Зангормоҳӣ (англ. Symphodus tinca) — рулёна, моҳии баҳрӣ, мансуб ба оилаи моҳиҳои ғафслаб. Дарозиаш 15 см, вазнаш 290 г. Рангаш сабзтоб, тахтапушташ сиёҳгун; тан ва болҳои шиновариаш доғҳои сурху кабуд ва аз паҳлуҳо ду рахи дарозрӯя доранд. З. дар маҳалҳои наздисоҳилии уқ. Атлантика (аз халиҷи Бискай то соҳилҳои Марокко, ҳамчунин дар баҳри дохилӣ, аз ҷумла б. Сиёҳ ва б. Азов) дар минтақаҳои наздисоҳилӣ, дар умқи то 50 м, дар байни сангу харсангҳои бо обсабзҳо пӯшондашуда зиндагӣ мекунад. Дар лагуна (халиҷ ё кӯли аз баҳр ҷудошуда)-ҳои шӯр кам ба назар мерасанд. З. то 15 сол умр мебинад. То 58 ҳазор тухм мегузорад. Ғизои З. ҷонварони бемуҳра, хосса нармбаданҳо мебошанд. Ҳаваскорони моҳидорӣ онро сайд мекунанд.

Зангормоҳӣ
Нарина ва ду модинаи зангормоҳӣ, баҳри Адриатикӣ дар соҳили ҷанубии Фаронса
Нарина ва ду модинаи зангормоҳӣ, баҳри Адриатикӣ дар соҳили ҷанубии Фаронса
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Symphodus tinca (Linnaeus, 1758)
Мутародифот

  • Labrus tinca Linnaeus, 1758
  • Labrus lapina Forsskål, 1775
  • Lutjanus linkii Bloch, 1790
  • Labrus violaceus Bloch et Schneider, 1801
  • Labrus flavescens Bloch et Schneider, 1801
  • Labrus tancoides Lacépède, 1801
  • Lutjanus geofroyius Risso, 1810
  • Labrus caliophthalmus Rafinesque, 1810
  • Labrus chrysostoma Rafinesque, 1810
  • Labrus lappanoides Rafinesque, 1810
  • Labrus lappanus Rafinesque, 1810
  • Labrus chlorophthalmus Rafinesque, 1810
  • Labrus marmoratus Rafinesque, 1810
  • Labrus polychrous Pallas, 1814
  • Labrus niger Nardo, 1824
  • Labrus sangiuneus Nardo, 1824
  • Crenilabrus tinca (Linnaeus, 1758)
  • Crenilabrus geoffroi Risso, 1827
  • Crenilabrus propinquus Gulia, 1861[1]
Вазъияти ҳифз
Зангороҳӣ, дар шимоли Баҳри Адриатикӣ


Адабиёт

вироиш