Муъинуддин Муҳаммад Замчии Исфизорӣ (форсӣ: معین‌الدین‌ محمد زَمچی‌ اسفزاری‎; дарг. 1494) — таърихнигор, мутарассил, шоир ва хушнависи форс-тоҷик, муаллифи китоби «Равзоту-л-ҷаннот фӣ авсофи мадинати Ҳарот»[1].

Замчии Исфизорӣ
Таърихи даргузашт: 1494
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: муаррих, хушнавис

Зиндагинома

вироиш

Замчии Исфизорӣ бо тахаллуси «Номӣ» низ маъруф буд. Дар ҷавонӣ ба Ҳирот рафта, дар баробари илмҳои замонаш ҳунари хушнависӣ ва санъати китобатро низ омӯхтааст. Замчии Исфизорӣ дар хушнависӣ (хатти таълиқ) маъруф гашта буд. Дар китоби «Гулчини маонӣ» дар бораи Замчии Исфизорӣ чунин зикр шудааст: «Ва аз ҷумлаи фузалои хушнависон Мавлоно Муъинуддин Исфизорист». Замчии Исфизорӣ чанд муддат дар дарбори Султон Ҳусайни Бойқаро ба ҳайси муншӣ хидмат карда, баъдан дар мадрасаҳои Ҳирот ба таълими хаттотӣ ва хушнависӣ машғул буд. Замчии Исфизорӣ муаллифи асарҳои «Тарассал» («Иншои Муъин», «Муншаот», дар бораи оини нигориши номаҳо ва усули китобат), «Гулшани иқбол» (рисола, иборат аз як достони кӯтоҳ, ки насраш маснӯъ ва музайян аст), «Даҳ маҷлис» (асари насрӣ-бадеӣ), «Равзоту-л-ҷаннот фӣ авсофи мадинати-л-Ҳирот» (асари таърихӣ, дар бораи таърихи Ҳирот) буда, ҳамаи онҳоро худаш китобат кардааст.

Адабиёт

вироиш