т. ш. ҷойгир аст. Замини Афродита аз шарқ ба ғарб 18000 км ва аз шимол ба ҷануб 5000 км тӯл кашидааст. Масоҳаташ вобаста ба баландии интихобшуда аз 29 то 41 млн км²-ро ташкил медиҳад, ки аз масоҳати Африқо бузургтар ва аз масоҳати Осиё хурдтар мебошад. Замини Афродита шаклан ба ақраби ба самти ғарб нигарон шабоҳат дорад. Он аз се минтақаи кӯҳии Овда, Тефия ва Атла иборат аст. Дар Атла дуввумин кӯҳи баланди сайёра – кӯҳи Маат воқеъ гаштааст, ки пайдоиши вулканӣ дорад. Релефи Замини Афродита. нисбат ба Замини Иштар ноҳамвортар буда, аз чинҳо ва тарқишҳо иборат аст, ки нишони фишурдашавии сайёра мебошад. Дар он сели гудозаҳо, канйонҳо ва сохторҳои ҳалқашакл низ мушоҳада мешаванд. Дар Замини Афродита якчанд силсилакӯҳи паст аз Замини Иштар низ мавҷуд аст.
Ҳамчунин нигаред
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Замини Афродита // Замин — Илля. — Д. : СИЭМТ, 2018. — С. 5-6. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 7). — ISBN 978-99947-33-89-9.