Зардчӯба, зарчӯба, ҷадвор (лот. Cúrcuma lónga) — як навъ гиёҳи бисёрсола аз ҷинси куркумаи (Curcuma) оилаи занҷабилиҳо (Zingiberaceae).
Зардчӯба |
---|
Баргҳо ва гули зардчӯба. |
|
Curcuma longa typus L., 1753 |
|
|
Дар Осиёи тропикӣ, Африқо ва шимоли Австралия паҳн гаштааст.
Аксари навъҳои зардчӯбаро чун рустаниҳои ғизоӣ ва доруӣ парвариш карда, аз решаи хушбӯи онҳо хуришҳо тайёр мекунанд. Моддаи зарди аз он ҳосилшударо барои ранг кардани абрешим, мӯина, пахта, равған, панир ва ғайра истифода мебаранд. Зардчӯбаро аз сабаби таъму бӯи хуш доштанаш ба таом меандозанд, дар тиббу атторӣ истифода мебаранд.
Ба ақидаи табибони халқӣ зардчӯбаро андак бирён карда нимгарм бихоянд, дарди дандонро таскин медиҳад. Агар онро чун гард маҳин ос карда, монанди сурма ба чашм кашанд, гули тунуки онро, ки пайдо шуда бошад, дафъ мекунад, чашмро қавӣ мегардонад. Оби онро дар офтоб қиём кунанд (яъне ғафс гардонанд) онро усораи зардчӯба меноманд. Усораи онро ба чашм кашанд, рӯшноии чашмро меафзояд, гули дар он афтодаро бартараф мекунад. Кӯфтаи зардчӯбаро бипошанд, решҳоро хушк ва дарду варами онҳоро дафъ менамояд. Агар зардчӯбаро дар оташ тафсонида, бо он гармбандӣ кунанд, дардҳои гуногунро сокин мекунад, варами ҷои хун гирифтаро таҳлил медиҳад. Оби гули онро бимоланд, доғи кунҷидак ва доғи сафеди пӯстро дафъ мекунад. Зардчӯбаро ба дарун бо камоли эҳтиёт ва дар ҳадди меъёр истеъмол бояд кард, зеро барои дил хело зарарнок аст.