Замирахон Ӯлмасова
Замирахон Ӯлмасова (Ӯлмасова Замирахон Ҳабибуллоевна; 29 майи 1951, ноҳияи Бобоҷон Ғафурови, вилояти Суғд) — адабиётшинос ва мунаққид, номзади илмҳои филологӣ (1998), доктори илмҳои филологӣ (2014), дотсент (2012), Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2018)
Ӯлмасова Замирахон Ҳабибуллоевна | |
Акс:Ўлмасова Замирахон Ҳабибуллоевна.jpg | |
Таърихи таваллуд | 5 феврал 1972 (52 сол) |
Зодгоҳ | Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, вилояти Суғд, ҶШС Тоҷикистон |
Кишвар | Тоҷикистон |
Фазои илмӣ | Адабиётшинос |
Ҷойҳои кор | Муассисаи давлатии таълимӣ «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» |
Дараҷаи илмӣ: | Доктори илмҳои филологӣ,(2014) |
Унвонҳои илмӣ | дотсент (2012) |
Алма-матер | Институти давлатии педагогии шаҳри Ленинобод ба номи С. М. Киров (1988-1993), (ҳоло Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров) |
Ҷоизаҳо | Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2018) |
Зиндагинома
вироишЎлмасова Замирахон Ҳабибуллоевна 5 феврали соли 1972 дар деҳаи Рӯмон, алҳол ҷамоати Ҳайдар Усмони ноҳияи Ғафуров дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Таҳсили ибтидоиро дар мактаби таҳсилоти ҳамагонии №16-и ноҳияи Мастчоҳ гирифта, соли 1988 ба факултаи филологияи тоҷики Институти педагогии ба номи С.М. Киров (ҳоло ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров) шаҳри Ленинобод (алҳол Хуҷанд) дохил шуда, онро соли 1993 бомуваффақият хатм кардааст. Аз соли 1993 ба сифати муаллимаи кафедраи забонҳои филиали дар Хуҷанд будаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти кориашро оғоз кард.Солҳои 1998 – 2000 саромӯзгори кафедраи забони муосири форсии факултаи шарқшиносӣ буд. Солҳои 2000 – 2009 ба ҳайси дотсенти кафедраи адабиёти муосири факултаи суханшиносӣ фаъолият бурдааст. Соли 2009 ҳамчун ходими калони илмии ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров шинохта шуд. Аз соли 1993 то имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Fафуров ба сифати муаллим, сармуаллим, дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷик ба корҳои илмӣ-тадқиқӣ машғул мебошад.
Фаъолияти илмӣ
вироишСоли 1998 дар мавзӯи «Дузабонӣ ҳамчун муҳимтарин шакли равобити адабиёти тоҷику ӯзбек» таҳти раҳбарии доктори илмҳои филологӣ, профессор Атахон Сайфуллоев дар Шӯрои дифои назди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров рисола барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя кардааст. Рисолаи докториаш ба масъалаи насри замони истиқлол бахусус романҳои таърихӣ бахшида шудааст. Соли 2014 дар мавзӯи “Консепсияи бадеии шахсият дар романҳои таърихии тоҷикии охири асри ХХ ва аввали ХХI ” рисолаи доктории хешро ҳимоя намудааст. Фаъолияти илмӣ – тадқиқотии Ўлмасова З.Ҳ. доманаи васеъ дошта, ҷанбаҳои мухталифи адабиёти муосирро дар бар мегирад. Аз давраи аввали фаъолияташ ба муҳимтарин масъалаҳои адабиётшиносӣ таваҷҷуҳи хосе карда, дар ин самт як силсила осори илмӣ офарид. Самтҳои аслии тадқиқоти мавсуфро насри бадеъ, ба хусус, жанри романи таърихӣ дар давраи истиқлоли миллии Тоҷикистон, муҳимтарин проблемаҳои таҳаввули насру назми замони муосир ва таъйини рӯзгор, осор ва вижагиҳои нависандагони замони истиқлол дар бар мегирад. Иштироккунандаи конфаронсҳои байналмилалии «Мақоми Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ дар рушди илмҳои дақиқ» бахшида ба Соли маориф ва фарҳанги техникӣ (Хуҷанд 21-22 октябри 2010 дар ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров); дар конфаронси IV байналмилалии илмӣ- методии «Русский язык как иностранный в современной образовательной и геополитической парадигме» бахшида ба 300- солагии тавлиди М.В. Ломоносов, (ш.Москва, 8-20 ноябри соли 2010 ДДМ ба номи Ломоносов), конфаронси Донишгоҳи давлатии ба номи Навойии Тошкент (ш. Тошкент, 12-14 майи соли 2011), дар конфаронси V байналмилалии илмӣ-методии «Русский язык и культура современной образовательной и геополитической парадигме» (ш.Москва, 23-24 ноябри соли 2014 ДДМ ба номи Ломоносов) ва дар конфаронси илмӣ—назариявии байналмилалӣ зери унвони “Нақш ва аҳамияти осори Абубакр Муҳаммад Закариёи Розӣ дар тамаддуни олами асримиёнагӣ ва муосир” (ш. Қӯрғонтеппа, 19 ноябри соли 2016) мебошад.
Осор
вироишДотсент Замирахон Ӯлмасова муаллифи зиёда аз 200 асари илмӣ, илмӣ-методӣ ва публитсистӣ мебошад. Мақолаҳояш мунтазам дар маҷаллаву рӯзномаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ўзбекистон, Қирғизистон ва Федератсияи Русия чоп мешаванд.
Китобҳо (Монографияҳо)
вироиш- Назаре ба таърихи дузабонӣ дар адабиёти тоҷик ва ӯзбек. – Хуҷанд: Нашриёти Р. Ҷалил, 1998. – 138с.
- Ғояҳои ватанхоҳӣ дар эҷодиёти Мирзо Турсунзода. – Хуҷанд: Нашриёти Р. Ҷалил, 2001. – 88с.
- Истиқлол ва инкишофи романи таърихӣ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2011.—344с.
- Поэтика исторического романа. – Худжанд: Нури маърифат, 2013. –128с.
- Исторический роман эпохи независимости. – Худжанд: Ношир, 2016 –288с.
- Таърихи адабиёти муосири тоҷик [Раҳнамои таълим] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2011.–244 с.–12 ҷ. ч.
- Дастури методӣ доир ба таълифи корҳои курсӣ ва дипломӣ // Хуҷанд: Нури маърифат, 2011.–85 с.–3 ҷ. ч.
- Муқаддимаи адабиётшиносӣ [Маҷмуаи тестҳо] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2016.–56 с.–2,08 ҷ. ч.
- Таърихи адабиёти муосири тоҷик [Маҷмуаи тестҳо] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2016.–112 с.–4 ҷ. ч.
- Таърихи адабиёти хориҷа [Раҳнамои таълим] // Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.–178 с.–14 ҷ. ч.
- Куллиёт: Бахшида ба 80-солагии Муҳиддин Хоҷазод Маҷмӯаи мақолаҳо, хотирот ва мубоҳисаву аснод / таҳрир ва таҳияи З.Ҳ. Ўлмасова. Ҷ. 6, 2018 – Хуҷанд: Ношир. – 642 с. – 33 ҷ.ч.
- Фаррухрисолат: Осорнома ва нақди осори профессор Бароат Ҳоҷибоева /. Гирдоварӣ ва вироиши Дӯстматова Ш.В., Ҳамробоев Н.А., Ўлмасова З.Ҳ. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2018.–450 с.–26,25 ҷ.ч.