Афродита
Афродѝта — дар асотири Юнони Қадим илоҳаи ишқу зебоӣ, духтари Зевс ва Диана. Мувофиқи ривоятҳои асотирии дигар аз кафки баҳр пайдо шудааст. Афродита дар шакли зебоиҳои баҳору табиат падидор мегардад, дар байни гулҳои садбарг, шақоиқу нуъмон, бунафшаву наргис, савсану сунбул тасвир ёфтааст. Афродита нигаҳбони ҳосили фаровон, баҳрнавардон, зебоибахши замин, ақди никоҳ, кӯҳсорон, дарёҳо ва ғайра мебошад. Афродита дар дили ошиқон ҳарорати меҳру муҳаббатро афзун менамояд ва худаш низ бо эзадон Анхес, Арес ишқварзӣ мекунад. Афродита дар устураҳо хеле зебо, соҳибҷамол, дилрабо тасвир ёфтааст. Камарбанде дошт, ки аз миён боло мебаст ва бо ин зебоии андоми ӯ зиёдтар мегашт. Ҳамин гуна камарбандро дар асотири ориёӣ Аредвисура Аноҳита — илоҳаи ишқу зебоӣ, илоҳаи обҳо дорад. Афродита ба илоҳаҳои финиқиҳо Астарта, бобилиҳо Иштар, мисриҳо Исида монанд аст. Ин илоҳаҳо дар тасвироти боқимонда якҷоя бо тӯдаи ҳайвоноти ваҳшии ромшуда — шер, гург, хирс ва ғайра пайдо мешаванд. Дар баъзе нигораҳо Афродита низ ба ҳамин шакл тасвир ёфтааст. Ба ғайр аз Юнон, дар кишварҳои дигар — Рим, Сурия, Форс, Арабистон маъбадҳои Афродита вуҷуд доштанд. Дар осори адибону файласуфон Лукретсий, Эсхил, Афлотун, шоира Сапфо ва дигар Афродита чун илоҳаву зани зебо тасвир ёфтааст. Машҳуртарин муҷассамаи Афродита, ки дар он тамоми назокату латофат, зебоии зан таҷассум ёфтааст, ба муҷассамасози Юнон Приксител (тақрибан 390—330 то м.) тааллуқ дорад. Яке аз муҷассамаҳои қадимии Афродита дар осорхонаи Луври Париж маҳфуз аст. Дар таърихи санъати тасвирӣ беҳтарин асар тимсол (портрет)-и Афродита (офаридаи Апеллес) эътироф гардидааст.[3] /
Мифология | дини Юнони Бостон[d] ва асотири Юнони Бостон |
---|---|
Сфера влияния | Ишқ ва Зебоӣ |
Пол | зан |
Отец | Зевс[1] ё Uranus[d] |
Мать | Dione[d][2] |
Супруг(а) | Ҳефоэстус |
Дети | Anteros[d], Deimos[d], Амур (худои муҳаббат), Phobos[d], Harmonia[d], Himeros[d], Hermaphroditus[d], Ҳимен, Priapus[d], Rhodos[d], Eryx[d], Tyche[d], Peitho[d], Aeneas[d], Polycaon[d], Golgos[d], Adrestia[d], Хоритес ва Lyrus[d] |
В иных культурах | Венера (асотир) ва Astarte[d] |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Адабиёт
вироиш- Афродита // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.
- Саъдуллоҳи Наим. Қомуси асотир ва ишороти фарҳангӣ. — Душанбе,2006.
Эзоҳ
вироиш- ↑ Псевдо-Аполлодор
- ↑ Диона (рус.) // Энциклопедический словарь — СПб.: Брокгауз — Ефрон, 1893. — Т. Xа. — С. 755.
- ↑ Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, Ҷилди 2. АСОС-БОЗ — Душанбе: Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик, 2013, — с.122-123