Замини султонӣ — як шакли заминдорӣ дар Осиёи Миёна (асри 15 — ибтидои асри 20), ки вобаста ба низоми давлатдорӣ бо номи замини шоҳӣ, замини амирӣ, замини султонӣ, замини хонӣ, мамлакаи шоҳӣ ва мамлакаи девонӣ ёд мешавад.

Амалдорону заминдорони калон Замини султониро ба иҷора гирифта, онро тавассути ҷалби деҳқонони иҷоракор кишт мекарданд. Баъзе деҳқонон барои кишт кардани замини султонӣ, аз заминдор чорвои корӣ, тухмӣ ва олоти корӣ гирифта, дар ивази он қисми зиёди ҳосили рӯёнидаашонро ба ӯ медоданд. Иҷорагирандаи Замини султонӣ уҳдадор буд, ки як қисми ҳосил ё даромади худро ҳамчун иҷорапулӣ ба хазинаи давлат супорад. Танҳо роҳбари давлат ҳуқуқи фурӯхтан ё ба касе инъом кардани Замини султониро дошт. Иҷорагиранда ва молики Замини султонӣ ба мусодираи он ҳуқуқ надоштанд. Баъзан амалдорон тариқи хариду фурӯши ускуна ё сукунат ҳуқуқи ихтиёрдорӣ ба ин заминҳоро соҳиб мешуданд, вале дар ин ҳолат Замини султонӣ ҳамчун моликияти давлатӣ боқӣ мемонд. Масоҳати замини султонӣ дар аҳди ҳукумати ҳар амир ё хон бинобар мусодира кардани заминҳои хусусӣ, азхудкунии заминҳои бекорхобида, туҳфа ё фурӯхтани заминҳо каму зиёд мешуд. Дар аҳди ҳукмронии амир Олимхон (1910-20) тамоюли фурӯхтан ё иҷора додани Замини султонӣ ба русҳо афзоиш ёфт. Мас., соли 1911 русҳо дар Қӯрғонтеппа ва Қубодиён 8 ҳазор таноб замини амлокиро барои кишти пахтаи навъи амрикоӣ ба иҷора гирифта буданд.

Адабиёт

вироиш