Замонати байналмилалӣ

Замонати байналмилалӣ — маҷмӯи усул ва воситаҳои ҳуқуқӣ, ки риояи меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ ва иҷрои онҳоро таъмин мекунад. Дар давраҳои қадим ва асрҳои миёна савганд, аҳд, гузоштан ва ё гирифтани гаравгон, амонат гузоштани арзишҳо ё қисмати қаламрав ва ғ. ба ҳайси Замонати байналмилалӣ истифода мешуданд. Яке аз шаклҳои рои¬ҷи Замонати байналмилалӣ дар замони муосир ба имзо расонидани санади байналмилалӣ-ҳуқуқӣ байни чанд давлат дар бораи таъмини бетарафии давлати муайян мебошад. Мас., тибқи шартнома аз 8 (20) ноябри 1815, ки байни Руссия, Британияи Кабир, Фаронса, Австрия, Пруссия ва Португалия ба имзо расида буд, тарафҳо мақоми бетарафии доимии Швейсарияро эътироф намуданд ва замонат доданд. Бетарафии Люксембург мутобиқи шартномаи Лондон аз 11 майи 1867 аз тарафи Австрия, Британияи Кабир, Фаронса, Пруссия ва Руссия кафолат дода шудааст. Кафолати тамомияти арзии Эрон ва Иттиҳоди Шӯравӣ дар шартномаи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Эрон дар бораи замонат ва бетарафӣ аз 1 октябри 1927 пешбинӣ шудааст. Мутобиқи Қарордоди умумӣ дар бораи сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон, ки 27 июни 1997 дар ш. Маскав ба имзо расид, тарафҳо (СММ, Ҳукумати Тоҷикистон ва Иттиҳоди мухолифини тоҷик) замонат доданд, ки ба ҷанг хотима бахшанд. Ба ҳайси восита ва тарзи таъмини Замонати байналмилалӣ аз ишғоли ҳарбии қаламрав низ истифода шудааст. Мас., ишғоли минтақаи Рейн мутобиқи шартномаи Версал (1919), ишғоли қаламрави чоргонаи Олмон баъди Ҷанги дуввуми ҷаҳонӣ аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи муттаҳидаи эътилофи зиддиҳитлерӣ барои таъмини иҷроиши қарордодҳои Потсдам (1945) аз ҷониби Олмон. Вобаста ба субъектҳои ҳуқуқи байналмилалӣ Замонати байналмилалӣ метавонад муштарак ва дастҷамъӣ бошад. Замонати байналмилалӣ якҷониба ҳам мешавад (мас., додани кафолат барои иҷрои қарзи давлатӣ мутобиқи шартнома).

Эзоҳ вироиш

Ҳамчунин нигаред вироиш

Адабиёт вироиш