Маҳдӣ (ар.Роҳнамо ва ҳидоятгар), дар дини ислом "имоми ҳозир ва ъаср ",ки назди пайравонаш баргашта,баробарию адолатро баркарор менамояд. Назари уламои аҳли суннат дар мавриди таваллуди Имоми Замон алайҳиссалом

1-Муҳаммад ибни Ҳоруни Рӯёнӣ мутаваффои соли 307 дар китоби хаттии “Муснад”-аш Бинобар нақли муҳаққиқон Рӯёнӣ дар китоби муснадаш ба таваллуди Имоми Замон алайҳис-салом ишора кардааст. Шарҳи ҳоли Рӯёнӣ: Заҳабӣ мегӯяд: "Имоми ҳофизи сиқа Муҳаммад ибни Ҳоруни Рӯёнӣ соҳиби "Муснад"-и машҳур.[1]

2-Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Иброҳими Тӯсии Билозарӣ мутаваффои соли 339-и Ҳиҷрӣ Билозарӣ, ки аз уламои бузург ва хеле сутудашудаи аҳли суннат аст ва дар шарҳи ҳолаш хоҳем бо ӯ ошно шуд, ҳадиси зерро шахсан худаш аз Имоми Замон, ҳазрати Маҳдӣ алаҳис-салом ривоят кардааст. Ин ҳадисро Абдулазиз маъруф ба Шоҳ Соҳиб нависандаи китоби "Тӯҳфатул исно ашария фи рад ало имомия" фарзанди Шоҳ Валиюллоҳ Аҳмад ибни Абдураҳими Деҳлавӣ мутаваффои соли 1176-и ҳиҷрӣ дар китоби "Ан-Нузҳа"-аш аз китоби падараш ба номи “Ал-Мусалсалот” маъруф ба "Фазлул мубин" нақл кардааст. ӯ падарашро чунин васф карда: "Хотами орифон ва қосими мухолифин ва сарвари муҳаддисин ва санади мутакаллимон, ҳуҷҷати мусалсалоти машҳур ба "Фазлул мубин". Баъд мегӯяд: Дар ин китоби мусалсалоташ ҳадиси мусалсалеро ёфтам, ки ҳар яке аз ровиёни он бо сифатҳои азиму бузурге тавсиф шудаанд ва он ҳадис ин ки ӯ (падараш) Худо ӯро раҳмат кунад, мегӯяд: اخبرنی فريد عصره الشيخ حسن بن علی العجمي انا حافظ عصره جمال الدين الباهلي، انا مسند وقته محمد الحجازي الواعظ، انا صوفي زمانه الشيخ عبد الوهاب الشعراني، انا مجتهد عصره الجلال السيوطي، انا الحافظ عصره أبو نعيم رضوان العقبي، انا مقرىء زمانه الشمس محمد بن الجزري، انا الامام الجمال الدين محمد بن محمد الجمال الزاهد عصره، انا امام محمد بن مسعود محمد بلاد فارس في زمانه، انا اسماعيل بن مظفلر الشيرازي عالم وقته، انا عبد السلام بن ابي الربيع الحنفي محمث زمانه، انا ابو بكر عبد الله بن محمد بن شابور القلانسي شيخ عصره، انا عبد العزيز حدثنا محمد الآدمي امام اوانه، انا سليمان بن ابراهيم بن محمد بن سليمان نادر عصره، ثنا احمد بن محمد بن هاشم البلاذري حافظ زمانه، ثنا محمد بن الحسن بن علي المحجوب امام عصره، ثنا الحسن بن علي عن ابيه، عن جده، عن ابي جده علي بن موسى الرضا عليه السلام، ثنا موسى الكاظم قال ثنا أبي جعفر الصادق ثنا محمد الباقر بن علي ثنا أبي علي بن الحسين زين العابدين السجاد ثنا أبي الحسين بن علي سيد الشهداء، ثنا أبي علي بن أبي طالب سيد الاولياء قال: اخبرني محمد بن عبد الله، قال: اخبرني سيد الملائكة جبرئيل قال: قال الله تعالی سيد السادات: إنى أنا الله لا إلا أنا فمن أقر لي بالتوحيد دخل حصني ومن دخل حصني أمن من عذابي. Хабар дод бар ман ягонаи замонаш Шайх Ҳасан ибни Алии Аҷамӣ, ман ҳофизи замони худаш Ҷамолидини Боҳилӣ, ман муснади вақташ Муҳаммади Ҳиҷозии воиз, ман суфии замонаш Шайх Абдулваҳҳоби Шаъронӣ, ман муҷтаҳиди замонаш Ҷалоли Суютӣ, ман ҳофизи замонаш Абӯнаим Ризвони Ақабӣ, ман муқрии замонаш Шамс Муҳаммад ибни Ҷазарӣ, ман имом Ҷамолидин Муҳаммад ибни Муҳаммад зоҳиди замонаш, ман имом Муҳаммад ибни Масъуд фориси замонаш, ман Муҳаммад ибни Музаффари Шерозӣ олими замонаш, ман Абдусалом ибни Абирабиъ-и ҳанафӣ муҳаддиси замонаш ман Абӯбакр Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Шобур шайхи замонаш, ман Абдулазиз, ҳадис кард маро Муҳаммади Одамӣ имоми авонаш, ман Сулаймон ибни Иброҳим ибни Муҳаммад ибни Сулаймон нодири замонаш, ҳадис кард маро Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Ҳошими Билозарӣ ҳофизи замонаш, ҳадис кард Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алии маҳҷуб имоми замонаш (Ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом) хабар дод Ҳасан ибни Алӣ аз падараш аз бобош аз падари бобош Алӣ ибни Мӯсо Имоми Ризо алайҳис-салом, хабар дод Мӯсои Козим алайҳис-салом ва гуфт: Хабар дод маро падарам Ҷаъфар ибни Муҳаммад, хабар дод Муҳаммади Боқир ибни Алӣ, хабар дод маро падарам Алӣ ибни Ҳусайни Зайнулобидини Саҷҷод, хабар дод падарам Ҳусайн ибни Алӣ сарвари шаҳидон, хабар дод падарам Алӣ ибни Абитолиб сарвари авлиё ва гуфт: Хабар дод маро Муҳаммад ибни Абдуллоҳ саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, хабар дод маро сарвари малоика Ҷабраил ва гуфт: Худованди Мутаол сарвари сарварон фармуд: “Ба дурустӣ, ки Ман Аллоҳе ҳастам, ки Аллоҳе ғайр аз ман нест, пас ҳар ки ба ягонагии ман иқрор кунад дохил бар паноҳгоҳи ман мешавад ва ҳар ки бар паноҳгоҳи ман дохил шуд, аз азоби ман дар амон хоҳад монд”.[2] Чунон, ки мулоҳиза кардед, Билозарӣ шахсан худаш ин ҳадисро аз Имом Замон ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом ривоят кардааст. Аммо шарҳи ҳоли Билозарӣ: Заҳабӣ дар бораи Билозарӣ мегӯяд: "Имому ҳофиз ва воизи бо фоида шайхи ҷамоат. Ҳоким (соҳиби Мустадрак) гуфтааст: Билозарӣ дар ҳифз ва мавъиза ягонаи замонаш буд. Шайхамон ҳофиз Абӯалӣ ва дигар устодонам ба ҷаласаи ӯ ҳозир мешуданд ва аз суханоне, ки ӯ мегуфт хеле хушҳол мешуданд. Ман ҳаргиз надидам, ки касе аз онҳо дар санади ҳадис ё дар ном ва ё дар ҳадис ба ӯ ишқол гирифта бошанд. Ӯ дар Тобирони Нишопур дар соли 339 шаҳид шуд.[3] Самаонӣ мегӯяд: "Аҳмад ибни Маҳаммади Билозарӣ, ҳофиз ва воиз ва аз аҳли Тӯс буд. Ҳофизу фозили бо фаҳм ва ориф ба ҳадис буд. Сипас сухани Ҳокимро нақл карда ва баъд мегӯяд: Дар Макка аз имоми Аҳли Байт Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мӯсо (Имом) Ризо (падари Имоми Замон алайҳимо салом) ҳадис навишт.[4]

3-Алӣ ибни Ҳусайни Масъудӣ мутаваффои 345-и ҳиҷрӣ Масъудӣ мегӯяд: "Дар соли 260-и ҳиҷрӣ Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб дар замони хилофати Мӯътамади Аббосӣ дар ҳоле, ки 29 сол дошт аз дунё рафт. ӯ падари Маҳдии мунтазар ва имоми дувоздаҳуми имомия (шиа) аст".[5] Шарҳи ҳоли Масъудӣ: Заҳабӣ мегӯяд: Соҳиби китоби "Муруҷ-уз-заҳаб", ахборӣ ва соҳиби аҷоибу ғароиб ва фанҳо ва мӯътазилӣ буд.[6] Ибни Тағрӣ дар “Нуҷум-уз-зоҳира” мегӯяд: “Дар соли 345 Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ шайх, имом, таърихнавис, Аллома... вафот кард.[7]

4-Абӯлфатҳ Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Аҳмад ибни Абӯлфаворис мутаваффои соли 412-и ҳиҷрӣ Ӯ дар китоби "Арбаин"-аш, ки дар бораи ҳадиси "Ҳар, ки аз умматам чиҳил ҳадис ҳифз кунад, дар қиёмат фақеҳ машҳур мешавад" аз Аҳмади Ҳанбал ва ӯ аз Имом Шофеӣ нақл карда, ки манзур аз 40 ҳадис яъне 40 ҳадис дар фазоили Имом Алӣ ва Аҳли Байт алайҳимус-салом аст. ӯ дар ин китоб аз Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам ҳадисеро аз Аҳмад ибни Нофеи Басрӣ ва ӯ аз падараш, ки ходими Имом Ризо алайҳис-салом буда ва Имом Ризо аз падарашон Имом Мӯсои Козим ва он ҳазрат аз падарашон Имоми Содиқ ва ишон аз падарашон Имом Боқир Муҳаммад ибни Алӣ ва ишон аз падарашон Имом Саҷҷод Алӣ ибни Ҳусайн ва ишон аз падарашон Имом Ҳусайн ва ишон аз Имом Алӣ ва он ҳазрат аз бародарашон Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва алайҳим ривоят карда, ки фармуданд: "Ҳар ки дӯст дошта бошад, ки Худоро дар ҳоле мулоқот кунад, ки ба ӯ рӯ карда на пушт, пас Алиро дӯст бидорад ва ҳар, ки дӯст дошта бошад, ки Худоро дар ҳоле, ки аз ӯ розӣ аст мулоқот кунад писараш Ҳасанро дӯст дошта бошад...(ин ҳадис як-як бо зикр 12 Имом алайҳимус-салом ва фазли дӯстии онҳо мепардозад то ба Имоми Замон алайҳис-салом мерасад ва мефармояд): Ҳар, ки дӯст дошта бошад Худоро дар ҳоле, ки имонаш комил шуда ва исломаш хуб шуда мулоқот кунад, пас писараш (писари Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом) соҳиби замонро дӯст дошта бошад. Инҳо (ин дувоздаҳ имом аз хонадони Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ) чароғҳои шаби торик ва имомони ҳидоятгар ва парчамдорони тақво ҳастанд, пас ҳар ки онҳоро дӯст дошта бошад ва вилояти онҳоро дошта бошад ман биҳиштро назди Худованд зомини ӯ ҳастам.[8] Шарҳи ҳоли Ибни Абӯлфаворис: Заҳабӣ мегӯяд: "Имоми ҳофиз ва муҳаққиқи зиёд сафар кунанда (барои касбу ҷамъи ҳадис) мутаваллиди 338, бағдодӣ. Машҳур бар ҳифз, салоҳ ва маърифат буд".[9]

5-Абӯнаими исфаҳонӣ мутаваффои соли 430 дар китоби "Арбаина ҳадис фил Маҳдӣ" Бинобар нақли муҳаққиқин Абӯнаими исфаҳонӣ дар ин китобаш ба таваллуди Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом ишора кардааст. Шарҳи ҳоли Абӯнаим: Заҳабӣ мегӯяд: "Аҳмад ибни Абдуллоҳ ибни Аҳмад имом, ҳофиз, сиқа, аллома, шайхул Ислом Абӯнаими исфаҳонӣ.[10]

6-Аҳмад ибни Ҳусайни Байҳақии шофеӣ мутаваффои соли 458 дар китоби “Шаъбу-л-имон” чопи аввали Дорул маорифи Ҳинд ӯ мегӯяд: "Мардум дар бораи Маҳдӣ ихтилоф кардаанд. Гурӯҳе дар амри ӯ мутаваққиф шуда ва назар дар бораи ӯро ба олими ба он вогузор кардаанд ва муътақид ҳастанд, ки Маҳдӣ аз фарзандони Фотима духтари Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ аст. Баъд худи Байҳақӣ мегӯяд: "Тӯлонӣ будани умраш ғайри мумкин нест ва он ба монанди тӯлонӣ будани умри Исо ва Хизр мебошад".[11] Шарҳи ҳоли Байҳақӣ: Заҳабӣ мегӯяд: "Ӯ ҳофиз, аллома, сабт, фақеҳ, шайхул Ислом Аҳмад ибни Ҳусайн ибни Алӣ мебошад".[12]

7-Аҳмади Ҷомӣ мутаваффои соли 536-и ҳиҷрӣ Абӯнаср Аҳмад ибни Абӯлҳасани Номиқӣ маъруф ба Аҳмади Ҷомӣ. Ӯ ба Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ иродати хос дошта, яко-яки онҳоро дар шеърҳояш бо эҳтиром ном бурдааст. Ӯ мегӯяд, ки: "Шоирон он чӣ мегӯянд, аз рӯи тамаъ буда, мехоҳанд ба ин васила чизе ба даст оранд. Аммо ман, он чӣ дар бораи Аҳли Байти Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ сурудаам, ба хотири ризои Парвардигор буда ва ҷуз шафоати он хонадони мутаҳҳар чизе таманно надорам. Ишон чунин мефармояд: Ман зи меҳри Ҳайдарам,[13] ҳар лаҳза дар дил сад сафост, Аз паси Ҳайдар, Ҳасан моро имому раҳнамост. Ҳамчу калб[14] афтодаам, бар хоки даргоҳи Ҳусайн, Хоки наълайни[15] Ҳусайн, андар ду чашмам тутиёст. Обидин[16] тоҷи сару Боқир[17] ду чашми равшанам, Дини Ҷаъфар[18] бар ҳақ ҳасту мазҳаби Мӯсо[19] равост. Эй маволӣ, васфи султони Хуросонро[20] шунав, Заррае аз хоки қабраш дардмандонро давост. Пешвои муъминон аст, эй мусулмонон, Тақӣ,[21] Гар Нақиро[22] дӯст дорӣ, бар ҳама миллат равост. Аскарӣ[23] нури ду чашми Одам асту олам аст, Ҳамчӯ як Маҳдӣ сипаҳсолор дар олам куҷост. Қалъаи Хайбар гирифта он шаҳаншоҳи араб, З-он, ки дар бозӯи Ҳайдар номае аз ло-фатост.[24] Шоирон аз баҳри симу зар, суханҳо гуфтаанд, Аҳмади Ҷомӣ ғуломи хоси Шоҳи авлиёст.[25] Шарҳи ҳоли Ҷомӣ: Умар Каҳола мегӯяд: Аҳмад ибни Абилҳасани номиқии Ҷомӣ, мутаваффои 538-и ҳиҷрӣ, сӯфӣ.[26] Ва Самаонӣ ӯро ориф тавсиф кардааст.[27]

8-Муҳаммад ибни Абдулкарими Шаҳристонӣ мутаваффои 548-и ҳиҷрӣ. Мегӯяд: "Баъд аз Ҳасан фарзандаш Муҳаммади Қоими Мунтазар, ки сокини Сомирро буд ва назди шиа ба имомат расид. Ӯ 12-умин имон назди онҳо аст".[28] Шарҳи ҳоли Шаҳристонӣ: Заҳабӣ мегӯяд: "Шаҳристонӣ шайхи аҳли калом ва ҳикмат ва соҳиби китобҳост.[29] Вале ӯро баъд аз мадҳ ба имомат ва ҷалолат муттаҳам ба ташаййӯъ кардаанд, ки он ҳақиқат надорад ва аз сухани гузаштаи худи ӯ низ ин матлаб равшан мешавад.

9-Абдулкарим ибни Муҳаммади Самаонӣ мутаваффои соли 562 Самаонӣ дар китоби "Ансоб"-аш вақте эътиқоди шиа нисбат ба хулафои дувоздаҳ гонаро яке-яке мешуморад, Имоми Замон алайҳис-салом-ро, низ ба унвони Маҳдии Мунтазар ва дувоздаҳумин имоми мешуморад ва ҳеч ишқоли бар он ворид накардааст, ки худ далолат бар ин мекунад, ки ӯ низ ба таваллуди он ҳазрат мӯътариф аст. Чун ӯ ки насабдон ва риҷолшиноси бузурги аҳли суннат аст агар муътақид ба таваллуди он ҳазрат набуд ба ин назария ишқол ворид мекард. [30] Шарҳи ҳоли Самаонӣ: Заҳабӣ дар бораи ӯ мегӯяд: "Шайх, имом, аллома, муфтӣ, фахри дин... шахси бузург ва комил буд".[31]

10-Ибни Хашшоб Абдуллоҳ ибни Аҳмад мутаваффои соли 567-и ҳиҷрӣ Ӯ мегӯяд: (في ذكر الخلف الصالح عليه السلام)

1-حدثنا صدقة بن موسى حدثنا ابى عن الرضا عليه السلام قال الخلف الصالح من ولد ابي محمد الحسن بن علي وهو صاحب الزمان وهو المهدى.

(Дар зикри Халафи Солеҳ алайҳис-салом) 1-Садақа аз падараш ва ӯ аз Имом Ризо алайҳис-салом, ки фармуданд: "Халафи Солеҳ фарзанди Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ хоҳад буд ва ӯ Соҳиби замон ва ӯ аст Маҳдӣ аст". 2-وحدثني الجراح بن سفيان قال حدثنى أبو القاسم طاهر بن هرون ابن موسى العلوى عن ابيه هرون عن ابيه موسى قال قال سيدى جعفر بن محمد: "الخلف الصالح من ولدى المهدى اسمه محمد كنيته أبو القاسم يخرج في آخر الزمان، يقال لامه صيقل. 2-Ҷарроҳ аз Тоҳири Алавӣ (Аз хонадони Имом Алӣ алайҳис-салом) ва ӯ аз падараш Ҳорун ва ӯ низ аз падараш Мӯсо, гуфт: Сарварам Ҷаъфар ибни Муҳаммад фармуд: "Халафи Солеҳ аз наслу фарзандони ман аст ва ӯ Маҳдӣ мебошад, номаш Муҳаммад ва куняаш Абӯлқосим. Ӯ дар охири замон хуруҷ хоҳад кард ва ба модараш Сайқал гуфта мешавад". وفى رواية اخرى بل امه حكيمة وفى رواية اخرى ثالثة يقال لها نرجس. ويقال بل سوسن والله اعلم بذلك. Дар ривояти дигар номи модараш Ҳакима гуфта шуда ва дар ривояти саввум, Нарҷис ва дар ривояти чаҳорум Сусан гуфта шуда, Худованд бар он донотар аст.

"حدثنى محمد بن موسى الطوسى قال حدثنا أبو السكين عن بعض اصحاب التاريخ ان ام المنتظر يقال لها حكيمة."

"Муҳаммад ибни Мӯсо ва ӯ аз Абӯсиккин ва ӯ аз баъзе асҳоби таърих, ки гуфтааст: Ба модари "Имом Маҳдӣ" Ҳакима гуфта мешавад". حدثنى عبيد الله بن محمد عن الهيثم بن عدى قال يقال كنية الخلف الصالح أبو القاسم وهو ذو الاسمين صلى الله عليه وآبائه اجمعين Убайдуллоҳ аз Ҳайсам ривоят мекунад, ки гуфт: "Гуфта мешавад, куняи Халафи Солеҳ (ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом) Абулқосим аст ва ӯ дорои ду ном аст, ки дуруди Худо бар ӯ ва бар ҷамии падаронаш бод.[32] Ин буд суханону ривоёти Ибни Хашшоб дар мавриди Имоми Замон алайҳис-салом. Ва аммо шарҳи ҳоли Ибни Хушшоб: Ибни Хашшоб Абдуллоҳ ибни Аҳмад аст, ки Заҳабӣ дар бораи ӯ мегӯяд: ӯ адиб буд ва дар наҳв, луғат, шеър, ҳадис ва фароиз, олим буд ва Самаонӣ гуфта, ки ӯ ҷавони комилу фозил аст ва дорои маърифати комил дар адаб, наҳв, луғат, ҳадис ва... буд ва дар соли 567 дар гузашта аст. Шайх Муваффақ гуфта, ки Ибни Хашшоб имоми замонаш дар илми арабӣ буд ва...[33] Ибни Халлакон дар Таърихаш мегӯяд: "Шайхи олиму адиби ягона ҳуҷҷатул Ислом Абӯмуҳаммад Абдуллоҳ ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Хашшоб маъруф ба Ибни Хашшоби бағдодӣ. Олими машҳур дар адаб, наҳв, тафсир, ҳадис, насаб ва фароиз ва ҳисоб буд. Қуръони азизро бо қироатҳои зиёде ҳифз карда ва дар илмҳо ворид ва моҳир буд. Суютӣ низ дар "Табақот-ун-нуҳот" хеле ӯро сутуда аст.

11-Хоразмии ҳанафӣ мутаваффои соли 568 дар “Мақталу-л-Ҳусайн” Шарҳи ҳоли Хоразмӣ: Заҳабӣ мегӯяд: "Адиб, фозили бореъ, ки муддати зиёде дар Хоразм хатиб буд".[34]

12-Ибни Азрақи Фориқӣ мутаваффои соли 577-и ҳиҷрӣ Ибни Халлакон баъд аз ишора ба таваллуди Имоми Замон алайҳис-салом мегӯяд: “Ибни Азрақ дар китоби “Таърихи Миёфориқин” гуфтааст, ки: “Ҳазрати Маҳдӣ дар рӯзи 9-уми Рабиъу-л-аввали соли 258 таваллуд шуд ва гуфта шуда, ки 8-уми Шаъбони соли 256 таваллуд шуда ва ин саҳеҳтар аст».[35] Шарҳи ҳоли Ибни Азрақ: Заркалӣ мегӯяд: "Аҳмад ибни Юсуфи фориқӣ, муаррихи раҳҳол, аҳли Миёфориқин, дар он таваллуд шуда ва ҳамонҷо таълим гирифта ва аз ҷумла китобҳояш "Таърихи Миёфориқин" аст.[36]

13-Фахриддини Розӣ мутаваффои соли 606-и ҳиҷрӣ Вай дар китобе, ки дар мавзӯи ансоб навишта мегӯяд: "Аммо Ҳасани Аскарӣ, ӯ ду писар ва ду духтар дошт. Яке аз писаронаш соҳибуз-замон аст. Он гоҳ менависад: Нусуси аксари таърихнависон ва тарҷума нависон бар таваллуд шудани Ҳуҷҷат, Абӯлқосим, Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алии Аскарӣ иттифоқ дорад. Ӯ дар соли 252 ё 255 ё 259 аз модараш Нарҷис ба дунё омад агар чӣ бинобар назари шиа дар соли 255 дар шаби Шаъбон ба дунё омада аст".[37] Шарҳи ҳоли Фахр Розӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Муҳаммад ибни Умар ибни Ҳасан, Фахридини Розӣ, имоми муфассир ва ягонаи замонаш дар маъқул ва манқул ва улуми авоил аст".[38] Заҳабӣ низ ӯро хеле сутуда аст.[39]

14-Абӯабдуллоҳ Ёқути Ҳамавӣ мутаваффои 626-и ҳиҷрӣ Ҳамавӣ дар бораи аскари Сомирро мегӯяд:... Гурӯҳе аз афроди ҷалилулқадр низ ба он ҷо нисбат дода шудаанд монанди Алӣ ибни Муҳаммади ибни Алӣ ибни Мӯсо ибни Ҷаъфар ибни Муҳаммад ибни Алӣ ибни Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу куняаш Абӯлҳасан, фарзандаш Ҳасан ибни Алии Аскарӣ. Ҳар ду дар Мадина ба дунё омаданд ва ба Сомирро мунтақил шуданд... Фарзандашон "Ал-Мунтазар" дар он ҷо (дар Сомирро) машоҳиди маъруфе дорад".[40] Шарҳи ҳоли Ҳамавӣ: Заҳабӣ мегӯяд: Ёқут адиби ягона, наҳвӣ, ахборӣ ва таърихдон. Дар бораи баъзе аз саҳоба сухан гуфт (айбгирӣ мекард) бинобар ин бар ӯ тавҳин карданд, пас аз он ҷо ба Ҳалб гурехт.[41] Китобҳояш аз балиғ будани ӯ ва маҳораташ дар алмҳои мухталиф ҳикоят мекунанд ва Ибни Халлакон дар тарҷумааш фазоили ӯро баён кардааст.[42] Заркалӣ мегӯяд: Таърих нависи сиқа, олим ба луғат ва адаб ва...".[43] Чунон, ки мелоҳиза мекунед Ҳамавӣ бинобар эътирофи Заҳабӣ шахси носибӣ ва душмани Имом Алӣ алайҳис-салом будааст, вале бо вуҷуди ин ба ин воқеият эътироф кардааст, ки Имом Аскарӣ алайҳис-салом фарзанде доштанд доштанд, ки ба ӯ Ал-Мунтазар гуфта мешавад.

15-Шайх Фаридуддин Аттори Нишопурӣ мутаваффои соли 627-и ҳиҷрӣ Ӯ ҳазрати Ҳуҷҷат ибни Ҳасанро дувоздаҳумин имом дониста аст, он гоҳ бо баёни таърихи таваллуд ва аҳвол ва баъзе аз мӯъҷизаҳои он ҳазрат мегӯяд: "ӯ касе аст, ки заминро пур аз адлу дод хоҳад кард...".[44] Ӯ дар шеъре бо зикри номҳои ҳар яке аз имомон мефармояд: Сад ҳазорон авлиё рӯи замин Аз Худо хоҳанд Маҳдиро яқин Ё илоҳӣ Маҳдиам аз ғайбат ор То ҷаҳони адл гардад ошкор

Аз ту хатми авлиёи ин замон Ва зи ҳама маъно ниҳонӣ ҷону ҷон Аз ту ҳам пайдо ва пинҳон омада Бандаи Атторат сано хон омада.[45] Шарҳи ҳоли Аттор: Умар Каҳола мегӯяд: Сӯфӣ, шоир, табиб ва қозии Машҳади Разавӣ буда".[46]

16-Ибни Асири Ҷазарӣ мутаваффои соли 630-и ҳиҷрӣ Ибни Асир дар ҳаводиси соли 260-и ҳиҷрӣ менависад: Дар он сол Абӯмаҳаммади Алвии Аскарӣ вафот кард. ӯ яке аз имомони дувоздаҳ гона бинобар мазҳаби имомия аст. Фарзанди ӯ Муҳаммад (Имоми Маҳдӣ алайҳис-салом) аст, ки имомия (шиа) дар сардоби Сомирро ба интизори ӯ нишастаанд.[47] Ёдовар мешавем, ки сухани охири Ибни Асир туҳмате аст бар шиа, ки хеле аз дигарон, низ онро такрор мекунанд, вале шиа муътақид аст, ки Имоми Замон алайҳис-салом дар Маккаи мукаррама зуҳур мекунанд на дар Сомирро. Шарҳи ҳоли Ибни Асир: Заҳабӣ мегӯяд: Ибни Асир, Шайх, имом, аллома, муҳаддис, адиб ва насабдон аст....Таърихи кабирро, ки лақаби "Комил"-ро гирифта навишт.[48] Мадҳу ситоиши дигар низ дар ҳаққи ӯ Заҳабӣ ва дигарон, кардаанд.

17-Мӯҳйидин ибни Арабӣ мутаваффои соли 638-и ҳиҷрӣ Ӯ мегӯяд: "Бидонед, ки хуруҷи Маҳдӣ (алайҳис-салом) ҳатмӣ аст. Хуруҷ намекунад, то ин ки замин пур аз зулму ситам шавад ва он гоҳ онро пур аз адлу дод мекунад. Ӯ аз итрати Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ ва аз фарзандони Фотима аст. Бобояш Ҳусайн ибни Алӣ ибни Абитолиб ва падараш Ҳасани Аскарӣ фарзанди Имом Алии Нақӣ аст. ӯ ҳамноми Расули Худо аст. Мусулмонон бо ӯ байни рукну мақом байъат хоҳанд кард...".[49] Шарҳи ҳоли Ибни Арабӣ: Дар васфи Ибни Арабӣ, Заркалӣ ва дигарон мегӯянд: Муҳаммад ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Арабӣ мулаққаб ба "Шайхул акбар" файласуф аз имомону мутакаллимон дар ҳамаи илм. ӯ чунон, ки Заҳабӣ мегӯяд: Пешво ва улгӯи қоилон ба ваҳдати вуҷуд аст ва ҳудуди 400 ҷилд китоб дорад, ки аз ҷумлаи онҳо "Футӯҳотул Маккия" дар 10 ҷилд аст...[50] ва баъд китобҳои дигари ӯро низ ном бурдааст. Заҳабӣ низ аз ӯ ба аллома таъбир кардааст.[51]

18-Муҳаммад ибни Талҳаи Шофеӣ мутаваффои соли 652-и ҳиҷрӣ ӯ мегӯяд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳи) ва саллам ду набера дошт Абӯмуҳаммади Ҳасан ва Абӯабдиллоҳи Ҳусайн ва Ҳуҷҷати Халафи Солеҳ, Муҳаммад (Имом Маҳдӣ алайҳис-салом) аз фарзандони Абиабдиллоҳи Ҳусайн мебошад на аз фарзандони Абӯмуҳаммади Ҳасан. Ва аммо умри ӯ: Пас ӯ дар рӯзгори хилофати Мӯътамади Алаллоҳ ба дунё омад ва аз тарс пинҳон шуд ва ӯ махфӣ аст то ба имрӯз. Қудрати Худо восеъ аст ва ҳукму алтофаш бар бандагонаш бузург. Ин ки Худованд умри баъзе аз бандагони мухлисашро тӯлонӣ мекунад аз корҳои нав ва ғариб нест. Худованд умри ҷамъи зиёде аз бандагон аз авсиё ва авлиёаш ва ҳамчунин баъзе душманон ва ронда шудагонро тӯлонӣ кардааст. Пас аз авлиёаш Исо алайҳис-салом ва Хизр ва дигарон аз паёмбарон, ки умрашон тӯлонӣ буда ва аз душманону ронда шудагон Иблис ва Даҷҷол. Ва ҳамаи ин барои баёни восеъ будани қудрати Парвардигор дар умри зиёд додан ба баъзе аз халқаш аст, пас чӣ монее аст, ки Худованд умри бандаи солеҳашро тӯлонӣ гардонад, то ба ҳангоме, ки ҳукми муқаррар шудаи Худоро баъд аз расидани вақти он ошкор шуда, анҷом бидиҳад".[52] Сипас ба ишқолоти дигар, низ дар ин бора посух дода ва аз насли Имом Ҳусайн алайҳис-салом будани Имоми Замон алайҳис-салом-ро собит кардааст. Аммо шарҳи ҳоли Муҳаммад ибни Талҳа: Заҳабӣ дар бораи ӯ мегӯяд: Алломаи ягона Камолидин Муҳаммад ибни Талҳаи шофеӣ мутаваллиди соли 582, дорои ҷалолат буд.[53] Умар Каҳола мегӯяд: Муҳаммад ибни Талҳа, муҳаддис, фақеҳ, усулӣ, ориф ба илми ҳуруф ва авфоқ буд.[54]

19-Сибт ибни Ҷавзӣ Юсуф ибни Фазоали мутаваффои соли 654-и ҳиҷрӣ Вай дар фасле дар бораи Имоми Ҳуҷҷат, ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом мегӯяд: "Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад. Куняи ӯ Абӯабдиллоҳ ва Абӯлқосим аст ва ӯ ҷонишин ва Ҳуҷҷат, Соҳибил-замон ва Қоим ва Мунтазар аст..."[55] Ибни Ҷавзӣ аз уламои бузурги Ҳанафӣ мазҳаби аҳли суннат аст.

20-Ҳофиз Муҳаммад ибни Юсуфи Ганҷии шофеӣ мутаваффои соли 658-и ҳиҷрӣ. Ӯ дар боби 25 аз китоби худ дар баҳсе аз тӯли умри ҳазрат мегӯяд: "Бақояш ҳеч мушкиле надорад, чун ҳазрати Исо ва Илёс ва Хизр аз авлиёи илоҳӣ умри тӯлонӣ доранд ва низ Даҷҷол ва Иблиси малъун аз душманони Худованд умри тӯлонӣ карданд..."[56] Ва дар китоби дигараш дар бораи Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом чунин мегӯяд: "Аз худ фарзанде ба ҷой гузошт, ки ҳамон Имоми Мунтазар аст. Салавотуллоҳи алайҳи".[57] Шарҳи ҳоли Ганҷӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Муҳаммад ибни Юсуф, муҳаддиси шофеӣ мазҳаб, ба шиа тамоюл дошт ва китоби Кифоят-ут-толибро навишт.[58] Умар Каҳола мегӯяд: ӯ шахси фозил буд ва аз осораш "Ал-Баён фи ахбори соҳибиз-замон" ва "Кифоят-ут-толиб" мебошад.[59]

21-Ҷалолидини Балхии Румӣ маъруф ба Мавлавӣ мутаваффои соли 672 ҳиҷрӣ

Мо дар ин ҷо ғазалеро аз ин орифи номӣ, интихоб намудем, ки ишон яко-яки имомони Аҳли Байт алайҳимус-салом-ро дар он ном бурда, салом медиҳад:

Эй сарвари мардон Алӣ, мастон саломат мекунанд, Эй сафдари мардон Алӣ мастон саломат мекунанд. Бо қотили куффор гӯ, бо дину диндор гӯ, Бо Ҳайдари каррор гӯ, мастон саломат мекунанд. Бо бурҷи ду гавҳар бигӯ, бо бурҷи ду ахтар бигӯ, Бо Шуббару Шуббайр[60] бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо Зайнидин Обид бигӯ, бо нури дин Боқир бигӯ, Бо Ҷаъфари Содиқ бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо Мӯсии Козим бигӯ, бо Тӯсии олим бигӯ, Бо Тақии Қоим бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо мири дин Ҳодӣ бигӯ, бо Аскарӣ маҳдӣ бигӯ, Бо он валӣ Маҳдӣ бигӯ, мастон саломат мекунанд. Бо боди наврӯзӣ бигӯ, бо бахти фирӯзӣ

бигӯ,

Бо Шамси Табрезӣ бигӯ, мастон саломат мекунанд.[61] Шарҳи ҳоли Ҷалолидини Балхии Румӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Муҳаммад ибни Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Аҳмади Балхӣ, Румӣ олим ба фиқҳи ҳанафиҳо ва хилоф ва илмҳои гуногуни дигар. Ӯ соҳиби Маснавии машҳур ба форсӣ ва соҳиби тариқати мавлавия буда ва қабраш, низ маъруф аст".[62]

22-Абӯмаолӣ Садридини Қӯнавӣ мутаваффои соли 673-и ҳиҷрӣ ӯ ҳангоми вафот ба шогирдонаш мегӯяд: "...Ҳафтод ҳазор бор "ло илоҳа иллаллоҳ"-ро баъд аз марғам бо ҳузури қалб бигӯед ва саломи маро низ ба ҳазрати Маҳдӣ (алайҳис-салом) бирасонед".[63] Шарҳи ҳоли Қӯнавӣ: Заркалӣ мегӯяд: ӯ аз шогирдони Ибни Арабӣ буда ва дар баъзе улум маҳорат дошт ва аз ҷумлаи китобҳои фаровонаш "Эъҷозу-л-баён фи кашфи баъза асрори Уммул-Қуръон" ва... мебошад".[64]

23-Аллома Шамсидин ибни Халлакони шофеӣ мутаваффои 681 Ӯ мегӯяд: "Абӯлқосим Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ фарзанди Алии Ҳодӣ фарзанди Муҳаммади Ҷавод, дувоздаҳумин имом назди шиа ва маъруф ба Ҳуҷҷат... аст ва таваллуди ӯ дар рӯзи Ҷумъа нимаи Шаъбон дар соли 255-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. ӯ ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сола буд...".[65] Шарҳи ҳоли Ибни Халлакон: Заркалӣ мегӯяд: Таърихнависи ҳуҷҷат ва адиби моҳир соҳиби “Вафаёту-л-аъён” аз машҳуртарин китоби шарҳи ҳол ва аз беҳтарини онҳо дар забт ва аҳком мебошад. Муддате дар Миср ва баъд дар Шом қозӣ буд ва дар бисёре аз мадрасаҳои Дамишқ тадрис мекард.[66] 24-Шайхул Ислом Садридини Ҳамӯянӣ мутаваффои соли 722-и ҳиҷрӣ Ӯ дар боби 31 аз китобаш ҳадесоро нақл мекунад, ки далолати сареҳ бар вилодати ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом мекунад. Дар он ҳадис Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ номҳои ҳар яке аз ҷонишинон ва имомони баъд аз худро зикр мекунанд ва дар охир мефармоянд: Ба дурустӣ, ки дувоздаҳумини онҳо аз фарзандонам ғайбат мекунад, то ин ки Худованд ба ӯ иҷозаи хуруҷ бидиҳад" то охири китоб ба ин ҳадис ба муносибат ишора хоҳем кард.[67] Шарҳи ҳоли Ҳамӯянӣ: Заҳабӣ мегӯяд: "Шунидам аз имом ва муҳаддиси ягонаи комил ва фахри Ислом Садруддин Иброҳим ибни Муҳаммади Ҳамӯянии Хуросонӣ, шайхи суфиён".[68]

25-Абӯлфидо Исмоил ибни Алии шофеӣ мутаваффои соли 732-и ҳиҷрӣ ӯ дар рухдодҳои таърихи соли 254-и ҳиҷрӣ мегӯяд: "Ҳасани Аскарӣ падари Муҳаммади Мунтазар соҳиби сардоб аст..."..[69] Шарҳи ҳоли Абулфидо: Умар Каҳола мегӯяд: "Фақеҳи шофеӣ, олим, адиб, шоир ва дар улуми мухталиф монанди тафсир, наҳв, тиб, мантиқ, фалсафа ва... маҳорат дошт...".[70]

26-Шайх Сафиюддин Абдулмуъмини бағдодӣ мутавоффои соли 739-и ҳиҷрӣ ӯ мегӯяд: Дар ин Машҳад яъне (машҳади Имоми Аскарӣ ва Имом Ҳодӣ алайҳимо-салом) сардобе аст, ки рофизиҳо муътақиданд барои Ҳасан ибни Алӣ аст. Аз ӯ фарзанде аст ба номи Муҳаммади сағир ки мегӯянд дар он сардоб махфӣ шудааст..".[71] Шарҳи ҳоли Абдул Муъмин: Заркалӣ мегӯяд: "Абдул Муъмин ибни Абдул Ҳақ олими Бағдод дар замони худаш, аз уламои ҳанбалимазҳаб. Дар маърифати фароиз ба ӯ мисол мезаданд".[72]

27-Ҷамолидин Муҳаммад ибни Юсуф Зарандии ҳанафӣ мутаваффои 747-и ҳиҷрӣ ӯ мегӯяд: Имоми дувоздаҳум соҳиби каромати машҳур касе, ки қоим ба ҳақ ва даъват кунанда ба роҳи ҳақ аст. Вилодати Имом Абӯлқосим Муҳаммад ибни Ҳасан бинобар нақли шиа замони подшоҳии Мӯътамади Аббосӣ дар шаби нимаи шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ дар Сомирро итифоқ афтодааст. Модараш Нарҷис духтари Қайсари дуввум буд...".[73] Шарҳи ҳоли Зарандӣ: Заркалӣ мегӯяд: "ӯ фақеҳи ҳанафӣ ва олими ҳадис аз аҳли Мадина ва дар он ҷо амри тадрис ва қазоватро баъд аз падараш ба уҳда гирифт".[74]

28-Шайх Зайнидин Умар ибни Вардӣ мутавоффои соли 749-и ҳиҷрӣ "...Ва Ҳасани Аскарӣ падари Муҳаммади Мунтазар соҳиби сардоб дувоздаҳумин имоми шиа лақабаш Қоим, Маҳдӣ ва Ҳуҷҷат аст. Вилодати ӯ дар соли 255-и ҳиҷрӣ итифоқ афтод...".[75] Шарҳи ҳоли Вардӣ: Умар Каҳола мегӯяд: "Умар ибни Музаффар ибни Умари шофеӣ маъруф ба Ибни Вардӣ, фақеҳ, адиб, наҳвӣ, луғавӣ, муаррих ва дар Манбаҷ қозӣ буд".[76]

29-Аллома Салоҳуддин Халил ибни Айбеки Сафадӣ мутаваффои 764 ӯ дар китоби "Шарҳ-уд-доира" менависад: "Ба дурустӣ, ки Маҳдии Мавъуд аз имомони дувоздаҳум аз имомоне аст, ки аввалашон сарварамон Алӣ ва охирашон Маҳдӣ разияллоҳу анҳу аст, ки Худованд ба василаи онҳо бар мо фоида бирасонад.[77] Ва дар китоби "Ал-Вофӣ" менависад: Ҳуҷҷати Мунтазар Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ фарзанди Алии Ҳодӣ фарзанди Муҳаммади Ҷавод, фарзанди Алии Ризо, фарзанди Мӯсои Козим, фарзанди Ҷаъфари Содиқ, фарзанди Муҳаммади Боқир, фарзанди Зайнулобидин, фарзанди Ҳусайн ибни Алӣ, фарзанди Алӣ ибни Абитолиб, Ҳуҷҷати Мунтазар, дувоздаҳумин имом назди шиаи имомия, ки ба эътиқоди онҳо, ӯ Қоим мебошад ва дар соли 255-и ҳиҷрӣ ба дунё омадааст".[78] Шарҳи ҳоли Сафадӣ: Заркалӣ мегӯяд: Сафадӣ, адиб, таърихнавис дорои китобҳои фаровони қобили баҳрабардорӣ аст, ки китобҳояш беш аз 200 ҷилд аст ва дар шарҳу тарҷуманависӣ хеле бузург буда,... ва аз ҷумла китобҳои ӯ "Ал-Вофӣ бил-вафиёт" аст...".[79]

30-Шамсиддини Заҳабии шофеӣ мутаваффои соли 748-и ҳиҷрӣ ӯ дар баъзе аз китобҳояш ба вилодати ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом эътироф карда ва дар китоби "Ал-Ибар фи хабари ман ғабар" мегӯяд: Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ ибни Алии Ҳодӣ ибни Муҳаммади Ҷавод ибни Алии Ризо ибни Мӯсои Козим ибни Ҷаъфари Содиқ Алвии Ҳусайнӣ Абӯлқосим. Рофиза ӯро Халафи Ҳуҷҷат, Маҳдӣ, Мунтазар, Сиҳибуз-замон ва хотами дувоздаҳумин имом медонанд".[80] Дар китоби "Таърихи Ислом"-аш низ ба таваллуд шудани Имоми Замон алайҳис-салом ба равшанӣ ишора карда ва баъд мегӯяд: Кай ва чӣ гуна мурданаш маълум нест.[81] Шарҳи ҳоли Заҳабӣ: Заҳабӣ аз уламои бузург ва риҷол шиноси аҳли суннат аст, ки китобҳои ӯ мавриди истифодаи ҳамагон аст ва нисбат ба шиа низ таассуфи васф нашуданӣ дорад.

31-Орифи Комил Саййид Алӣ ибни Шаҳобидини ҳамадонии шофеӣ мутаваффои соли 786-и ҳиҷрӣ Саййид Алии Ҳамадонӣ дар дар "Маваддати даҳум" аз китоби "Маваддатул қурбо"-аш ба таваллуд шудани Имоми Замон, ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом таъкид кардааст. Шарҳи ҳоли Саййид Алӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Дар Кишмир мустақар шуд ва аксари аҳли Кишмир бо дасти ӯ мусулмон шуданд. ӯ дар Хатлон (Кулоби Тоҷикистон) дафн шудааст".[82]

32-Ибни Халдуни мағрибӣ мутаваффои соли 808-и ҳиҷрӣ Ӯ мегӯяд: "Рофизиҳо хилофатро баъд аз Ҷаъфар ибни Муҳаммад ба фарзандаш Мӯсои Козим ва аз ӯ ба фарзандаш Ризо ва аз ӯ ба Ҷавод ва аз ӯ ба Алӣ ва сипас Аскарӣ ва аз ӯ ба фарзандаш Муҳаммади Маҳдӣ мунтақил намудаанд...".[83] Аз ин иборат истифода мешавад, ки Ибни Халдун вилодати ҳазратро қабул дорад, вале хилофати ӯро ба шиа нисбат медиҳад. Ибни Халдун аз уламои бузург ва маъруфи аҳли суннат аст.

33-Абӯлаббос Аҳмад ибни Алии Қалқашандии шофеӣ мутаваффои соли 821-и ҳиҷрӣ ӯ ки олими мутахассис дар ансоб аст дар баёни насаби Имом Ҷаъфари Содиқ алайҳис-салом ва фарзанди он ҳазрат фарзандаш Маҳдӣ алайҳис-салом-ро аз Имоми Аскарӣ алайҳис-салом дувоздаҳумин имоми шиаён ба ҳисоб меоварад, ки шиа муътақид ба зинда будани ӯст. Аз зоҳири иборат истифода мешавад, ки Қалқашанди муътақид ба вилодати Имоми Маҳдӣ алайҳис-салом буда вале эътиқод ба зинда буданро ба шиа нисбат медиҳад.[84] Шарҳи ҳоли Қалқашандӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Муаррихи адиб. ӯ аз хонадони илм аст ва фарзандон ва аҷдоди ӯ уламо ва фузало ҳастанд ва аз ҷумла китобҳои ӯ "Ниҳояту-л-араб" аст".[85] Умар Каҳола мегӯяд: Адиб ва фақеҳи шофеимазҳаб аст.[86]

34-Муҳаммад ибни Муҳммади Бухорӣ маъруф ба Хоҷа Порсои ҳанафӣ мутаваффои 822-и ҳиҷрӣ Вай чунин мегӯяд: "Аз имомони Аҳли Байти таййибин Абӯмуҳаммад Ҳасани Аскарӣ аст....ӯ фарзанде ҷуз Абӯлқосим Муҳаммади Мунтазар маъруф ба Қоим, Ҳуҷҷат, Маҳдӣ, Соҳибаз-замон ва хотами имомон бар ҷой нагузошт. Вилодаташ дар шаби нимаи шаъбон соли-255-и ҳиҷрӣ будааст".[87] Шарҳи ҳоли Хоҷа Порсо: Умар Каҳола мегӯяд: "Сӯфӣ, муҳаддис, фақеҳ буда ва дар Мадина ба дунё омад ва ҳамон ҷо низ аз дунё рафт".[88]

35-Ҷамолуддин Аҳмад ибни Алии Ҳусайнӣ, маъруф ба Ибни Аня мутаваффои соли 828-и ҳиҷрӣ Ӯ мегӯяд: "Алии Ҳодӣ мулаққаб ба Аскарӣ буд, ба хотири сокин будан дар Сомирро. Ӯ ду фарзанд дошт. Яке аз он ду Абӯмуҳаммад, Ҳасани Аскарӣ ва дигарӣ Ҷаъфар аст. Ҳасани Аскарӣ дорои Зӯҳд ва илми фаровон буд. Ӯ падари Имом Муҳаммади Маҳдӣ дувоздаҳумин имом назди имомия аст. Назди онҳо касе аст, ки қиём хоҳад кард. Модараш Умми Валад, номаш Нарҷис аст...".[89] Шарҳи ҳоли Ҳусайнӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Таърихнавис ва насабдони ироқӣ соҳиби китоби "Умдатут-толиб фи ансоби оли Абитолиб" ва китобҳои дигар".[90]

36-Нуриддин ибни Саббоғи Моликӣ мутаваффои 855 –и ҳиҷрӣ. Ӯ дар фасли дувоздаҳум аз китобаш мегӯяд: "Абӯлқосим Муҳаммад Ҳуҷҷати Халафи Солеҳ фарзанди Абӯмуҳаммад Ҳасани Холис, имоми дувоздаҳум. Баъд таърихи таваллуд ва далели имомати он ҳазратро зикр кардааст".[91] Шарҳи ҳоли Ибни Саббоғ: Заркалӣ мегӯяд: Алӣ ибни Муҳаммад ибни Аҳмад ибни Саббоғ, фақеҳи мазҳаби моликия таваллуд ва вафоташ дар Макка будааст. Соҳиби китобҳост ва аз он ҷумла китоби "Фусулу-л-муҳимма лимаърифатил аимма".[92]

37-Абӯлвалид Муҳаммад ибни Шаҳнаи ҳанафӣ мутаваффои соли 882-и ҳиҷрӣ

Ӯ мегӯяд: "Худованд ба Ҳасани Аскарӣ фарзанде иноят фармуд, ки интизори ӯро мекашиданд. Ӯ дувоздаҳумин имом назди имомия аст. Номаш Муҳаммад ва алқобаш Маҳдӣ, Қоим ва Ҳуҷҷат аст. Вилодаташ дар соли-255-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтода аст".[93]

Шарҳи ҳоли Ибни Шаҳна: Заркалӣ мегӯяд: "Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад Абӯвалид ибни Шаҳна, қозии ҳанафиҳо дар шаҳри худаш буд".[94]

38-Шайх Нуриддин Абдураҳмони Ҷомии ҳанафӣ мутавоффои соли 898-и ҳиҷрӣ Абдураҳмони Ҷомӣ, ки исми комилаш Мавлоно Нуридин Абдураҳмон ибни Аҳмади Ҷомӣ, аз донишмандони бузург ва нобиғаи донишу адаб дар замони худ будааст. Ишон ҳамчунин орифи комил ва шоири фозиле аст, ки даҳҳо асари баҷоймондаи ӯ, аз он ҳикоят мекунад. Вай бо вуҷуди таассуби зиёде, ки дошт ба мадҳи имомони Аҳли Байт алайҳимус-салом пардохта, ашъореро дар фазоилашон сурудааст. Шоҳиди ин матлаб, қасидаи маъруфи Фараздақ аст, ки дар мадҳи Имоми Саҷҷод алайҳис-салом сароида шуда, Ҷомӣ онро ба шеъри форсӣ тарҷума кардааст. Далели дигаре, ки таваҷҷуҳи Ҷомиро нисбат ба хонадони Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам, нишон медиҳад, метавонад ғазале бошад, ки матлабаш чунин аст:

   Кардам зи дидаи пой сӯи машҳади Ҳусайн,
   Ҳаст ин сафар ба мазҳаби ушшоқ фарзи айн.

Ҳоло, бо таваҷҷуҳ ба мавзӯи баҳсамон, ашъореро аз ин шоири маъруф меоварем, ки мустақиман дар бораи Имоми Замон алайҳис-салом сурудааст: Биё, эй имоми ҳидоятшиор,

                  Ки бигзашт аз ҳад ғами интизор.

Зи рӯи ҳумоюн барафкан ниқоб,

                 Аён соз, рухсори чун офтоб.

Бурун ой, аз манзили ихтифо,[95]

              Намоён кун, асрори меҳру вафо.

Барафроз, аркони Исломро,

              Бияндоз, бунёди асномро.[96]

Ҷаҳон пур шуд аз шеваи зулму ҷавр,

             Зи инсоф дур аст, атвори давр.

Назар кун ба ҳоли мани мустаманд,

             Ки гардам зи алтофи ту сарбаланд.

Бувад ин умедам, ки бошам мудом,

             Мубоҳӣ ба алтофи хоси Имом.

Илоҳо, ба ҳаққи Имоми Замон,

             Ба иззи муҳиббони ин хонадон.

Ки тавфиқ гардон, рафиқи дилам,

             Бирӯён гули марҳамат аз гилам.

Шарҳи ҳоли Ҷомӣ: Умар Каҳола мегӯяд: "Олим ва дорои маҳорат дар улуми ақлӣ ва нақлӣ буд. Аз ҷумлаи китобҳои зиёде, ки навишта "Тафсир Қуръони Карим" "Шарҳи Кофия" ва... мебошад".[97]

39-Фазл ибни Рӯзбаҳон мутаваффои ҳудуди 900-и ҳиҷрӣ ӯ дар саломҳое, ки бар ҳар яке аз имомон аз зуррияи Расули Худо саллаллоҳу алайҳи ва олиҳ дорад ба ин ҷо мерасад: "Салом бар Қоими Мунтазар, Абӯлқосим...".[98] Шарҳи ҳоли ӯ: Умар Каҳола ӯро аз фузалои ашоира хонда ва китоби "Ибтолул ботил"-ро бар зидди шиа навишта ва дар бораи саҳеҳи шашгонаи аҳли суннат мегӯяд: Ҳар ки савганд ёд кунад, ки ҳар чӣ дар ин китобҳо аст саҳеҳ ва аз Расули Худо аст, савгандаш дуруст аст.

40-Алломаи Мир Хонд мутаваффои 903-и ҳиҷрӣ ӯ мегӯяд: Таваллуди Имоми Маҳдӣ, ки ҳам номи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи (ва олиҳ) ва саллам ва ҳам куня бо ӯ аст, дар Сомирро нимаи Шаъбони соли 255 иттифоқ афтод. Ӯ ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт. Худованди Мутаол дар он син ба ӯ ҳикмат дод ҳамон гуна ки ба ҳазрати Яҳё дар кӯдакӣ иноят фармуд ва ӯро имом қарор дод ва ҳазрати Исоро низ ба мақоми набувват баргузид".[99]

41-Аҳмад ибни Ҳаҷари Ҳайтамии шофеӣ мутаваффои соли 909-и ҳиҷрӣ Вай баъд аз шарҳи ҳоли Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом мегӯяд: "Ҳасани Аскарӣ фарзанде ғайр аз Абӯлқосими Ҳуҷҷат аз худ ба ҷой нагузошт. Умри ӯ (Имом Маҳдӣ алайҳис-салом) ба ҳангоми вафоти падараш, панҷ сола буд. Аммо Худованд ба ӯ дар панҷсолагӣ ҳикмат омӯхт. ӯро Қоими Мунтазар меноманд...".[100] Мегӯям: Хонандаи азиз бояд таваҷҷуҳ дошта бошанд, ки Ибни Ҳаҷар ин китобро бар зидди шиа навишта аст, вале бо вуҷуди он ба ин ҳақиқат эътироф карда, ки Имом Замон алайҳис-салом ба дунё омада ва дар қайди ҳаёт ҳастанду ва дар хурдсолӣ Худованд ба он ҳазрат ҳикмат омӯхта аст.

 Шарҳи ҳоли ибни Ҳаҷар: Заркалӣ мегӯяд: Шайхул Ислом, фақеҳи боҳиси Мисрӣ. Ӯ дорои китобҳои фаровон аст ва аз ҷулмаи онҳо "Савоиқу-л-муҳриқа"-ро ном бурдааст.[101]

42-Суютӣ мутаваффои соли 911 дар рисолааш “Эҳёу-л-маййит би фазоили Аҳлул Байт”. Ба дурустӣ, ки Маҳдӣ аз зуррияи Ҳусайн ибни Алӣ мебошад, ки дар охири замон барангехта мешавад. Ва тамоми фарзандони Ҳусайн, ки аз имомон маҳсуб мешаванд аз бузургон ҳастанд. (ва сипас яко яки дувоздаҳ имомро ном мебарад.[102] Шарҳи ҳоли Суютӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Имоми ҳофиз, муаррих, адиб ва соҳиби наздик ба 600 ҷилд китоб".[103]

43-Ғиёсидини Хондамир 942 ҳ.қ ӯ дар бораи Имом Замон алайҳис-салом чунин суруда: Имоми Замон, Маҳдии Мунтазар,

          Ки гуфта Паёмбар зи ҳолаш хабар.

Ҷаҳон равшан аз лумъаи рӯи ӯ,

          Шаби қадри торе зи гесӯи ӯ.

Сиришта ба оби каромат гилаш,

          Муҳити улуми ладунӣ дилаш.

Чу созад ливои хилофат баланд,

         Дарорад сари осиё дар каманд.

Маҳи рояташ солиси моҳи хӯр,

         Зи адлаш шавад, ҷумла офоқ пур.

Чу гардад ба меҳроби дин муқтадо,

         Кунад Ибни Марям ба д-ӯ иқтидо.[104]

44-Шамсидини Муҳаммад ибни Тӯлуни Ҳанафӣ мутаваффои соли 953 ҳиҷрӣ Ӯ дар шарҳи ҳоли имомон мегӯяд: "Дувоздаҳумини онон, фарзанди Муҳаммад ибни Ҳасан Абулқосим аст... вилодаташ дар рӯзи Ҷумъа нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ итифоқ афтод ва ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт..."[105] Шарҳи ҳоли Ибни Тӯлун: Умар Каҳола мегӯяд: "Муҳаммад ибни Алӣ машҳур ба Ибни Тӯлун, димишқӣ Солеҳии ҳанафӣ, муҳаддис, муснад, таърих навис, фақеҳ, наҳвӣ, дар таъбир ва тиб, ва илмҳои дигар низ ворид буд ва соҳиби китобҳои зиёде аст...".[106]

45-Абдул Ҳақ ибни Сафиюдини Деҳлавии ҳанафӣ мутаваффои соли 958-и ҳиҷрӣ ӯ дар китоби "Таҳсилу-л-камол" ва... менависад: Ва Абӯ Муҳаммад Ҳасани Аскарӣ фарзандаш М Ҳ М Д разияллоҳу анҳумо, маълум ва шинохта шуда дар назди асҳоби хоссаш ва касоне, ки мавриди итминонаш буданд, мебошад.[107] Шарҳи ҳоли Абдул Ҳақ: Умар Каҳола мегӯяд: "Абдул Ҳаққи Деҳлавии ҳанафӣ, муҳаддис, суфӣ ва дар баъзе аз илмҳо маҳорат дошта ва соҳиби китобҳои зиёд буда...".[108]

46-Мирзо Муҳаммад ибни Рустами Бадахшии Шофеӣ ӯ дар шарҳи ҳоли Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом мегӯяд: "...ӯ фарзанде ҷуз Муҳаммади Мунтазар аз худ ба ҷой нагузошт.."[109]

47-Шайх Ҳусайн ибни Муҳаммад, Диёри Бакрии Моликӣ мутаваффои соли 966-и ҳиҷрӣ: Ӯ мегӯяд: "Дувоздаҳумини онҳо Муҳаммад ибни Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммад ибни Алии Ризо аст. Куняаш Абӯлқосим ва лақабаш назди имомия: Ҳуҷҷат, Қоим, Мунтазар, Маҳдӣ ва Соҳибуз-замон аст. Ӯ назди имомия дувоздаҳумин имом аст...".[110] Шарҳи ҳоли Бакрӣ: Заркалӣ ва Умар Каҳола мегӯянд: ӯ таърих навис ва фақеҳ буд ва қозии Макка шуд, дар он ҷо низ аз дунё рафт".[111]

48-Ориф Абдулваҳҳоби Шаъронии ҳанафӣ мутаваффои соли 973-и ҳиҷрӣ Вай аз баъзе орифон нақл мекунад: "Дар охири замон умеди хуруҷи Маҳдӣ аст. ӯ аз фарзандони Имом Ҳасани Аскарӣ аст. Таваллуди ӯ нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. ӯ то ба ҳол зинда аст, то ин ки бо ҳазрати Исо бо ҳам ҷамъ шаванд. Умраш то ин замон 706 сол аст. Ба ман Шайх Ҳасани Ироқӣ ин гуна хабар дод".[112] Шарҳи ҳоли Шаъронӣ: Умар Каҳола мегӯяд: "Шаъронӣ, шофеӣ мазҳаб ва фақеҳ, усулӣ, муҳаддис, суфӣ ва дар илмҳои гуногун маҳорат дошт ва соҳиби китобҳои зиёде аст".[113] Шайх Ҳасани Ироқӣ мутаваффои соли 958 мебошад.

49-Алломаи насабдон Саййид Муҳаммад ибни Ҳусайн, Ҳусайнии Самарқандии Маданӣ мутаваффои соли 996-и ҳиҷрӣ Ӯ мегӯяд: "Фарзанди Ҳасани Аскарӣ, Муҳаммади Маҳдӣ аст... ӯ дувоздаҳумин имом аз имомон аст. Дар рӯзи Ҷумъа нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ таваллуд шуд. Куняаш Абӯлқосим ва лақабҳояш: Ҳуҷҷат, Халафи солеҳ, Қоим, Мунтазар ва машҳуртарини онҳо Маҳдӣ аст. Вай ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт".[114] Шарҳи ҳоли Ҳусайнӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Котиб аз оли Ҳусайнӣ аз Мадинаи Мунаввара ва ҳам дар ҳамон ҷо вафот кардааст. Ӯ забонҳои арабӣ, форсӣ, румӣ, ҳиндӣ ва ҳабаширо медонист ва дорои илми ансоб низ буд ва аз ҷумлаи китобҳояш "Тӯҳфатут-толиб" дар бораи насаб буд".[115]

50-Шариф Анас Кутубии Ҳасанӣ Вай дар таълиқи худ бар китоби қаблӣ "Тӯҳфатут-толиб" мегӯяд: "Имом Маҳдӣ (алайҳис-салом) дар кӯдакӣ аз мардум пинҳон шуд. Ин чиз назди шиа ва суннӣ мусаллам аст. Китобҳои таърих ин матлабро собит кардаанд, ки Маҳдӣ (алайҳис-салом) дар кӯдакӣ дохили Сардоб шуд дар ҳоле ки насле надошт. Китобҳои ансоб низ ин чизро собит кардаанд...".[116] Ҳамин нависанда дар китоби "Ал-Усул фи зуррияти бизъатил батул" менависад: Ҳасани Аскарӣ дар аввалҳои хилофати Аҳмад ибни Мутаваккил дар Сомирро бо зар ба шаҳодат расид... ӯ фарзанде ба номи Муҳаммад аз худ ба ҷой гузошт...куняаш Абӯлқосим ва Абӯабдиллоҳ аст ва лақабҳояш: Ҳуҷҷат, Халафи солиҳ, Қоим, Мунтазар, Толӣ ва Соҳибуз-замон ва машҳуртарини онҳо Маҳдӣ аст...ӯ ба ҳангоми вафоти падараш панҷсола буд".[117]

51-Мулло Алии Қории ҳанафии маккӣ мутавоффои соли 1014-и ҳиҷрӣ Вай дар шарҳи ҳадиси дувоздаҳ халифа мегӯяд: "Шиаи дувоздаҳ имомӣ онҳоро бар Аҳли Байти набувват ба таври паё-пай мунтабиқ мекунанд, ки аввалашон Алӣ ва охирашон Муҳаммади Маҳдӣ аст (яко яки имомонро ном бурда) ва баъд мегӯяд: "Соҳиби "Зубдатул-авлиё" Хоҷа Муҳаммад Порсо дар китоби "Фаслул-хитоб" инҳоро муфассал зикр карда ва баъд аз ӯ сарварамон Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ дар охири китоби "Шавоҳидун-набувва" фазоил ва каромоти онҳоро зикр карда, ки дар ин кораш рад аст бар рофизиҳо, чун онҳо гумон мекунанд, ки аҳли суннат имомони Аҳли Байтро душман медоранд".[118] Шарҳи ҳоли Қорӣ: Заркалӣ ва Умар Каҳола мегӯянд: “Фақеҳи ҳанафӣ аз судур илм дар замонаш ва олими мушорик дар илмҳои гуногун буд.[119]

52-Аҳмад ибни Юсуф, Абул Аббоси Қирмонии ҳанафӣ, мутаваффои соли 1019-и ҳиҷрӣ: Ӯ мегӯяд: "Муҳаммади Ҳуҷҷат, Халафи солеҳ, умраш ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сола буд. Худованд дар он син ба ӯ ҳикмат омӯхт, ҳамон гуна ки дар кӯдакӣ ба ҳазрати Яҳё алайҳис-салом омӯхт... уламо иттифоқ доранд бар ин ки Маҳдӣ ҳамон қиёмкунанда дар охири замон аст".[120] Шарҳи ҳоли Абул Аббос: Заркалӣ мегӯяд: "Муаррих, ҳуснул муҳозира. Мутаваллӣ ба умури вақфи ҳарамайн буд. Ва ӯ Таърихи маъруфе дорад ба номи "Ахбор-уд-дувал ва осорул аввал" ва...[121]


53-Ибни Аммоди Димишқии ҳанбалӣ мутаваффои соли 1089-и ҳиҷрӣ Ӯ дар бораи ҳаводиси соли 260-и ҳиҷрӣ мегӯяд: "Дар он сол Ҳасан ибни Алӣ ибни Муҳаммади Ҷавод ибни Алии Ризо ибни Мӯсои Козим ибни Ҷаъфари Содиқи Алавии Ҳусайнӣ, яке аз имомони дувоздаҳгона ба эътиқоди рофиза аз дунё рафт. ӯ падари Муҳаммади Мунтазар соҳиби сардоб аст".[122] Шарҳи ҳоли Ибни Аммод: Заркалӣ мегӯяд: "Абдул Ҳай ибни Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Аммоди ҳанбалӣ, муаррих, фақеҳ, олим ба адаб аст. Ва ӯ соҳиби китоби "Шазарот-уз-заҳаб фи ахбори ман заҳаб" ва китобҳои дигар мебошад".[123]

54-Муҳаммад ибни Абдуррасули Барзанҷии шофеӣ мутаваффои соли 1103-и ҳиҷрӣ Вай муътақид аст, ки Имом Ҳасани Аскарӣ алайҳис-салом фарзанде ба номи Муҳаммад дошта, вале ба ғайбат кардани он ҳазрат ва заҳури ишон ишқол мекунад, ки он аз рӯи таассуб аст.[124] Шарҳи ҳоли Барзанҷӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Барзанҷӣ шахси фозил, олим ба тафсир ва адаб ва аз фуқаҳои шофеӣ мазҳаб буда".[125]

55-Шайх Абдуллоҳ ибни Муҳаммади Шабровии Мисрии шофеӣ мутаваффои соли 1171-и ҳиҷрӣ

Ӯ мегӯяд: Дувоздаҳумин аз имомон, Абӯлқосим Муҳаммади Ҳуҷҷат аст. Баъзе ӯро ҳамон Маҳдии Мунтазар медонанд. Таваллуди Муҳаммади Ҳуҷҷат фарзанди Ҳасани Аскарӣ разияллоҳу анҳу дар Сомирро нимаи Шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ панҷ сол пеш аз вафоти падараш рӯх дод. Падараш ба далели тарс аз халифаҳо ӯро аз мардум пинҳон нигаҳ дошт. Ӯ мулаққаб ба Маҳдӣ, Қоим, Мунтазар, Халафи солеҳ ва Соҳибуз-замон аст. Шиа мегӯяд: ҳадисҳои саҳеҳ далолат дорад бар ин ки ӯ дар охири замон зуҳур хоҳад кард...".[126]

Шарҳи ҳоли Шабровӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Шабровӣ аз фақеҳони Миср ва устодони "Ал-Азҳар" буд. Соҳиби китобҳои фаровон аз ҷумла "Ал-Иттиҳоф биҳубби ашроф" аст.[127]

56-Шайх Муҳаммад ибни Алии Саббони шофеӣ мутаваффои соли 1206-и ҳиҷрӣ Вай вилодати ҳазрати Ҳуҷҷат алайҳис-салом-ро аз Шаъронӣ ва Мӯҳйидини Арабӣ нақл мекунад ва бар он ишқоле намегирад, ки ин далел бар қабул доштани он назария аст.[128] Шарҳи ҳоли Саббон: Заркалӣ мегӯяд: "Олим ба арабӣ ва адаб буд, ва сипас китобҳои ӯро ном бурда.[129] Умар Каҳола мегӯяд: "ӯ аз мазҳабӣ шофеӣ ва ҳанафӣ буда, олим, адиб ва дар наҳв, луғат, уруз, ҳадис ва истилоҳот ва... маҳорат дошт ва аз ҷумла китобҳоят "Асъофур-роғибин аст".[130]


57-Муҳаммад Амини Бағдодӣ маъруф ба Сувайдӣ мутаваффои 1246-и ҳиҷрӣ

   Ӯ ки аз мутахассисон дар ансоб (насаб шиносӣ) аст мегӯяд: "Муҳаммади Маҳдӣ умраш ҳангоми вафоти падараш панҷ сол буд... шиа ӯро ҳамон соҳиби шамшере медонад, ки қабл аз барпоии қиёмат қиём хоҳад кард. Ӯро ду ғайбат аст, ки яке аз он ду аз дигарӣ тӯлонитар аст".[131]

Шарҳи ҳоли Сувайдӣ: Заркалӣ мегӯяд: Муҳаммад Амин ибни Алии Сувайдӣ, аз олимони Ироқ буд ва аз ҷумлаи китобҳояш: "Сабоик-уз-заҳаб фи маърифати ансобил араб" мебошад.[132]

58-Шайх Сулаймони Қундузии ҳанафӣ мутавоффои соли 1294-и ҳиҷрӣ "Хабари маълум ва таҳқиқ шуда назди афроди муътабар он аст, ки вилодати Қоим дар шаби нимаи моҳи шаъбони соли-255-и ҳиҷрӣ дар шаҳри Сомирро итифоқ афтода аст..."[133] Умар Каҳола Қундузиро аз суфия хондааст.[134]

59-Муъмин ибни Ҳасани Шабланҷии шофеӣ мутаваффои соли 1298. Ӯ мегӯяд: "Вафоти Абӯмуҳаммад Ҳасан ибни Алӣ дар рӯзи ҷумъа ҳаштуми Рабиъу-л-аввали соли 260-и ҳиҷрӣ иттифоқ афтод. Ӯ фарзанде ба ҷой гузошт, ки номаш Муҳаммад аст. Модараш Умму валад ва Нарҷис ном дошт. Куняаш Абӯлқосим ва лақабҳояш назди имомия: Ҳуҷҷат, Маҳдӣ, Хулафи солеҳ, Қоим, Мунтазар ва Соҳибуз-замон аст ва машҳуртарини онҳо Маҳдӣ аст...".[135] Шарҳи ҳоли Шабланҷӣ: Заркалӣ мегӯяд: "Фозил аз аҳли Шабланҷ ва дар мадрасаи "Ал-Азҳар"-и Миср таҳсил кардааст.[136]

60-Абӯл Баракот Нӯъмон ибни Маҳмуди Олусии ҳанафӣ мутаваффои соли 1317-и ҳиҷрӣ Ӯ мегӯяд: "Машҳуртарин мазоҳиби исломӣ, мазҳаби имомия аст, ки мегӯяд: Маҳдӣ ҳамон Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ ибни Алии Ҳодӣ... аст, ки назди имомия маъруф ба Ҳуҷҷат, Мунтазар ва Қоим аст...".[137] Шарҳи ҳоли Олусӣ: "Воиз, фақеҳ аз олимтарини хонадони Олусия дар ироқ мебошад".[138]

61-Аллома Муҳаммад Фариди Ваҷдӣ мутаваффои соли 1321-и ҳиҷрӣ ӯ мегӯяд: Абӯлқосими Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарӣ фарзанди Алии Ҳодӣ... бино бар эътиқоди имомия, дувоздаҳумин имом аз имомон ва маъруф ба ҳуҷҷат аст. Шиа муътақид аст, ки ӯ дохили сардоби падараш шуда ва ҳануз хориҷ нашудааст..."[139] Шарҳи ҳолаш дар ҷ.5.саҳ.145-и "Ал-Аълом"-и Заркалӣ омадааст.


62-Қозӣ Беҳлул Баҳҷати Афандӣ мутаваффои соли 1350-и ҳиҷрӣ Ӯ мегӯяд: "Вилодати Имоми дувоздаҳум понздаҳуми моҳи шаъбони соли 255-и ҳиҷрӣ буда. Исми модараш Нарҷис аст. Барои ӯ ду ғайбат аст. Яке суғро ва дигарӣ кубро. Ҳаргоҳ ки Худованд ба ӯ иҷоза диҳад зуҳур мекунад ва он гоҳ заминро пур аз адлу дод хоҳад кард..."[140] Шарҳи ҳол: Умар Каҳола мегӯяд: "Ӯ қозии Базанказур буд".[141]

63-Аҳмад Амини Мисрӣ мутаваффои 1373-и ҳиҷрӣ Ӯ низ бо эътиқод ба вилодати ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом фарзанди Имоми Аскарӣ алайхис-салом ва ин ки шиа муътақид ба имомати ӯ ба унвони дувоздаҳумин имом аст, танҳо дар имомати он бузургвор ишқол мегирад, вале таваллуди он ҳазратро қабул мекунад.[142] Шарҳи ҳоли Аҳмад Амин: Заркалӣ мегӯяд: Устоди Ал-Азҳар ва қозӣ низ буд ва...[143]

64-Хайридини Заркалӣ мутаваффои соли 1410 Заркалӣ мегӯяд: "Муҳаммад ибни Ҳасани Аскарии Холис ибни Алии Ҳодӣ Абул Қосим, охирин имоми дувоздаҳгона назди имомия. Ва ӯ назди онҳо (шиа) маъруф ба Маҳдӣ, Соҳибаз-замон, Мунтазар, Ҳуҷҷат ва соҳиби Сардоб аст. Дар Сомирро таваллуд шуд ва ба ҳангоми вафоти падараш панҷ сол дошт ва вақте ба 9 ё 10 ё 19 солагӣ расид дар хонаи падараш дохили сардоб шуд ва дигар аз он берун наомад. Ибни Халлакон гуфта, ки: Шиа дар охири замон мунтазири омадани ӯ аз сардоб мешаванд.[144] Заркалӣ аз уламои асри ҳозир буда ва баъзеҳо ӯро ваҳҳобӣ донистаанд. Ва бинобар таҳқиқе, ки муҳаққиқон анҷом додаанд 129 нафар аз олимони аҳли суннат ба таваллуд шудани Имоми Замон алайҳис-салом ишора кардаанд, ки асомии хеле аз онҳо низ дар назди мо ҳозир буд, вале ҳамин миқдор барои соҳиби инсоф ва ҷӯяндагони роҳи ҳақ кифоят мекунад. Ва аз ин назарот, ки хеле аз инҳо бинобар ахбор ва қабули худашон аз насабдонони бузурги аҳли суннат мебошанд мебинем, ки чӣ гуна баъзе аз инҳо ба иттифоқи таърихнависон ва насабдонон бар таваллуди Имоми Замон ҳазрати Маҳдӣ алайҳис-салом таъкид карда ва аз иттифоқи онҳо хабар додаанд. Пас аз ин назарияҳо ва ахбори онҳо, ҳақиқати он чӣ дар муқаддима гуфта шуд, миқдоре равшантар мешавад. Баъд аз ин ҳама таъкиди уламо ва таърихнависону насабдонони бузурги худи аҳли суннат, ки худи бузургонашон ба ҷалолату бузургии онҳо эътироф кардаанд, пас чӣ шуда, ки аҳли суннат аз ин ҳақоиқ рӯ баргардондаанд. Магар миллати Ислом роҳи рушду маърифат ва тақарруби ба Худои Мутаолро тавониста аз ғайри хонадони Расули гиромии Ислом саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам бигирад ва ғайри онҳоро ориф аз онҳо биёбад, ки ин гуна аз Имоми Замонашон рӯй бартофтаанд! Аз Имоми Замоне, ки бо равшанӣ аҳодиси саҳеҳи худи мактаби аҳли суннат фарёд мезанад, ки ҳар кӣ ӯро нашносад ва байъат дар гардан бар ӯ надошта бошад, гумроҳ ва ба монанди мардуми замони ҷаҳолият аз дунё хоҳад рафт! Пас агар мо пайрави ҳаво набошем ва аз Ислом ободии дунёи худамонро нахоҳем, чаро аз ин ҳақиқати бузург, ки Ислом моро ба он водошта аст, рӯй гардондаем. Куҷо меравем, магар ин олимнамоҳои дур аз ҳақиқат, ки мо бо фиреби онҳо ба ин ҳақоиқ пушт кардаем, метавонанд фардо дар рӯзи танҳоӣ ва ваҳшатноки мо ба ёрии мо биштобанд ва ё безории худро дар қиёмат пеш аз ҳама эълон хоҳанд кард ва аз мо хоҳанд гурехт...!? Пас акнун ба баъзе аз ривоёте, ки дар бораи Имоми Замон алайҳис-салом ва таваллуди он ҳазрат аз тарафи Расули гиромии Ислом ва Аҳли Байти гиромашон салавотуллоҳи алайҳим расида аст, низ ишорае хоҳем кард, то ҳақиқати ин матлаб боз ҳам равшантар ва яқиниву қатъӣ будани он барои мо равшан гардад.


[1]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.14.саҳ.507.р.284. [2]-"Ан-Нузҳа"-и Шоҳ Соҳиб. [3] -"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.16.саҳ.36.р.22. [4] -"Ал-Ансоб"-и Самаонӣ ҷ.1.саҳ.423. [5] -"Муруҷ-уз-заҳаб"-и Масъудӣ ҷ.4.саҳ.112. [6] -"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.15.саҳ.569.р.343. [7]-“Нуҷум-уз-зоҳира” ҷ.3.саҳ.315-316.

[8]-"Арбаин"-и Ибни Абӯлфаворис ҳадиси чаҳорум. [9]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.17.саҳ.223.р.133. [10]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.17.саҳ.353.р.305. [11]-"Шеъбу-л-имон"-и Байҳақӣ. [12]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.18.саҳ.163.р.86. [13]-Ҳайдар-лақаби Амиралмуъминин Алӣ ибни Абитолиб алайҳис-салом аст. [14]-Калб-саг. [15]-Наълайн-кафшҳо. [16]-Обидин-дар асл "Зайнуллбидин" буда, лақаби Имом Алӣ ибни Ҳусайн алайҳис-салом мебошад. [17]-Боқир-лақаби Имом Муҳаммад ибни Алӣ алайҳис-салом. [18]-Ҷаъфар-ишора ба Имоми Содиқ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад алайҳис-салом. [19]-Мӯсо-ишора ба Имом Мӯсои Козим алайҳис-салом. [20]-Султони Хуросон-ишора ба Алӣ ибни Мӯсо Имом Ризо алайҳис-салом. [21]-Тақӣ-лақаби Имом Муҳаммад ибни Алӣ алайҳис-салом. [22]-Нақӣ-лақаби Имом Алӣ ибни Муҳаммад алайҳис-салом. [23]-Аскарӣ-лақаби Имом Ҳасан ибни Алӣ алайҳис-салом. [24]-Ло-фато яъне ҷавоне ҳамоманди ӯ нест. [25]-"Янобеъу-л-мавадда"-и Қундузии Ҳанафӣ ҷ.3.саҳ.350. "Нафаҳоту-л-унс" саҳ.357. [26]-"Мӯъҷаму-л-муаллифин"-и Умар Каҳола ҷ.1.саҳ.198. [27] -Ал-Ансоб"-и Самаонӣ ҷ.2.саҳ.13, дар ҳошия. [28] -Ал-Милал ван-наҳал"-и Шаҳристонӣ ҷ.1.саҳ.198-199. [29] -Сияру аълом-ун-нубало ҷ.20.саҳ.253.р.194. [30]-"Ансоб"-и Самаонӣ ҷ.1.саҳ.85. [31]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.22.саҳ.107.р.77. [32]-”Таъриху маволиди аима ва вафаётиҳим”-и Ибни Хашшоб сафҳаи 44-45-46.. [33]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.20.саҳ.523.р.337. "Мухтасари Таърихи Ибни Дабисӣ"-и Заҳабӣ саҳ.209.р.756. [34]-"Мухтасари таърихи Ибни Дабисӣ"-и Заҳабӣ саҳ.349.р.1341. [35]-“Вафаёту-л-аъён»-и Ибни Халлакон ҷ.4.саҳ.176.

[36]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.1.саҳ.273. [37] -"Шаҷаратул муборака фи ансоби толибия"-и Фахр Розӣ саҳ.78-79. [38]-"Ал-Аълом" ҷ.6.саҳ.313. [39]-Сияру аълом-ун-нубало ҷ.21.с.500.р.261. [40]-"Мӯъҷаму-л-булдон"-и Ҳамавӣ ҷ.4.саҳ.123. [41]-Муҳаққиқи китоби Заҳабӣ мегӯяд: Ҳамавӣ сахт аз Амиралмӯминин Алӣ ибни Абитолиб разияллоҳу анҳу мунҳариф буд ва Заҳабӣ ба ҳамин матлаб ишора мекунад. [42]-Сияру аълом-ун-нубало»-и Заҳабӣ ҷ.22.с.312.р.188. [43] -Ал-Аълом ҷ.8.саҳ.131. [44] -Шавоҳидун-набавӣ, с 404-408. [45] -Янобиъу-л-мавадда, ҷ 3, с 350-351. [46] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.8.саҳ.209. [47] -"Ал-Комил фит-таърих"-и Ибни Асир ҷ.4.саҳ.454. [48]-"Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.22.саҳ.353.р.220. [49] -"Футуҳоту-л-Маккия"-и Ибни Арабӣ боби 366. [50] -"Ал-Аълом"-и Хайруддини Заркалӣ ҷ.6.саҳ.281. [51]-“Сияру аълом-ун-нубало”-и Заҳабӣ ҷ.23.с.48.р.34. [52] -Матолиб-ус-суӯл фи маноқиби Оли Расул ҷ.2.саҳ.152-153. [53] -Сияру аълом-ун-нубало"-и Заҳабӣ ҷ.23.саҳ.295.р.199. [54] -Мӯъҷамул муаллифин ҷ.10.саҳ.104. [55] -Талбиси иблис, с 118. [56] -Ал-баён фил ахбори соҳибил-замон, с.148. [57] -"Кифоят-ут-толиб"-и Ганҷӣ саҳ.312. [58] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.7.саҳ.150. [59] -"Мӯъҷаму-л-муаллифин" ҷ.12.саҳ.134. [60]-Шуббар ва Шуббайр-номи дигари Имом Ҳасан ва Имом Ҳусайн, ки ба забони ҳибрӣ ва ҳамноми Шуббар ва Шуббайр фарзандони Ҳазрати Ҳорун алайҳис-салом буда, ки ба арабӣ Ҳасан ва Ҳусайн мешавад. [61]-"Янобиъу-л-мавадда"-и Қундузии Ҳанафӣ ҷ.3.саҳ.532. [62] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.7.саҳ.30. [63] -"Янобеъу-л-мавадда" ҷ.3.саҳ.340-341. [64]-Ал-Аълом ҷ.9.саҳ.43. [65]-"Вафаёту-л-аъён"-и Ибни Халлакон ҷ.4.саҳ.176. ва ҷ.1.саҳ.372. [66]-“Ал-Аълом”-и Заркалӣ ҷ.1.с.220. [67]-"Фароид-ус-симтайн"-и Ҳамӯянӣ ҷ.2.саҳ.132. [68]-"Тазкиратул ҳуффоз»-и Заҳабӣ ҷ.4.саҳ.1505.р.24. Заҳабӣ дар китобҳои Мӯъҷам-уш-шюхи Заҳабӣ” ва “Мӯъҷаму-л-мухтас”-аш низ Ҳамӯниро сутуда аст. [69]-Ал-Мухтасар фи ахборил-башар, маъруф ба таърихи Абӯлфидо, ҷ 1, с 361. [70] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.2.саҳ.282. [71] -Маросидил-итилоъ, ҷ 2, с 685. [72] -"Ал-Аълом"-и Заркалҷ ҷ.4.саҳ.170. [73] -Меъроҷу-л-вусул ило маърифати фазл олир-Расул. [74] -Ал-Аълом ҷ.7.саҳ.152. [75] -Татимматул-мухтасар фил ахборил-башар, маъруф ба Таърихи Ибни Вардӣ, ҷ 1, с 319. Нуру-л-абсор»-и Шабланҷӣ саҳ.186. [76] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.8.саҳ.3. [77] -Янобеъу-л-мавадда ҷ.3.саҳ.347. [78]-"Ал-Вофӣ бил-вафиёт"-и Сафадӣ ҷ.2.саҳ.336. [79]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.2.саҳ.315. [80]-"Ал-Ибар фи хабари ман ғабар"-и Заҳабӣ ҷ.1.саҳ.381. [81]-"Таърихи Ислом"-и Заҳабӣ вафаёти 251-260 дар шарҳи ҳоли Имоми Аскарӣ падари Имоми Замон алайҳимо салом. [82]-Ал-аълом"-и Заркалӣ ҷ.4.саҳ.294. [83] -Таърихи ибни Халдун, ҷ 3, с 361. [84] -Ниҳоятул араб, с 118.. 6-Муъаҷамул-булдон, ҷ 3, с 173.. [85] -Ал-Аълом ҷ.1.саҳ.177. [86] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.1.саҳ.317. [87] -Янобиъу-л-мавадда, ҷ.3.саҳ.171 ва 304 (ба нақл аз "Фаслу-л-хитоб"-и Хоҷа Порсо). [88] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.11.саҳ.300. [89] -"Умдатут-толиб фи ансоби оли Абитолиб" саҳ. 199. [90] -Ал-аълом ҷ.1.саҳ.177. [91] -"Фусулу-л-муҳимма"-и Ибни Саббоғ саҳ.273. [92] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.5.саҳ.8. [93] -Равзатим-манозир дар ҳошияи маруҷ-уз-заҳаб ҷ.1.с.294. [94] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.1.саҳ.230. [95]-Яъне аз ғайбату пинҳонӣ. [96] -Асном-бутҳо. [97] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.5.саҳ.122. [98] -Далоилу-л-сидқ,ҷ 2, с 370. [99]-"Равзатус-сафо ҷ.3.саҳ.59. [100]-"Савоиқу-л-муҳриқа"-и Ибни Ҳаҷар саҳ.208. [101]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.1.саҳ.234. [102]-"Эҳёу-л-маййит би фазоили Аҳлул Байт” [103]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.3.саҳ.301. [104]-"Ҳабиб-ус-сайр"-и Хондамир ҷ.2.саҳ.100-113. [105]-Ал-шазротил-заҳбия с 117, ва 118. [106] "Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.11.саҳ.51. [107]-"Маноқиб ва аҳволи аиммаи атҳор" саҳ.106. [108]-"Мӯъҷаму-л-муаллифин" ҷ.5.саҳ.91. [109] -Муфтоҳун-наҷо фил-маноқиби олил-Аббос саҳ.314. [110] -"Таърихи хамис"-и Доёри Бакрӣ ҷ.2.саҳ.288-321. [111] -Ал-Аълом ҷ.2.саҳ.256. [112] -"Ал-Явоқит вал-ҷавоҳир"-и Шеъронӣ ҷ.2.саҳ.127. [113] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.6.саҳ.218. [114]-"Тӯҳфатут-толиб бимаърифати ман янтасабу ило Абдиллоҳ ва Абитолиб саҳ.54-55. [115] -"Аълом"-и Заркалӣ ҷ.6.саҳ.102. [116] -Тӯҳфатут-толиб саҳ.55. [117] -"Ал-Усул фи зурриятил бизъатил батул" саҳ.98-99. [118] -Мирқоту-л-мафотеҳ саҳ.179. Ал-Мирқот фи шарҳи мишкот, ҷ.10.с336-337. [119]-Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.7.с.100. Ал-Аълом ҷ.5.с.12. [120]-"Ахбор-уд-дувал ва осорул аввал" ҷ.1.саҳ.353. [121] -Ал-Аълом ҷ.1.саҳ.275. [122] -"Шазарот-уз-заҳаб фи ахбори ман заҳаб" ҷ.3.саҳ.265. [123] -Ал-Аълом ҷ.3.саҳ.290. [124] -"Ал-Ишоа лиашротис-соа"-и Барзанҷӣ саҳ.149. [125] -Ал-Аълом ҷ.6.саҳ.204. [126] -“Ал-Иттиҳоф биҳубби ашроф"-и Шебровӣ боби 5 саҳ.179-180. [127] -Ал-Аълом ҷ.4.саҳ.30. [128] -Асъофур-роғибин дар ҳошияс Нурул-абсор с.154. [129] -"Ал-Аълом" ҷ.6.саҳ.297. [130] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.11.саҳ.17. [131] -Сабоик-уз-заҳаб фи маърифати ансобил араб саҳ.78. [132] -"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.6.саҳ.42. [133] -Янобиъу-л-мавадда, ҷ.3.с.306. [134] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.4.саҳ.252. [135] -"Нуру-л-абсор"-и Шабланҷӣ саҳ.341-342. [136]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.7.саҳ.334. [137] -"Ғолиятул воиз ҷ.1.саҳ.78. [138]-"Ал-Аълом"-и Заркалӣ ҷ.8.саҳ.42. [139] -Доиратул-маориф, ҷ 6, с 439. 2-Ал-маҳокима фил таърихи оли Муҳаммад саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи, с 246. [141] -Мӯъҷаму-л-муаллифин ҷ.9.саҳ.122. [142] -Зуҳол-Ислом, ҷ 3, с 210-212.