Аълочии маорифи Тоҷикистон
«Аълочии маорифи Тоҷикистон» — нишони сарисинагӣ, ки бо он кормандони беҳтарини муассисаву корхонаҳои маорифи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттифоқи касабаи коркунони маориф, мактабҳои олӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои илмӣ қадр карда мешаванд. Кормандони беҳтарини соҳаҳои дигар, ки дар кори маорифи халқ хидмати шоиста кардаанд, бо тавсияи вазоратҳо ва муассисаҳои дахлдор низ бо ин нишон сарфароз мегарданд.
Таърих
вироишСоли 1944 бо номи «Аълочии маорифи халқи Тоҷикистон» таъсис ёфт. Баъд «Аълочии маорифи Тоҷикистон» ном гирифт. Соли 2009 нишони «Аълочии ифтихории маорифи Тоҷикистон» таъсис дода шуд, ки бо он шахсоне, ки дар рушди соҳаи маориф хидматҳои арзанда кардаанд, қадр карда мешаванд.
Умуман «Аълочии маорифи халқи…» номи мукофот ва нишонҳои сарисинагии соҳавии ИҶШС буд (1936—1991). Ба пешқадамони соҳа нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома супурда, дар дафтарчаи кориаш қайд мешуд. Ин анъана алҳол дар Тоҷикистон роиҷ аст. Қариб ҳамаи вазорату кумитаҳои соҳавӣ нишони худро доранд.
Нигаред низ
вироишЭзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Аълочии маорифи Тоҷикистон // Асос — Боз. — Д. : СИЭМТ, 2013. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир Н. Амиршоҳӣ ; 2011—2023, ҷ. 2). — ISBN 978-99947-33-52-4.