Занҷабили обӣ (лот. Polygonum hydropiper ), (русӣ: Перец водяной) — рустании доруворӣ. Дар илми тиб истифода бурда мешавад.

Занҷабили обӣ
Табақабандии илмӣ
Номи байнулмилалии илмӣ
Persicaria hydropiper (L.) Delarbre, 1800
Мутародифот

Тавсиф ва сифат

вироиш

Занҷабили обӣ — рустании яксола буда, баландиаш 20-70 см бо таъми тезӣ мебошад. Пояаш — ростистодаи сабз буда, дар тирамоҳ сурх мешавад. Баргҳояш — ҷойгиршавиашон пайдарҳам, дарозрӯяи борик, дарозиашон 3-10 см ва пањниаш 0,4-1,7 см мешавад. Гулҳояш — майдаи нишаста буда, дар нӯгҳои навда ҷорӯбакҳои гандумшаклро ташкил медиҳанд, ки дарозиашон 1-12 см буда, рангашон сафед ва ё сафеди сурхчатоб мебошанд. Меваҳояш — донакҳои сиёҳи тухмшакли рангашон малла ё ҷигарии торик бо дарозии 2-3,5 мм мебошад. Вазни 1000 дона тухмӣ 1,5-3,02г. мебошад.

Макон

вироиш

Занҷабили обӣ дар бехи ҷӯйборҳо мерӯяд. Гулкуниаш аз моҳи июн то сентябр мегузарад.

Хосиятҳои доруӣ

вироиш

Занҷабили обӣ аз даври қадим ҳамчун доруворӣ маълум мебошад. Дар Рум ва Юнони қадим занҷабили обиро ҳамчун дорувории захмтозакун ва варамро нест мекардагӣ истифода мебурданд. Инчунин занҷабили обиро ҳамчун хунманъкун ва зидди дарунронӣ истифода мебурданд. Дар тибби халқи тоҷик занҷабили обиро зидди касалии бавосир (геморой) истифода мебаранд. Қиммаи нав кардаи аз баргҳои занҷабили обиро ба захмҳо мемоланд. Дар тибби илмӣ алафи занҷабили обиро дар намуди ширеши обӣ (водный настой) (20: 200) бо 1 қошуқи ошӣ 3 бор дар як рӯз ҳамчун хунманъкун дар вақти хунравии бачадон истифода мебаранд. Занҷабили обӣ ба таркиби шамҳои зидди геморой «анастезол» ва «анузол» дохил мебошад. Қисмҳои болоии занҷабили обӣ дар таркиби худ чунин моддаҳоро доранд:

  • флавонидҳо 2-2,5 %, ки аз онҳо чунин моддаҳо тасдиқ шуданд:
  • рутин, кверцибрин, гиперозид, рамнезин, кемпферол ва ғайра. 21
  • Ба ғайр аз флавонидҳо дар таркиби занҷабили обӣ чунин моддаҳо

ҳастанд:

  • моддаҳои дубилӣ — 3-8 %;
  • қатронҳо — 3-4,5 %;
  • гликозидњо — 0,10-0,16 %:
  • равғанҳои эфирӣ — бо миқдори на чандон калон;
  • кислатаҳои органикї;
  • витаминҳо — К; Е; Д — 42,3 мг;
  • каротин ва ғайра.

Сарчашма

вироиш
  • Сатторов Ҷ.С. Растаниҳои доруворӣ. Курси мухтасари лексия аз фанни «Растаниҳои доруворӣ». — Душанбе, 2007