Зардушт Баҳроми Пажду
Зардушт Баҳроми Пажду (форсӣ: زرتشت بهرام پژدو; қарни XIII) — шоир ва тарҷумони зардуштии форс-тоҷик, писари Баҳроми Пажду, мутарҷими «Ардавирофнома» ба форсӣ ва муаллифи «Заротиштнома».
Зодгоҳ | |
---|---|
Кишвар |
Зиндагинома
вироишПажду Зардушт ибни Баҳром дар оилаи пайравони зардуштия ба дунё омада, худ низ яке аз рӯҳониёни дини мазкур буд. Аз ҳусни таваҷҷӯҳи Пажду ба дину оини бостони Эрон осори боқимондаи ӯ гувоҳӣ медиҳанд.
Яке аз таълифоти машҳури Пажду «Зардуштнома» мебошад, ки дар асоси қиссаву ривоятҳои авестоӣ ва паҳлавӣ оид ба Зардушт таълиф гардидааст. Пажду асари дигари паҳлавӣ — «Ардавирофнома»-ро низ ба риштаи назм кашидааст. Назми Пажду аз ҷиҳати бадеият чандон баланд набошад ҳам дар ҳифз ва интишори киссаву ривоятҳои Эронӣ бостон хидмати арзандае кардааст.
Эзоҳ
вироишАдабиёт
вироиш- Пажду Зардушт ибни Баҳром // Плешко — Сақил. — Д. : СИЭСТ, 1986. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 6).