Маздаясно
Маздаясно (порсӣ: مزدیسنا ), Зардуштия ё Дини Зардуштӣ — дини халқҳои қадимаи Эронзамин, ки бо номи асосгузораш Зардушт маъмул аст. Дар асрҳои VII—VI пеш аз мелод пайдо шуда, дар Осиёи Миёна, Эрон, Шарқи Наздик интишор ёфтааст. Ин дин аз ваҳии пайғамбари Спитама Заратуштра (форсӣ — زرتشت, юнони қадим — Ζωροάστρης), ки вай аз Худо Аҳура Маздо гирифта буд, сар шудааст.
Мабдаи динВироиш
Таълимоти дини Зардуштия («Маздоия») дар китоби «Авесто» сабт шудааст.[1] Зардуштия дини догматикӣ бо илми илоҳиёти мутараққӣ мебошад. Зардуштиёни замони ҳозира нуҳ мабдаи дин доранд.
Зардуштиён бар хилофи мусалмонҳову масеҳиён дар заминаи динпароканӣ фаъол нестанд. Ин ба он далел аст, ки зардуштиҳо равони ҳамаи пайравони динҳои дигарро барбодрафта ё наҷотхоҳ намедонанд. Онҳо бар ин боваранд, ки равони одамон пас аз маргашон на бар мабнои таъаллуқи динию мазҳабӣ, балки бар асоси андеша, гуфтор ва кирдорашон доварӣ мешавад. Бад-ин гуна, бино ба бовари зардуштиҳо, бовармандони динҳои дигар ҳам метавонанд зиндагии порсоёна дошта бошанду пас аз марг ба подафроҳ нарасанд (ҷазо набинанд)".[2]
Инҷоро ҳам нигаредВироиш
ЭзоҳВироиш
Ин мақолаи хурд аст. Бо густариши он ба Википедия кумак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |